ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ НИЁЗ БА ТАКМИЛ ДОРАД

Таҳсилоти иловагӣ ҷузъи таркибии низоми таҳсилот ба шумор рафта, ба рушду инкишоф ва такмили малакаю маҳорат, қобилияту истеъдод ва тафаккури зеҳнию эҷодии таълимгирандагон нигаронида шудааст. Аз омӯзишу мушоҳидаҳо маълум гардид, ки ба чунин низоми таҳсил аз ҷониби қисме аз раёсату шуъбаҳои маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намегардад.

Таҳсилоти  иловагӣ  ҳанӯз  дар нахустин  санади  асосию  меъёрии  соҳаи  маориф  –  «Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи маориф» аз 27 декабри соли 1993, ки ба он солҳои 1995, 1996 ва  1997  тағйиру  иловаҳо ворид шудааст, дар шакли «Тарбия ва таълими  беруназмактабӣ»  (моддаи 13) ҳамчун сохтори муайяни низоми  маориф  зикр  шудааст. Дар ҳамин асос бо фармоиши вазири вақти маориф аз соли 1996 дар заминаи «Маркази техникони ҷавон» Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои  таҳсилоти  иловагӣ таъсис дода шуд.

Қобили  зикр  аст,  ки  Консепсияи  миллии  маълумот  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  соли 2002  вазифаи  таҳсилоти  иловагиро  аз  тақвият  бахшидани  таҳсилоти  базавӣ,  мутобиқ сохтани  шахc  ба  муҳити  нави иҷтимоӣ,  маънаван  ва  ҷисман дастгирӣ намудани ӯ дар шароити нави муносибатҳои истеҳсолӣ, самаранок ва ба манфиати шахc, ҷомеа  ва  давлат  гузаронидани вақти холии шаҳрвандон, густариши  илму  фан  ва  истеҳсолот муайян намудааст.

Тавре ишора шуд, фаъолияти муассисаҳои  таҳсилоти  иловагӣ бояд  дар  доираи  талаботи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  таҳсилоти  иловагӣ» ва  Низомномаи  намунавии муассисаҳои  таҳсилоти  иловагӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба роҳ  монда  шавад.  Самти  низоми  таҳсил  дар  муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд аз низоми асосии таълим — муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ  фарқ  дошта бошад. Ин фарқият, пеш аз ҳама, дар барномаҳои таълимии самти таҳсилоти  иловагӣ ва  нақшаҳои он бо такя ба адабиёти иловагии омӯзиши  мавзуву масъалаҳо,  ки дар шакли маҷмуи масъалаҳо ва ҳалли мисолҳову дастуру маводи иловагии таълимию омӯзишӣ ва тавсиявӣ  мавҷуданд,  инчунин, бо истифода аз шаклу воситаҳои муосири  таълиму  тарбия,  бояд амалӣ  гардонида  шаванд.  Аз рӯи  мушоҳидаҳо дар  фаъолияти маҳфилҳои назди марказҳои таҳсилоти  иловагӣ  барномаҳои таълимии аксар маҳфилҳо дар заминаи барномаҳои зинаҳои асосии  таълимӣ  таҳия  шуда,  қисме аз онҳо ҳатто ба мавзуъҳои самти фаъолияти маҳфилҳо мутобиқат надоранд.  Ҳолатҳое  вуҷуд  доранд,  ки  қисме  аз  маҳфилҳо барномаҳои таълимӣ надоранд.

Бо  вуҷуди  ирсоли  мактубҳои расмии  вазири  маориф  ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи андешидани  чораҳо  “Оид  ба таъмин  намудани  муассисаҳои таҳсилоти  иловагӣ бо бинои алоҳида, додани мустақилияти молиявӣ ва баргардонидани воҳидҳои кории марказҳо, ки ба дигар  сохторҳои  соҳаи  маориф дода шудаанд”, то ба ҳол қисме аз муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо мустақилияти идоравӣ ва молиявӣ надошта, барои  ҳамаи  марказҳои  таҳсилоти иловагӣ  шароити  мусоиди  корӣ фароҳам  оварда  нашудааст. Аз 84 маркази таҳсилоти иловагии дар ҷумҳурӣ  фаъолиятдошта, то  ҳол  31  маркази  таҳсилоти иловагӣ  бо  бинои  алоҳидаи корӣ таъмин набуда, 11 маркази таҳсилоти иловагӣ мустақилияти молиявӣ надорад.

Ҳарчанд аз қабули Қонун «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» зиёда аз 10 сол ва аз қабули Низомномаи намунавии он 5 сол гузашта бошад  ҳам,  низоми  таҳсилоти иловагӣ то ба имрӯз мувофиқи муқаррароти  санадҳои  меъёрии зикршуда  ва  талаботи  замони имрӯза  фаъолият  надоранд.  Чунин эродро бо он асоснок кардан мумкин  аст,  ки  на  ҳамаи  онҳо фарогирандаи мазмуну мақсад ва моҳияти моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар  бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ва  Низомномаи  намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд. Дар қисме  аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  марказҳои  таҳсилоти иловагӣ  бо  номи “Маркази эҷодии  кӯдакону  наврасон”  ва ё  ”Маркази  санъат  ва  эҷодии кӯдакон ба номи Парии Ҳисорӣ” (дар шаҳри Ҳисор) амал  мекунанд, ки аз нигоҳи муқаррароти қонун ва мантиқ хилофи талаботи  санадҳои  меъёрии  танзимкунандаи самти таҳсилоти иловагӣ мебошанд.  Ҳол он ки  номгузории “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон” фарогири яке аз шакл ва самти  фаъолияти  марказҳои таҳсилоти иловагӣ аст.

Сиёсати  давлатӣ дар  соҳаи таҳсилоти  иловагӣ  ба  он  водор мекунад,  ки  таълимгирандагон  бояд  берун  аз  барномаҳои асосии  таълимӣ  дар  доираи стандартҳои давлатии таҳсилоти иловагӣ  ва  ё  барномаҳои  хоси таълимии  таҳсилоти  иловагӣ фаро гирифта шаванд. Ба иллати он ки ба чунин низоми таҳсилот Стандарти  давлатии  таҳсилот таҳия ва қабул нашудааст. (банди  2-юми  моддаи  8-и  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  маориф»  таъкид  менамояд,  ки  «Барномаҳои  таълимӣ барои  ҳамаи  зинаҳои  таҳсилот мутобиқи  стандартҳои  давлатии  таҳсилот  таҳия  мегарданд», Низоми  таҳсилоти  иловагӣ  бо дарназардошти  махсусиятҳо  ва нақшаву барномаҳои хоси раванди  таҳсилоти  иловагӣ  бояд  дар доираи  талаботи  стандартҳои давлатӣ  таҳия  ва  мавриди  корбурд қарор дода шаванд.

Вақте  санади  асосии  муайянкунандаи таҳсилоти иловагӣ, ки мазмуни  барномаҳои  таълимӣ, миқдори  соатҳои  таълимӣ, сатҳу  сифат,  муҳлати  омӯзиши барномаҳои  таълимӣ  ва  дигар ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи меъёрии марбут ба таҳсилоти иловагиро танзим менамояд, мавҷуд нест,  пас  ба  кори  маҳфилҳову фаъолияти  босамари  марказҳои таҳсилоти  иловагӣ  умед  бастан ғайриимкон аст.

Ҳамин  аст,  ки  ба  ном қисме  аз  барномаҳои  таълимии  роҳбарони  маҳфилҳо қолабӣ  буда,  аксар  дар  заминаи  барномаҳои  таълимии муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ таҳия  шудаанд.  Нақшаву барномаҳои  таълимии  самти таҳсилоти  иловагӣ  вобаста  ба махсусиятҳои  фанни  таълимӣ такя  ба  адабиёт  ва  маводи  иловагии самти таълими фанни мазкур такя ба равандҳои судманди таълим  бо  ба  инобат  гирифтани  ҳамгироии  таълим,  илм, истеҳсолот  ва  технологияҳои нави аз худ намудани дониш, малака ва пайдо намудани маҳорат таҳия ва корбурд шаванд.

Дар  якҷоягӣ  бо  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ  такя  ба  банди  3,  моддаи  12-и  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар  бораи таҳсилоти  иловагӣ”  ба  масъалаи  маблағгузорӣ  ва  заминаҳои моддию  техникии  муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  иловагӣ, назорати  истифодаи  самараноки  қитъаҳои  замини  ба  онҳо вобасташуда  ва  иловапулӣ  ба маоши  кормандони  омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ диққат диҳанд.

Ба  муқаррароти  банди  7, моддаи  13-и  қонуни  мазкур дар  бораи  “Ба  кормандони омӯзгории  муассисаҳои  таълимии  таҳсилоти  иловагӣ  аз рӯи  натиҷаи  аттестатсияи давлатӣ  додани  дараҷаи  муайяни  тахассусӣ”  бевосита  диққат дода шавад. Муқаррароти мазкур дар ягон маркази таҳсилоти иловагӣ  риоя  нашуда,  ҳайати омӯзгории  таҳсилоти  иловагӣ ба  аттестатсияи  давлатӣ  ҷалб намешаванд  ва  аз  рӯи  натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ба онҳо дараҷаи муайяни тахассусӣ дода намешавад.

Такя  ба  банди  якуми  моддаи  18-и  қонуни  мазкур  ба “Тайёр  кардан  ва  такмили  ихтисоси  кормандони омӯзгории  муассисаҳои  таълимии таҳсилоти иловагӣ” бояд  таваҷҷуҳ  зоҳир  гардад, зеро  масъалаи такмили ихтисоси кормандони омӯзгории муассисаҳои  таълимии таҳсилоти иловагӣ, такмили сатҳи дониш,  ҷаҳонбинӣ, маҳорат  ва  малакаи  касбии онҳо  аз  нақшаҳои  мақомоти идории  маориф  дур  мондаанд. Чанде  пеш  дар  ҷаласаи  назоратии  назди  вазири  маориф  ва илм  масъалаи  «Вазъи  таълиму  тарбия,  таъминоти  кадрӣ, иҷрои  барномаҳои  давлатӣ ва  фаъолияти  маҳфилҳо  дар марказҳои таҳсилоти иловагии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон»  мавриди  муҳокима ва  баррасӣ  қарор  дода  шуд. Маълум  шуд,  ки  аз  232  нафар омӯзгори  марказҳои  таҳсилоти иловагии вилоят ҳамагӣ ду нафар ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб  шудаанд,  ки  ин  ду  нафар ҳам омӯзгорони ҳамҷоякор мебошанд.  Вақте  ҳайати  кормандон — омӯзгорон ва ё роҳбарони маҳфилҳои назди марказҳои таҳсилоти  иловагӣ ба курсҳои такмили  ихтисосу  бозомӯзӣ ҷалб карда намешаванд, пас оё онҳо аз таҳаввулоту тағйироти соҳаи  маориф  огоҳ  буда  метавонанд?!

Банди  20-и  Низомномаи  намунавии  муассисаҳои  таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори  ҲҶТ  аз  1  марти  соли 2018,  №93)  дар  масъалаи “Соли  таҳсил  дар  муассисаҳои таҳсилоти  иловагӣ  аз  15  сентябр  то  1  июн  идома  меёбад” бояд таҷдиди назар шавад. Зеро, фаъолияти  маҳфилҳои  назди марказҳои  таҳсилоти  иловагӣ асосан пас аз анҷоми соли таҳсил ва аксар дар таътили тобистона бо  ҷалби  аксари  хонандагон шурӯъ мешавад. Маҳдудияти дар низомнома  дарҷгардида  омили  ба  рухсатии  меҳнатӣ  сафарбар  шудани  ҳайати  кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва асос барои  баргардонидани  маоши  он  кормандоне,  ки ҳамчун  роҳбари  маҳфил  дар  ин муддат  фаъолият  мекунанд  ва  ё бе маош кор кардани роҳбарони маҳфилҳо  бо  дарназардошти  ба инобат  гирифтани  санҷишҳои нақшавии мақомоти дахлдор мегарданд.

Сархати  дуюми  моддаи  21-и Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар  бораи  маориф”  ва  бан-ди  2-юми  моддаи  9-и  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи  таҳсилоти  иловагӣ”  Академияи  хурди  илмҳоро  яке  аз шаклҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ  ҳисобидааст.  Пас,  Академияи хурди илмҳо бояд дар назди марказҳои таҳсилоти иловагӣ ҳамчун яке аз шаклҳо ва ё самти таҳсилоти иловагӣ фаъолият дошта бошад, на дар алоҳидагӣ дар назди раёсату шуъбаҳои маориф! Академияи  хурди  илмҳо  ҳамчун яке аз самтҳои асосии таҳсилоти иловагӣ  ва  иттиҳодияи  ихтиёрии  эҷодии  хонандагон  бо ҷалби  хонандагони  синфҳои 8-11-и  муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ бояд дар назди марказҳои таҳсилоти  иловагӣ  амал  кунанд ва  ҳисоботдиҳанда  дар  навбати аввал  ба  марказҳои  таҳсилоти иловагӣ бошанд.

Созмони  хонандагон  ҳамчун ташкилоти  худидораи  кӯдакону наврасон  дар  асоси  Низомномаи  Созмони  хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти  умумии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  номи Исмоили  Сомонӣ  (қарори  мушовараи  Вазорати  маориф  ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 26.04.2018,  №08/77)  амал  дошта, фаъолияти назаррас надорад. Созмони хонандагон яке аз самтҳои фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ  ба  шумор  рафта,  бояд нишона  ва  намунаи  қувваи  тавонои  пешсафу  пешқадам,  ташкилотчиву  пешоҳанг  ва  пайравони  идеяҳои  созандаву  бунёдгароёна ва дар ташаккули олами маънавӣ,  таърихӣ,  фарҳангӣ ва  сиёсии  ҷомеа  ҳиссагузор  бошанд.  Мутаассифона,  ба  самти кори созмони хонандагон муносибати  роҳбарони  муассисаҳои таълимӣ  ҳамчун  воҳиди  кории сарборӣ аст.

Бо  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз  17  майи  соли 2018,  №1527)  “Дар  бораи  ворид намудани  тағйиру  иловаҳо  ба Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи маориф” “созмонҳои хонандагон”  мутааллиқ  ба  сархати  7-уми  банди  4-и  моддаи 21 “Таҳсилоти  иловагӣ”-и  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи маориф” илова карда шавад ва  Низомномаи  намунавии  созмони хонандагони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  умумӣ таҳия ва барои тасдиқ ба мақоми салоҳиятдор пешниҳод гардад.

Вақти  он  аст,  ки  вазифаи марказҳои  таҳсилоти  иловагиро  дар  омӯзиши  иловагии фанҳои  таълимӣ,  бозомӯзӣ,  такмили  ихтисос,  дарёфти  ихтисоси  нав  ва  ҷалби  хонандагон ба  озмуну  чорабиниҳои  илмию маърифатӣ  ва  фарҳангӣ  дониста,  вобаста  ба  талаботи  замон  воҳидҳои  кории  марказҳои таҳсилоти  иловагиро  зиёд  карда,  ҷиҳати  ташкили  маҳфилҳои бештар,  махсусан,  маҳфилҳои фаннӣ  дар  самти  фанҳои  дақиқ, риёзӣ,  табиатшиносӣ,  омӯзиши забонҳо, таъриху ҳуқуқ, фарҳанг, техникаву  технология  ва  иттилооту  коммуникатсия  чораҳои амалӣ андешанд.

Аз  ин  рӯ,  тамоми  самтҳои корҳои  беруназмактабӣ  ва таҳсилоти иловагӣ бояд ҷавобгӯи талаботи замон бошанд.

Раҷабалӣ САНГОВ,

корманди Маркази

ҷумҳуриявии таҳсилоти

иловагии Вазорати

маориф ва илм