РАВАНДИ БОЛОНИЯ: ҶИҲАТҲОИ МУСБАТ ВА МАНФИИ ОН

Раванди ҷаҳонишавӣ дар аҳди муосир дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ зарурати гузариш ба принсипҳои умумиҷаҳонии раванди таълим, хусусан, принсипҳои Конфронси Болонияро ба миён овард. Барои воридшавии кишварамон ба фазои ҷаҳонишавии таҳсилот дар соли 2004 комиссияи давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосии он татбиқи ақидаҳои таълимии раванди Конфронси Болония дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон буд.

Ба  комиссия  намояндагони  ҳамаи  муассисаҳои таҳсилоти  олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд. Тасдиқи озмоиши низоми  кредитии  таҳсилот  дар  қисме  аз муассисаҳои  таҳсилоти  олӣ  боиси  қабули  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар бораи  гузариши  ҳамаи муассисаҳои  таҳсилоти  олиии ҷумҳурӣ  ба  низоми  кредитии таҳсилот гардид.

Мақсади  гузариш  ба  низоми Болония  кӯшиши  пайвастан  ба стандартҳои аврупоии таҳсилот ва  барои  мутахассисони  тоҷик дар  ҷаҳон  роҳ  кушодан  аст. Ғайр аз ин, пайвастан ба раванди  Болония  имкони иштироки донишгоҳҳои Тоҷикистонро дар лоиҳаҳои  байналмилалӣ ва  ҳуқуқи  таҳсилро  барои донишҷӯён  дар  донишгоҳҳои Аврупо фароҳам меоварад.

Дар  робита бо ин,  Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  муассисаҳои таълимии  зинаҳои  гуногуни таҳсилот, аз ҷумла, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар  ҳамкориҳои  муфиду  тарафайнро бо як қатор кишварҳо ва  ташкилотҳои  байналмилалие, ки дар соҳаҳои илму маориф ба дастовардҳои ҷадидтарин  комёб  гардидаанд, ба роҳ мондаанд.

Ҳадафи  Эъломияи  Болония таъсиси  минтақаи  таҳсилоти олии  аврупоӣ  ва  инчунин, эҳёи  сохтори  таҳсилоти  олии Аврупоӣ дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад, ки шаш нуқтаи асосиро дар бар мегирад:

  1. Дониши мукаммали  хатмкунандагон:  яке  аз  шартҳои муҳими равади Болония ба роҳ мондани  натиҷаҳои  ниҳоии хатмкунандагони  муассисаҳои таҳсилоти  олӣ  мебошад,  дониши  хатмкунандагон  бояд  ба манфиати  ҳам  мардуми  худ  ва ҳам  дар  кишварҳои  дигари  Аврупо истифода шавад.
  2. Низоми думарҳилагии таҳсилоти  олӣ  ва  аспирантура (баклавр  ва  магистр):  бакалавр мутахассисест, ки метавонад, аз рӯи ихтисос кор кунад ё таҳсили худро идома дода, ба зинаи дуюм-магистратура  гузарад. Омӯзиш  дар  давраи  аввал  бояд 3-4  сол  ва  дар  марҳилаи  дуюм 1-2 солро дар бар гирад.
  3. Ташкили сохтори  кредитӣ тибқи  сохтори  аврупоии интиқоли кредит (ECTS): барои гирифтани  дараҷаи  бакалаврии аврупоӣ бояд 180-240 кредит ва барои  дараҷаи  магистр  60-120 кредит ҷудо карда шавад. Аз рӯи ҷамъоварии  кредитҳо  донишҷӯ метавонад  дар  як кишвар  ба донишгоҳ  дохил  шуда, дар  дигар  кишвар  таҳсил  намояд,  дар ҷараёни  таҳсил донишгоҳ ё ихтисоси интихобшударо иваз кунад, омӯзиши пурраро дар ҳарду марҳила (бакалавр, магистр) гирифта,  таҳсилро  дар давраи мутобиқ  ба зиндагии худ идома диҳад. Дар низоми интиқоли кредитии аврупоӣ, дар як семестр  30  кредити  академӣ  ва барои  соли  хониш  60  кредити академӣ  ҷудо  карда  мешавад. Барои гирифтани дараҷаи бакалавр  бояд  ҳадди  аққал  180  кредит  (се  соли  таҳсил) ё 240 кредитро  (чор  соли  таҳсил)  аз  худ кард. Барои гирифтани дараҷаи магистр  донишҷӯ  бояд  ҳадди аққал 300 кредит (дар панҷ соли таҳсил) ё 360 кредитро (дар шаш соли таҳсил) аз худ намояд.
  4. Такмил додани  сафарбарии донишҷӯён: ҳар як донишҷӯ бояд  имкони  як  муддати  кӯтоҳ дар хориҷи кишвар таҳсил карданро дошта бошад.
  5. Баробаркунии стандартҳои ягонаи таҳсилоти олӣ дар кишварҳои гуногун: дар доираи таҳияи барнома ва нақшаҳои таълимӣ бо назардошти ҳувияти миллӣ.
  6. Амалисозии консепсияи таҳсилоти якумрӣ:  ба  ҳар  як шахс  имконияти  таҳсил дар муассисаҳои  таълимии  гуногун  ва  соҳиб  шудан  бо  якчанд диплом  ва  унвони  илмиро медиҳад.

Айни  замон  дар  доираи муассисаҳои  таҳсилоти  олӣ муҳокимаи фаъоли раванди Болония  идома  дорад.  Ҷиҳатҳои мусбат  ва  манфии  ин  раванд кадомҳоянд? Доираи андешаҳо оид ба ин масъала гуногунанд.

Пеш  аз  ҳама,  афзалиятҳои раванди  Болонияро  қайд  кардан  мебояд.  Афзалияти  якуми ин  раванд  сохтори  дузинагии таҳсилоти олӣ, яъне дараҷаи бакалавр ва магистр мебошад, ки барои  дар  сатҳи  баланд  омода намудани  мутахассисон  имкон фароҳам  меорад.  Пас  аз  хатми дараҷаи  бакалавр  донишҷӯ  метавонад,  барои  ба  даст  овардани  мақоми  олии  касбӣ  таҳсили худро  дар  зинаи  магистратура идома  диҳад.  Аз тарафи  дигар, ин сохтор имкон медиҳад, ки  профили  омӯзишро, ки  дар муҳити  доимотағйирёбандаи бозори  меҳнат  муҳим  аст,  чандирона тағйир диҳад.

Афзалияти  дигари  раванди  Болония,  сафарбарии  донишҷӯён  мебошад. Донишҷӯ имконияти дар дигар муассисаҳои  таҳсилоти  олӣ  ва ё  дар  муассисаҳои  таҳсилоти олии  берун  аз  кишвар  давом  додани  таҳсилро  дорад. Ғайр  аз  ин,  дар  оянда  ба  таври  қонунӣ  муттаҳид  сохтани дипломҳои  кишварҳое,  ки  ба раванди  Болония  шомиланд, ба нақша гирифта шудааст, ки ба  хатмкунандагон  барои  дарёфти кори мувофиқ дар дигар кишварҳо имкон медиҳад.

Афзалияти  сеюми  ин  раванд дар он аст, ки барои мутахассисони  дорои  маълумоти  олӣ  дар бозори  рақобати  ҷаҳонӣ  шароит фароҳам меоварад.

Аз  нигоҳи  мо,  дар  раванди Болония  ҷиҳатҳои  манфӣ  низ мавҷуд  мебошад.  Қайд  кардан бамаврид  аст,  ки  замоне  мо  як сохтори  қавии  таълимии Шуравиро доштем, ки дар ҷаҳон ҳамчун яке аз  муваффақтарин сохтор эътироф шудааст. Гузаштан  ба раванди  Болония маънои  онро  дорад,  ки  мо  аз таҷрибаи  беназири  тӯлонии даҳсолаҳо ҷамъшуда даст кашида, ба таҷрибаи аврупоӣ мегузарем.

Дигар  ин  ки,  вақт  барои  таҳсил  дар  муассисаҳои таълимӣ  коҳиш  хоҳад  ёфт,  ки ин, бешубҳа,  ба  сифати  таҳсил бетаъсир  намемонад.  Илова бар ин, пас аз хатми зинаи бакалавр  бисёре  аз  хатмкунандагон таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилот, яъне, магистратура идома намедиҳанд. Дар ин ҳолат онҳо танҳо дониши ибтидоӣ мегиранд, ки баъдан дар амал барои онҳо кофӣ нахоҳад буд.

Сеюмин  ҷиҳати  манфии ин раванд  худомӯзӣ  ва мустақилияти донишҷӯён мебошад. Худомӯзӣ маънои коҳиш додани соатҳои  аудиторӣ  ва зиёд  намудани  вақти  тайёриро дорад.  Чаро  ин  ҷиҳати  мусбат нею  манфист?  Донишҷӯ  даргумон  аст,  ки  бештари  вақти  холии  худро,  бо  мақсади  таъйиншуда,  яъне  барои  таҳсил  истифода барад.

Ҷиҳати  манфии  дигари  ин раванд  он  аст,  ки  бисёре  аз ҳадафҳои он ба кишварҳои пешрафта нигаронида шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мутахассисоне, ки омода мегарданд, барои  дарёфти  кор  бо  маоши баланд ва шароити  хуби корӣ ба кишварҳои тараққикарда хоҳанд рафт, ки ин боиси аз даст додани мутахассисони болаёқат мегардад.

Ғояи ташкил намудани сохтори ягонаи Аврупоӣ самарабахш ва  ба  шароити  ҳозира  мувофиқ аст, аммо татбиқи ин сохтор вобаста  ба  минтақаҳо  ҳанӯз  ҳам такмилталаб аст.

Насрулло ҲАБИБОВ,

мудири шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидпломии

Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон