Дар олами зудтағйирёбанда китобро чун манбаи асосии илму дониш ва равшанибахши ҳаёту зиндагии инсон медонанд.
Бузургони миллати тоҷик, аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба ин замон илмро нахуст аз волидон, пасон, дар назди устод ва аз китобҳо омӯхтаанд. Ифтихор аз он дорем, ки миллати моро дар дунё чун миллати соҳибкалому соҳибкитоб ва офарандаи тамаддун мешиносанду арҷ мегузоранд.
Аҷдодони мо нисбат ба китоб ихлосу эътиқоди махсус дошта, дар бораи он суханони басо ҳикматомез аз худ ба мерос гузоштаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ китобро “аниси кунҷи танҳоӣ”-ю “фурӯғи субҳи доноӣ” номида, онро устоди беминнат меҳисобад.
Бо супориши оқилона ва ташаббуси орифонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат роҷеъ ба тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон шуд. Озмун заминаи боэътимодест, барои рӯ овардан ба мутолиаи китоб. Зеро бо пайдо шудани технологияи иттилоотии муосир, аз ҷумла, телефони мобилӣ ва интернет таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб кам гардид, вале ин озмун имкон дод, ки ҷавонону наврасон ба таври ҷиддӣ рӯ ба китоб оранд.
Китоб ганҷинаи тафаккур, махзану умеду орзу, раҳнамо ва олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки маъниҳои баланди ҳаётиву иҷтимоиро ангезиш медиҳад.
Ҳар қадар мо онро азизу муътабар шуморем, ҳамон қадар он моро зудтар ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мерасонад. Пас, ҳар фардро месазад, то пайваста ба мутолиаи ин ганҷ бипайвандад ва онро чун қутбнамо рӯйи даст бигирад, то роҳи рости зиндагиро дарёбад.
Сабзбаҳор ҶОЛИЕВА,
омӯзгори МТМУ №5-и шаҳри Хоруғ