САДОҚАТ ДАР АРСАИ МАЪРИФАТ

Устод Абдулбокӣ Нурзода яке аз олимони маъруфи соҳаи педагогикаи тоҷик эътироф шудааст. У солҳои тӯлонӣ дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогика, мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ, декани факултети педагогика, ноиби ректор оид ба илм фаъолият намуд, соҳибобрӯю соҳибэҳиром гардидааст.
Аз соли 2017 то имрӯз дар вазифаи профессори кафедраи педагогика ва психология кор мекунад. Профессор Абдулбоқӣ Нурзода борҳо дар симпозиуму конфронсҳои илмии сатҳи байналхалқӣ дар шаҳрҳои Москва, Будапешт, Тошканд, Теҳрон ва Бишкек иштирок ва суханронӣ кардааст. Зери роҳбарии устод 18 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанду айни замон 1 нафар пайи навиштани рисолаи илмии докторӣ ва 3 нафари дигар ба таълифи рисолаҳои номзадӣ машғул мебошанд. Xизматҳои шоиставу мондагори профессор Абдулбоқӣ Нурзода бо нишони “Аълочии системаи маълумоти касбӣ-техникӣ” (1998), ордени “Шараф” (1999), нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (2001) ва унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (2015) тақдир шудаст.
Устод А.Нурзода аз олимони номвари тоҷик буда, солҳои тӯлонист, ки ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул аст ва шогирдони зиёдаш имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти умумии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, кишварҳои ҳамсоя ва дар мақомоти бонуфузи марбут ба соҳаи маориф муваффақона кор мекунанд ва иддае ба таҳқиқоту пажуҳиш гаравидаанду ба комёбиҳо расидаанд. Устод дар радифи таълиму тарбияи шогирдон мунтазам ба таҳриру таълифи осори илмию методӣ машғул буда, дастуру китобҳои зиёде ба нашр расондаву дар рушду такомули илми педагогика ҳиссаи сазовор гузоштааст. Бо қалами ӯ 3 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии омӯзгорӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 6 дастури таълимӣ, 8 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ иншо гардидаву ба нашр раси- дааст. Аз ҷумла, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Кори якчояи мактабу оила дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол” (1989), “Арзишҳои миллию умумибашарӣ, заминаҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон” (2003), “Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ” (Воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгорӣ, 2005), “Педагогика” (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии омӯзгорӣ) (2007), “Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик” (2008), “Устоди педагогҳо” (2008), “Педагогика” (2011), “Мақоми менталитети миллӣ дар тарбия ва таълим” (дар ҳаммуаллифӣ) (2012), “Методология ва методҳои таҳқиқоти илмӣ-педагогӣ” (дар ҳаммуаллифӣ) (2014), “Таърихи педагогикаи ҷаҳон” (дар ҳаммуаллифӣ) (2016) … раҳнамои донишчӯён ва илҳомбахшу дастгири аҳли пажуҳишу омӯзишанд. Профессор А.Нурзода дар таҳияи барномаҳои таълимии марбут ба илми педагогика низ ҳиссаи чашмгир дорад.
Китоби “Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ” (2021) асарест, ки таълифу нашри онро аҳли маориф солҳо боз интизор буданд. Он ҳамчун дастури таълимӣ таълиф шуда, хеле фарогиру муҳтавоманд асту бо сабку услуби хос эчод гардидааст. Ин китоб дар чараёни таълиму тарбияи насли навраси зинаи аввали таҳсилот нақши босазо дорад ва фарогири умдатарин масоили во- бастаи омӯзишу парвариш мебошад.
Донишманди маъруфи аҳди бостон Пилиний гуфтааст, ки “омӯзиши таърих барои шинохту эътирофи ҳақиқат бағоят муҳим мебошад”. Ва ин ҳама таъкидгари онанд, ки дар омӯзиши фанни педагогика низ ҳамбастагӣ бо таърих омили муҳим аст. Педагогика чун аксари фанҳо шохаҳои гуногунро дар бар мегирад, амсоли педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика, педагогикаи синнусолӣ, педагогикаи муқоисавӣ… Дар ин росто, дар мактабҳои олии омӯзгорӣ бо номи таърихи педагогикаи чаҳон фанне тадрис шудаву мешавад, ки онро метавон чун заминаи асосӣ баҳри омӯзиши педагогика тавсиф бахшид. Ин фан арсаи бавусъатеро фаро мегирад ва ғолибан чараёни пайдоишу инкишофи назария ва амалияи тарбияву таълим, марҳалаҳои инкишофи мактабу маорифро дар ақсои олам ташреҳ мебахшад, оид ба осору омоли номвартарин педагогҳои чаҳон маълумот фароҳам меоварад, перомуни қонуниятҳои ташаккули таърихи педагогика дар манотиқи мухталиф баҳс меорояд. Тайи даҳсолаҳост, ки таърихи педагогикаи ҷаҳон дар мактабҳои олии омӯзгории кишварамон ҳамчун фанни махсус таълим дода мешавад. Xушбахтона, бо заҳматҳои пайвастаи олимони шинохта, устоди фақид Баён Раҳимов ва Абдулбоқӣ Нурзода мушкилоти устодону донишчӯён роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Солиёни пеш устодон бо дастрасӣ аз адабиёт ба забони русӣ ин фанро таълим медоданду донишчӯён илова ба мухтасар навиштани маърузаи устодон даҳҳо китобу рӯзномаву маҷалларо варақ задаву вақти зиёде ба харҷ дода, мавзуъро азхуд мекарданд ва ба санчишу имтиҳонот омодагӣ мегирифтанд. Чунин вазъи нохушоянд аксари фанҳои чамъиятӣ ва дақиқро фаро гирифта буд. Устодону донишҷӯёни мо ба шарофати соҳибистиқлолии чумҳурӣ ва арчгузории забони давлатӣ оид ба бештари фанҳои чамъиятиву дақиқ китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ рӯйи даст доранд. Китоби пурмуҳтавою бузургҳаҷми (40 ҷузъи чопӣ) “Таърихи педагогикаи ҷаҳон”-и олимони маъруфу соҳибтачриба Баён Раҳимов ва Абдулбоқӣ Нурзода, ки тавассути нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст, силсилаи мазкурро мукаммалтар сохт. Таъкид бамаврид аст, ки китоби дарсии мавриди назар бори нахуст ба забони тоҷикӣ нашр гардид, ки инро дар таърихи илми педагогикаи тоҷик ва дар таърихи мактабҳои олии омӯзгории Тоҷикистон метавон ҳамчун ҳодисаи марҳилавӣ эътироф намуд.
Аҳамияти муҳимми илмию тарбиявии “Таърихи педагогикаи чаҳон” аз он иборат аст, ки махсусиятҳои таълиму тарбия, мактабу маорифро вобаста ба сохторҳои чамъиятӣ ташреҳ бахшида, вазифаҳои умдатарини ин илми инсонсозро дар ҳар адвори таърихӣ ба доираи баҳсу баррасӣ кашидааст. Муаллифон дар оғози боби якум таъкид кардаанд, ки: “Донистани таърихи педагогикаи чаҳон аз он чиҳат муҳим аст, ки омӯхтани мероси гузаштаи педагогӣ доираи ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши моро васеъ мекунад, имкон медиҳад, ки ба мероси гузашта дуруст муносибат кунем, маданияти педагогӣ ва дониши илмии педагогиамонро баланд бардорем, қобилият ва истеъдоди педагогиамонро рушду сайқал диҳем, донишҳои андӯхтаамонро дар кори амалии педагогии худ эҷодкорона истифода бурда тавонем”.
Оре, ҳақ ба чониби муаллифони китоби мазкур аст, ки моро дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ ва арчгузории пешаи омӯзгорӣ ҳидоят менамоянд.
Профессор Абдулбоқӣ Нурзода барои хидматҳои бардавому пурсамар ва манфиатбор ба Ватану миллат 20-уми августи соли 2022 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон дар соҳаи маориф мушарраф гардид.
Ҳамза БОҚИЕВ, Суҳроб ФОЗИЛОВ,
Равшан ҲАМРОЕВ,
номзадҳои илмҳои филологӣ