МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

24-уми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар  кори  маҷлис роҳбарият  ва  аъзои Ҳукумати  кишвар,  астгоҳи иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  воҳидҳои  сохтории  он,  роҳбарони  мақомоти марказии  давлатӣ,  идораҳои назди  Президент  ва  Ҳукумат, корхонаю  муассисаҳои ҷумҳуриявӣ,  раисони  вилоятҳо ва  шаҳру  ноҳияҳо,  роҳбарони муассисаҳои  таҳсилоти  олӣ, марказҳои  татбиқи  лоиҳаҳои давлатии  сармоягузорӣ, бонкҳои  давлатӣ  ва  саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон натиҷаҳои  рушди  иқтисодию иҷтимоии  кишвар  дар  соли 2022  муфассал  баррасӣ  гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда шуданд.
Нахуст  ҳисоботи  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ  дар  соли  2022  шунида шуд.
Тавре  таъкид  гардид,  соли 2022 барои мардуми Тоҷикистон бо  вуҷуди  мушкилиҳои  ҷаҳони имрӯза  ва  таъсири  манфии онҳо  ба  иқтисодиёти  кишвари  мо  соли  бобарор  ба  ҳисоб рафта,  дар  ҳаёти  сиёсӣ  ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат пешравиҳои  назаррас  ба  амал омаданд.
Дар  ин  давра  аз  ҷониби Маҷмаи  Умумии  Созмони  Милали Муттаҳид якдилона қабул гардидани  қатънома  дар  бораи эълони  соли  2025  ҳамчун  Соли байналмилалии  ҳифзи  пиряхҳо ва  21-уми  март  ҳамчун  Рӯзи ҷаҳонии  пиряхҳо,  ки  панҷумин ибтикори  дар  сатҳи  ҷаҳон  эътирофгардидаи  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид  ба  масъалаҳои  об ва  иқлим  дар  миқёси  сайёра  ба ҳисоб  меравад,  ҳамчун  яке  аз рӯйдодҳои  муҳими  таърихӣ  боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Ба таъкиди Сарвазири мамлакат дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмуи  маҳсулоти  дохилӣ  ба 115,7 миллиард сомонӣ баробар гардида,  суръати  афзоиш  таъмин карда шуд.
Сатҳи  таваррум  4,2  фоизро ташкил  дод,  ки  нисбат  ба  соли 2021-ум 3,8 банди фоизӣ кам мебошад.
Соли  2022  ба  қисми  даромади  умумии  буҷети  давлатӣ  36,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 миллиард  сомонӣ  зиёд  мебошад…
Сарвазири  мамлакат  изҳор дошт,  ки  дар  давраи  ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 6,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 14,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра бо мақсади рушди  инфрасохтори  соҳа  221  муассисаи  таълимӣ  ва  томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо  мақсади  рушди  соҳаи тандурустӣ  ва  сари  вақт  бартараф  намудани  мушкилоти мавҷуда  соли  2022  аз  ҳисоби буҷети  давлатӣ  барои  рушди соҳа 2,6 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 13 фоиз зиёд мебошад.
Дар  давраи  ҳисоботӣ  аз ҳисоби  маблағҳои  буҷетӣ  ба соҳаи  ҳифзи  иҷтимоӣ  барои кумакпулии  унвонии  иҷтимоӣ 116  миллион  сомонӣ  равона гардида,  ба  31  ҳазор  нафар,  аз ҷумла,  9,5  ҳазор  нафар  кӯдаки ниёзманд  хизматҳои  гуногуни иҷтимоӣ расонида шуданд.
Дар  соли  ҳисоботӣ  дар мамлакат  аз  ҳисоби  ҳамаи сарчашмаҳо 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Дар  охири  кори  маҷлиси васеи  Ҳукумат  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон доир  ба  натиҷаҳои  рушди  иқтисодиву  иҷтимоии кишвар  дар  соли  2022  ва вазифаҳо  барои  соли  2023 бо  натиҷагирӣ  аз  фаъолияти  тамоми  соҳаҳои  иқтисоди миллӣ  ба  аъзои  Ҳукумат, Дастгоҳи  иҷроияи  Президент, роҳбарони  вазорату  идораҳо, вилоят,  шаҳру  ноҳияҳо  ва  дигар  мақомоти  давлатӣ  барои рафъи  камбудиҳои  мавҷуда, иҷрои  нишондиҳандаҳои  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву татбиқи нақшаи  чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар, дарёфти  роҳҳои  пешгирӣ  ва кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ, устувор нигоҳ доштани  нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, зиёд  намудани  иқтидорҳои истеҳсолӣ,  хусусан,  ҷиҳати худтаъминкунӣ  бо  маҳсулоти ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас  дода,  дар  ҳузури  иштирокчиёни  ҷаласа  суханронӣ карданд.
Ҳукумати  мамлакат,  вазорату  идораҳо  ва  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ  вазифадор  гардиданд, ки  иҷрои  саривақтӣ  ва  сифатноки  дастуру  супоришҳои  дар Паёми Президенти мамлакат гузошташударо таъмин намоянд.
Ба  Вазорати  маориф  ва  илм супориш  дода  шуд,  ки  дар ҳамкорӣ  бо  мақомоти  дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ  ба  талаботи  муосир тайёр  намудани  омӯзгорон  ва ба  ин  восита  пурра  бо  кадрҳои соҳибихтисос  таъмин  намудани муассисаҳои  таълимӣ,  баланд бардоштани  мақоми  омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими  заминаи  моддиву  техникии  муассисаҳо,  сохтмони муассисаҳои  нави  таълимӣ  ва синфхонаҳои  иловагӣ  чораҳои қатъӣ андешад.
Ҳамзамон  бо  ин,  бо  дарназардошти  вазъи  қабули  довталабон  дар  муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ  ва  миёнаи касбӣ  вазоратҳои  маориф  ва илм,  меҳнат,  муҳоҷират  ва шуғли  аҳолӣ,  Маркази  миллии  тестӣ  ва  дигар  сохтору мақомоти  марбута  вазифадор шуданд,  ки  корро  вобаста  ба тарғибу  ташвиқи  ихтисосҳои ин  зинаҳои  таҳсилоти  касбӣ  ва бо  ин  роҳ  ҷалб  кардани  довталабон  ба  самтҳои  омӯзгорӣ  ва техникӣ ҷоннок намоянд.
Инчунин,  зарур  шуморида  шуд,  ки  заминаи  моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои зикршударо  мустаҳкам  намуда, барои  таъмини  донишҷӯён  бо ҷойи  зист  чораҳои  муассир  андешанд.
Ба  вазоратҳои  маориф  ва илм,  меҳнат,  муҳоҷират  ва шуғли  аҳолӣ  ва  дигар  вазорату идораҳое,  ки  дар  сохторашон муассисаҳои  таҳсилоти  касбӣ доранд,  супориш  дода  шуд,  ки ҷиҳати  омода  намудани  мутахассисони  ба  талаботи  замони муосир  ҷавобгӯ,  махсусан,  донандагони асосҳои технологияи рақамӣ чораҷӯӣ намоянд.
Президенти  мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон таъкид  карданд,  ки  ба  талаботи  стандартҳои  байналмилалии таҳсилот  мутобиқ  намудани нақшаву  барномаҳои  таълимӣ ва  дар  ин  замина  омода  кардани  кадрҳои  баландихтисоси ҷавобгӯ  ба  талаботи  бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳсилоти олии касбӣ мебошад ва вобаста ба ин Вазорати маориф ва илм, Агентии  назорат  дар  соҳаи  маориф ва  вазорату  идораҳои  дахлдор вазифадоранд,  ки  дар  ин  самт тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамзамон  бо  ин,  Вазорати  маориф  ва  илм,  Академияи миллии  илмҳо  ва  роҳбарони муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбии  кишвар  вазифадор  карда  шуданд,  ки  тибқи нишондиҳандаҳои  дурнамои тайёркунӣ  ва  азнавтайёркунии кадрҳо  муассисаҳоро  давра  ба давра  бо  омӯзгорони  дараҷаи илмидошта таъмин намоянд.
Роҳбари  давлат,  инчунин, таъкид  намуданд,  ки  қабули довталабон  ба  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ барои соли таҳсили 2022 – 2023 нисбат ба  соли  2021-ум  2950  нафар  ё 10,3 фоиз кам шудааст.
Дар  робита  ба  ин,  Вазорати  маориф  ва  илм,  вазорату идораҳое,  ки  дар  сохторашон муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ доранд ва Маркази миллии  тестӣ  вазифадор  шуданд, ки  бо  мақсади  ҷалби  довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии  касбӣ  тарғибу  ташвиқ ва  корҳои  фаҳмондадиҳиро дар  байни  хатмкунандагон дуруст  ба  роҳ  монда,  ҷиҳати бозбинии  маблағи  шартномаи муассисаҳо  ва  бо  ҷойи  хоб таъмин  кардани  донишҷӯёни минтақаҳои  дурдаст  чораҳои фаврӣ андешанд.
Дар  охири  суханронии  худ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  барои  дар сатҳи  баланд  ҷашн  гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва  иҷрои  дастуру  супоришҳои Роҳбари  давлат,  ки  аз  Паёми навбатӣ бармеоянд, ба вазорату идораҳо  ва  мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Роҳбари  давлат  хотирнишон намуданд,  ки  ҳар  яки  мо  бояд ватандӯсту  ватанпараст  бошем ва  ҳаргиз  фаромӯш  насозем, ки  эҳсоси  гарми  ватандӯстӣ  ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин  ва  роҳи  муҳимтарини рушди  давлат  ва  ҷомеа  мебошад.