Мусаллам аст, ки таърихи пурифтихори худро амиқу ҳамаҷониба надониста, марҳалаҳои рушди давлатдории миллӣ, фарҳангу тамаддун, адабиёт, намудҳои гуногуни санъат, илму маорифро наомӯхта, ҳамчун ватандӯсти асил ба камол расидану дар ҳифзи манфиатҳои кишвари соҳибистиқлол саъю талош варзидан имконнопазир аст.
Ин нукта дар Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври махсус зикр ва таъкид шудааст: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад». Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки дар давраҳои мураккабу вазнин, ки ба сарзамини тоҷикон таҳдидҳои хатарзои парокандагӣ ва аз байн рафтани давлатдорӣ ба мушоҳида мерасад, гурдону диловарони меҳанпарвари бебоку соҳибирода алорағми неруҳои тахрибкори аҷнабӣ муборизаю муқовиматҳо намуда, ҷони худро дар роҳи ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ фидо карданд, аммо ватанро ба душман таслим нанамуданд. Миллати баруманди тоҷик шуруъ аз давлатдориҳои нахустин илму фарҳанг ва тамаддуни бузургеро асос гузоштанд. Миллати тоҷик аз замонҳои қадим сулҳдӯсту озодиҳоҳ буд ва ҷангу хунрезиро маҳкум мекарду бо мақсадҳои аҳриманона дасти таҷовуз ба қаламрави дигар мамолику билод дароз накардааст. Ин андеша дар китоби оламшумули академик, муаррихи нобиға, аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ба гунаи возеҳу муфассал, бо истифода аз мадраку далелҳои муътамади таърихӣ исботи худро ёфтааст. Муборизаю талошҳои қаҳрамонони диловар бар зидди душманони ин миллату кишвар, аз ҷумла, Искандару арабҳо дар роҳи ҳақталошӣ, озодихоҳии миллӣ ба таъсиси давлати абарқудрати Сомониён оварда расонд. Дар масири расидан ба ин марҳалаи таърихӣ якчанд давлати тозабунёди тоҷикон-Саффориён, Тоҳириён фидокорӣ намуданд, ҳарчанд ки бо сабабҳои ноиттифоқию низоъи дохилӣ аз ҷониби душманон саркӯб ва маҳв гардиданд. Подшоҳи нахустин давлати соҳибистиқлоли тоҷикон Исмоили Сомонӣ аз иштибоҳи ҳукуматдорони пешин сабақҳои омӯзанда бардошта, бо ташкили артиши иқтидорманд ва рукнҳои асосии давлатдорӣ кушоду равшан ба душманони ин сарзамин ҳушдор дод, ки «то вақте ки ман ҳастам, девори Бухоро манам». Ин давлати шукуҳманду тавоно ба дили душманон-қабилаҳои бодиянишин ларзаю ваҳм андохта буд. Тайи 900 сол тоҷикон дарбадару овора, дар зери тобеияти дигар давлатдорони аҷнабӣ ба сар бурданд, вале забони модарии худро аз даст надоданд. Бо ин забон олимону донишмандон, мутафаккирону файласуфон, шоирону нависандагон, муаррихони нобиғаи тоҷик асарҳои безаволу мондагор таълиф намудаанд. Падидаи бузурги таърихист, ки дар марҳалаҳои баъдина ин забон ҳамчун забони давлатӣ соҳибмақом буд. Дар давраи ҳукмронии сулолаи Манғитиён низ забони расмию коргузории давлатӣ забони тоҷикӣ ба шумор мерафт. Танҳо бо ба сари ҳокимият омадани болшевикон, шуруъ аз соли 1917 (дар аморати Бухоро соли 1920) ин забон аз мақоми худ барканор ва забони русӣ ҷойгузини он дар ҳама соҳаҳо эълон гардид. Дар асарҳои Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан, «Чеҳраҳои мондагор» бузургию шаҳомати миллат дар симои фарзандони баруманду меҳанпарвари ӯ, шуруъ аз Ардашеру Монӣ, Маздак, Спитамен, Исмоили Сомонӣ то устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва Сотим Улуғзода инъикоси худро ёфтаанд. Ба бахти ин миллати ҷабру азияти таърихро фаровон кашидаву таҳаммул карда, 9 сентябри соли 1991 тоҷикон дубора соҳиби давлати соҳибистиқлоли миллӣ гардиданд. Халқи тоҷик 31 сол мешавад, ки хурсанду болида рӯзгор ба сар мебарад ва аз пайи амалҳои неки ватандӯстона мебошад.
Муҳаббат КАРИМОВА,
магистранти курси 2-юми
Донишгоҳи давлатии Данғара