Паёми навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23,12,2022) дар байни кормандони соҳаи маориф ва устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард Инак, фишурдаи афкори омӯзгорону устодони таълимгоҳҳои кишварро дар зер меорем,
Муллоҷон АҲМАДОВ — директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт:
-Масъалаи беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон дар ҳама давру замон бо дарназардошти такмили раванди таълиму тарбия аз масоили муҳим ва аввалиндараҷа ба шумор меравад. Айни ҳол ҷаҳонро таҳаввулоти илмию техникӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ғайра фаро гирифта бошад ҳам, дар баробари ин, падидаҳои манфие, аз қабили косташавии ахлоқ (маънавият), гаравиш ба равияҳои иртиҷоӣ ва хатарзои террористию экстремистӣ, тарғиби қатлу куштор ва зӯроварӣ тавассути шабакаи интернет аз ҷониби мубаллиғони идеологияи ифротгароӣ ба бани башар тахдиди ҷиддӣ мекунад. Шояд дар ҳеҷ замон ба он дараҷае, ки ҳоло зарурати бо илму дониш мусаллаҳ намудани насли наврас ва ҷавонон ба миён омада бошад, муҳиму ҳалкунанда маҳсуб намеёфт. Бақои ҳастии инсоният ва сайёра имрӯз аз сатҳи донишу маърифати баланди онҳо ва ё дар ботлоқи ҷаҳолат мондани ҳар як узви он вобастагии амиқ дорад.
Қурбоналӣ ЗИЁЕВ — мудири Осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
-Солҳои охир тарбияи ватандӯстии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ пеш аз беш такомулу ташаккул ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарият ва омӯзгорону устодон чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ — ватандӯстӣ гузаронида мешавад, ки муассиру судманд мебошад. Ман ҳамчун мутахассиси таълими машғулияти «Омодагии дифои ҳарбӣ» тайи солҳои зиёдест, ки ба таҳияву тадвин ва самаранок гардидани барномаю стандартҳои таълимӣ аз ин фан машғулам. Бояд қайд кард, ки маҳз таълими фанни мазкур дар сатҳи баланд ва созгор бо замони муосир дар тарбияву ба камол расонидани хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат нақши бузург мегузорад.
Бобобек РАҶАБОВ — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51, ноҳияи Рӯдакӣ:
— Истифодаи Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машғулиятҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои гуногуни беруназсинфӣ, аз ҷумла, дар ҳафтаҳои фаннӣ аҳамияти калон дошта, бо дарназардошти вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯз, таҳия ва ба нақшаи мавзуъҳои тарбиявӣ ворид намудани масоили мухталифе, ки дар Паём инъикос ёфтааст, талаби рӯз мебошад. Ба хусус, ба рох мондани чорабиниҳои мактабӣ дар мавзуъҳои ватандӯстӣ, хештаншиносии насли наврас ва ифтихор аз таърихи гузаштаамон ба таври ҷолибу шавқовар ва омӯзанда ба мақсад мувофиқ мебошад. Тавре дар Паём дар иртибот ба ин масъала зикр шудааст:
«Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».
Сино ЭГАМБЕРДИЕВ — сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи чумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф:
-Маълум аст, ки дар самти амалӣ намудани масоили соҳаи маориф, дар маҷмуъ, дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаби замон ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ нақши омӯзгор калидӣ ва асосӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, донишкадаи мо низ корҳои зиёдеро дар боби самараноку судманд гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба сомон мерасонад. Барои омӯзгороне, ки ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд, шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ҳуҷраҳои фаннии муҷаҳҳаз бо васоити аёнии муосир ва технологияи нави замонавӣ, озмоишгоҳҳо, китобхонаю толори барҳавои қироати осори методию илмӣ дар хидмати шунавандагони курсҳо қарор дошта, машғулиятҳо аз ҷониби устодону профессорон дар сатҳи баланд роҳандозӣ мегарданд, машғулиятҳои амалӣ дар таълимгоҳҳои пойтахт бо омӯзгорон гузаронида мешавад, инчунин, дар минтақаҳои алоҳида курсҳои сайёри такмили ихтисос ва бозомӯзӣ сурат мегирад.
Абдураззоқ ҲАСАНОВ — омӯзгор аз шаҳри Исфара:
— Дар муассисаи мо вобаста ба Паёми навбатии Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раҳбарияти он нақша-чорабинии махсус таҳия ва тасдиқ шудааст. Ба андешаи ман, имрӯз баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо заҳматкашони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, шахсони баруманду соҳибкасб, олимону донишмандон ва шоиру нависандагон бо мактабиён дар масъалаи баланд бардоштани ҷанбаи маърифатию худогоҳии насли наврас хеле зарур мебошад. Зеро насли наврас ва ҷавонон ба суханони ҳикматомез ва ҳидояту раҳнамоии калонсолон ниёзи ҷиддӣ доранд. Тавре Пешвои миллат ҳушдор доданд:
«Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».
Вазифаи мо, омӯзгорон, умуман, аҳли ҷомеа роҳ надодан ба таъсиру нуфузи идеологияҳои бегонаю зиддибашарӣ ва рӯ овардани насли ҷавон ба таблиғоти ифротгароёну экстремистон мебошад.
Шералӣ ТАБАРОВ — омӯзгори МТМУ №14, ноҳияи Кӯшониён:
-Ба шогирдон омӯзондани нуктаҳои асосии Паём, аз ҷумла, иқдому ибтикороти Президенти мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ дар масъалаи марбут ба обу иқлим аҳамияти калон дорад. Чунонки маълум аст, бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул гардидааст. Ин масъала дар дарсҳои география аз ҷониби устодону омӯзгорон бояд бо мисолҳои мушаххас ва бодалелу муътамад тафсир ва тавзеҳ дода шавад.
Таснифи Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»