МАҚОМИ ИМЛО ДАР РУШДИ ИЛМ ВА ЗАБОН

Забони тоҷикӣ бо таърихи зиёда аз ҳазорсолааш дар миёни даҳҳо забони дунё мавқеъ ва маъруфияти хоса дорад.
Агар дар муқоиса ба забонҳои дигар халқу миллатҳо ба забони худ нигарем, бештару бештар ба он эҳтиром қоил мешавем. Зеро бо ин забон ашхосе ба мисли Фирдавсиву Сино, Хайёму Берунӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Айниву Турсунзодаву Лоиқ, Бозору Гулрухсор… осори гаронбаҳое навиштаву ба китобхонаи таърихи миллат тақдим кардаанд, ки метавон ҳар кадомро сарвати фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисобид.
Таърих ва насли калонсол гувоҳанд, ки дар 70 соли таърих мо ба одигӯйӣ одат кардем, ончунон ки дар фаҳму дарки осори бузургони худ мушкилӣ мекашидем. Ба қавле, гуфтору навишторамон хеле омиёна гашт ва таровати каломи классиконро аз даст дод. Хушбахтона, охирҳои солҳои 80- ум бо эҳсоси баланди худшиносии бузургону рӯшанфикрони миллат ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, қонуни забон қабул гашта, қоидаҳои имло ба тасвиб расиданд. Ин иқдоми наҷиб барои бисёр халқу миллатҳои дигар ғайриинтизор гашт ва ҳатто писанд наафтод. Агарчи вазъият муташанниҷ шуда, муддате мардум ба забону илму маорифу фарҳанг беэътино гаштанд, ба бахту иқболи миллат нафаре сари давлат омад, ки тинаташ ӯро водор намуд, то таваҷҷуҳи ҷомеаро ба зарурати дарки ин масоил равона созад. Аҷиб, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханрониву нутқи пурмуҳтаво ва забони фасеҳ, бо дастуру тавсияҳои самаровар ба мо дар масири нигаҳдошти забони тоҷикӣ пайваста раҳнамоӣ кардаву мекунанд, аммо то ҳанӯз мо ба асли мақсад сарфаҳм нарафтем, ки нарафтем. Агар сарфаҳм мерафтем, атрофи имлоямон баҳсу кашмакашӣ ва эътирозҳо зиёд ба миён намеомаданд.
Биёед, бубинем:  имконият ва раҳнамоиҳое, ки барои ба ин ҳадаф расидан ба мо аз ҷониби Пешвои миллат насиб гаштаанд, чигунаанд.
Якум, мақоми сиёсӣ. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад ва “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” қабул шуда, аз тамоми қишрҳои ҷомеа ва мақомот масъулияти ҷиддии муносибатро талаб мекунад.
Аммо ба назар мерасад, ки ба масъалаи забон ва имлои он дар бештари ниҳоду мақомоти давлатӣ беэътиноӣ зоҳир мекунанд (доир ба ин масъала дар қисми зиёди мақомоти ғайридавлатӣ ҷойи ҳарф задан нест). Тартиби коргузорӣ, шиору овезаҳо, ҳатто таълифоти “адибон”-и бешумор пур аз ғалат буда, ба зеҳни ҳар хонандаву бинанда халал ворид месозанд. Баҳри ислоҳи ин нуқсон беҳтар аст, ба ҳар масъули комиссияи татбиқи қонуни забон аз ягон ҳисоб ҳавасмандие ҷорӣ гардад. Дар он сурат талабот ва назорат хуб шуда, муносибат ба забон аз ҷониби ҳар шаҳрванд ҷиддӣ мегардад.
Дуюм, таълими хоса. Таълими забони тоҷикӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шаклу забони таҳсил, ҷорист. Аммо вазъият тақозо мекунад, ки таълими ин фан дар нимгурӯҳҳо сурат бигирад, самараи бештар ба даст меояд. Ин масъала ҳарчи зудтар роҳи ҳалли худро ёбад, беҳтар аст.
Сеюм, барои беҳтару пурсамар гардондани таълими забони тоҷикӣ лоиҳаҳои зиёде рӯйи даст гирифта шуданд. Камбудӣ он аст, ки дастурҳои омоданамудаи ин лоиҳаҳо аксаран осори тарҷумазадагӣ доранд, ки ин хеле хатарзо буда, нутқи шогирдонро яктарафа рушд мебахшад, ҳол он ки нутқи хаттӣ баёнгари саводи асосии шахс маҳсуб меёбад. Ин раванд агар ислоҳ нашавад, таровати забони тоҷикӣ аз даст меравад. Бояд ҳарчи зудтар тарҷумону муҳаррирони касбиро ба ин лоиҳаҳо ҷалб намуд.
Чаҳорум, таълифи китоби дарсӣ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру раҳнамоии Сарвари давлат таълифот ва таъминоти китоби дарсиро барои тамоми намуди мактабҳо амри зарурӣ донист ва бо ин мақсад тадбирҳои зиёдро рӯйи даст гирифт. Муҳим ин аст, ки барои беғалат ба табъ расидани китобҳои дарсӣ ҳавасмандии муаллифон, муҳаррирон, муқарризон бештар гардад, қавоиди ягонаи имло ва аломатҳои китобат муқаррар гардад, тавре ки барои истифода аз онҳо назару пешниҳодҳои муҳимми аҳли илм ва мутахассисон ба назар гирифта шавад, на аз як гурӯҳи корӣ.
Панҷум, дар кишвар ҷунбиши ниҳоят бузурги судманд, ҳаракати оммавии китобхонӣ ба миён омад: чопи бемаҳдуди китобҳои бадеӣ, ки аз ин ҳисоб китобхонаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, китобхонаҳои мактабӣ (дар ҳоле ки солҳо ба анбор ва ҷойи хомӯшон табдил ёфта буданд) аъзои зиёдеро ҷалб карда тавонистанд, мардумро ба китобу забон наздик гардонд.
Шашум, ташкили озмунҳои зиёд, бахусус, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз беҳтарин омилҳои рушди забони тоҷикӣ гашт, бемуҳобот, дастоварду қадами тоза дар ин самт гардид. Агар ҳавасмандиро дар оянда сидқан, на ба хотири ба даст овардани маблағ, таъмин карда тавонем, боз ҳам бурди забони мо мегардад.
Мусаллам аст, ки барои ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва рушди он чанд ниҳод вобаста гардидаанд. Аз ҷумла, Институти забон ва адабиёти тоҷик, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, ки ҳар кадом мутобиқан талоши саҳме гузоштан зоҳир мекунанд.
Вазорати маориф ва илм бо таҳияи барномаҳои таълимӣ ва чопи китобҳои дарсиву илмӣ, дастурҳои методӣ, инчунин, китобҳои адабиёти бачагона дар роҳи рушди забони тоҷикӣ муваззаф аст. Вазорати фарҳанг бошад, дар чопи китобҳои бадеӣ (назму наср) барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, матбуот масъулияти назорат карданро ба дӯш дорад. Гумон меравад, масъулият бояд дар ин самт зиёд гардад, хубтар аст, бахусус, ҷилавгирӣ кардани ин ниҳод аз чопи китобҳои пурғалат амри зарурист. Кумитаи забон ва истилоҳотро мебояд сари ҳамгунсозии истилоҳот дар тамоми самтҳо ва назорати иҷрои Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ва иҷрои Барномаи давлатӣ саҳим бошад. Вале масъалаи имло кори забоншинсоне аст, ки асосан дар Институти забон ва адабиёти тоҷики АМИТ бояд қарор дошта бошанд. Бале, барои пешниҳоди имлои ягонаву бе даъво гурӯҳи корӣ дар назди ин ниҳод бояд рисолат дошта бошанд, на дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот.
Бисёриҳо мепурсанд, ки чаро замони Шуравӣ саводи хаттии хонандагону донишҷӯён дар сатҳи баланд қарор дошт ва беҳтарин нависандагону олимону рӯзноманигорон ба майдони илму адаб баромадаву осори пурарзиш аз худ мегузоштанд, имрӯз не. Албатта, ҷавоб маълум аст: меъёри ягонаи ҷорӣ буд, дастури таълими имло беғалат ва дастраси ҳамагон гашта буд, баъзе масъалаҳои баҳснок тавассути матбуот заминаи хулосаи асосӣ мегаштанд. Аммо имрӯз бо вуҷуди талошҳои зиёди Кумитаи забон ва истилоҳот, боз ҳам наметавонем, аз мушкилот бираҳем. Қоидаҳои имло ва аломатҳои китобати мо нофаҳмиҳои зиёде доранд, ки мутаассифона, дар зарурат тавсияе дастрас карда намешавад. Дуруст аст, ки Фарҳанги имло 10-11 сол пеш ба табъ расида буд, аммо ба он тартиб мушкилкушои кори мо намегардад.
Фарҳанги дигари имло интизори коркарди мутахассисон буда, мардум интизори он фарҳанг то ҳанӯз дар чопи китобҳо, умуман, илму таълим душворӣ мекашанд. Ҳамин аст, ки дар чопи дастуру китобҳо, ҳатто қарору қонунҳо “меъёр”-ҳо риоя намегарданд.
Вақте имлои мо бо чунин “гуногунрангӣ” зуҳур кунад, вақте истилоҳоти ягона дар илм вуҷуд надошта бошад, чӣ тавр мо метавонем, забони илмро рушд бахшем ва мақоми онро болову воло нишон диҳем? Бигирем, истилоҳоти забони тоҷикиро, ки солҳо баҳси забоншиносон хулосаи дурусту барҷоеро ба миён оварда наметавонад. Бархе забоншиносони мо “истиқлолияти забону миллат” гуфта, “сарфу наҳв”-ро интихоб мекунанд, бархе дигар, ба истилоҳи байналмилалӣ (морфологияву синтаксис…) бартарӣ медиҳанд. Баъд санги маломат мезанад ба сари муаллифони китобҳои дарсӣ, ки аз ин гирумонҳои беҳуда хаста ҳам шудаанд.
Нуфузи забон аслан ҳамон вақт боло меравад, ки забони илм устувор бошад. Сарвари давлат борҳо сари ин масъала таъкид карда, аз ҷумла, гуфтаанд: «Моро лозим аст, ки барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он дастҷамъона кӯшиш намоем».
Аммо ку гӯши шунаво?
Бояд дониста бошем, ки ба имло назари ҷиддӣ кардан пайомадҳои хуб дорад: маҳз дар ин сурат муаллиму муаллиф ва хонандаву бинанда ба иштибоҳ намеафтанд ва дар дуроҳа сардаргум ҳам намемонанд. Воқеан, тааҷҷубовар аст: кирову чаро зарур мешавад, ки имло зуд-зуд дигаргун шавад, меъёрҳои мавҷуда нодида гирифта ва ё сарфи назар гарданд?
Ҳол он ки маҳз меъёри ягона метавонад омили инкишофи забон гардад.
Таваҷҷуҳ ба ин масъала метавонад дар милликунонии забони технологияҳои нав ва рушди забони қонунгузории мо, ки ҳарф дар ин самт ҳам кам нест, мусоидат намояд.

Саида НАБИЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”,
муаллифи китоби дарсии “Забони тоҷикӣ барои синфи 5