Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор сол пеш аз ин «Барномаи давлатии амали намудани технологияњли иттилооти ва коммуникатсиони дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро ба тасвиб расонд.
Бо мақсади дар кадом сатҳ амалӣ шудани барномаи мазкур дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин суҳбате доштем бо мушовири фанни технологияи иттилоотии шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Э. Саидамиров. Дар 55 муассисаи таълимии шаҳр 92 адад кабинета технологияи иттилооти ташкил карда шудааст ва дар умум, 26 090 нафар хонандаи синфҳои 5-11 ба омӯзиши технологияи навин машғул мебошанд, ки ба онҳо 151 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Бояд қайд кард, ки имрӯз муассисаҳои таълимии шаҳр бо 2204 адад компютер, 340 адад принтер, 136 адад тахтаи электронӣ ва 163 адад видеопроектор таъмин гардидаанд, ки ба 12 нафар хонанда як компютер рост меояд. Дар соли 2022 тибқи нақша, муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб 330 компютер, 14 тахтаи электрони ва 14 видеопроектор харидорӣ мекарданд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 244 компютер, 30 тахтаи электронӣ ва 30 видеопроектор харидорӣ шудааст. Дар ҳамин давра аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 26 компютер, 2 тахтаи электронӣ, 2 видеопроектор ва 1 принтер харидорӣ ва ба муассисаҳои таълимии шаҳр дастрас гардонида шудааст. Тибқи ҳисоботи Маркази технологияи информатсионии шаҳр, дар муассисаҳои таълимии шаҳр 195 компютер таъмирталаб буда, 108 адад принтер дар ҳолати корношоям карор доранд.
Дар муассисаи таълимии №36 (директораш Р.Иззатов) вазъи таълими фанни технологияи иттилооти аз ин ҳам бадтару ташвишовар аст. Мактаб кабинети технологияи иттилоотии алоҳида надорад. Дар синфкабинете, ки компютерҳо васл карда шудаанд, хонандагон ба машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд. Муассиса дорои 31 адад компютер мебошад. Ба иттилои омӯзгори технологияи иттилооти С. Бобохӯҷаев, аз шумораи 31 адад компютер, 7 адад дар ҳолати кори буда, 24 адад таъмирталаб мебошад. Боиси нигаронист, ки дар синфҳои 9-11 ба сабаби набудани омӯзгор дарси технологияи иттилооти омӯзонида намешавад. Ин ҳолат 3 сол боз давом ёбад ҳам, мутаассифона, ҳеҷ як масъули шуъбаи маорифи ноҳияро ба ташвиш намеорад. Аз ин ҳам ҳолати ҳузновару ташвишангез дар филиали муассисаи таълимии №36-и шаҳри Кӯлоб ба мушоҳида мерасад. Дар филиали муассиса 381 нафар хонандаи синфҳои 1-11-и деҳаи Гулбоғ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба таъкиди ҷонишини директори муассиса Г. Эмомқулова, ҷараёни таълиму тарбия дар филиал аз сабаби нарасидани синфхонаҳо дар се баст қарор дорад. Бинои асосии муассиса аз шаш синфхонаи хурд, ки барои 10-15 нафар хонанда сохта шудааст, иборат мебошад. Филиали мазкур муддати 13 сол боз фаъолият мекунад. Дар муассиса шароити оди барои омӯзгорону хонандагон мавҷуд нест. Утоқи омӯзгорон, ҷонишини директор, китобхона ва ошхона вуҷуд надорад. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҳолати ғайрисанитарӣ дар посбонхонаи мактаб хӯрок мехӯранд. Гурӯҳи хонандагони синфҳои 5-11 иброз доштанд, ки умуман компютерро бо чашм надиданд ва бо он кор карда наметавонанд. Дар назди шуъбаи маорифи ноҳия Маркази технологияи иттилоотӣ таъсис дода шудааст, ки дорои мустақилияти молиявӣ буда, бо 15 воҳиди корӣ таъмин мебошад. Мутаассифона, аз ҷудо нагардидани маблағи таъмир барои компютерҳо, дар муассисаҳои таълими фаъолияти кормандони Марказ каммаҳсул мебошад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тибқи нақшаи барнома мебоист 498 адад компютер харидори карда мешуд, аммо то ин давра аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳия 312 адад компютер харидорӣ шудааст, ки иҷрои барномаро 62% таъмин мекунад. Айни ҳол шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1425 компютер ва 301 адад принтер, 64 адад нусхабардор, 22 адад тахтаи электронӣ, 30 адад видеопроектор ва 426 адад камераи назоратӣ таъмин мебошанд. Барои омӯзонидани фанни мазкур дар 58 муассисаи таълими 25 кабинети компютери ташкил карда шудааст. Тибқи ҳисоботи омории Маркази технологияи иттилоотии ноҳия маълум мегардад, ки аз 1425 адад компютери дар муассисаҳои таълими мавҷудбуда, 271 ададашон таъмирталабу корношоям мебошад.
Рафти иҷрои барнома дар муассисаҳои таълимии асоси ва миёнаи умумии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нишон дод, ки ҷиҳати омӯзиши фанни технологияи информатсиони аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Алишер Исоев иброз дошт, дар соли 2022 тибқи нақшаи бояд 85 адад компютер, 12 адад тахтаи электронӣ, 12 адад видеопроектор ва 5 адад принтер харидорӣ мешуд. Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия 85 компютер, 12 тахтаи электронӣ, 12 видеопроектор ва 5 принтер харидорӣ шудааст, ки нақшаи барномаро 100% таъмин мекунад. Бояд хотиррасон намуд, ки ноҳияи Ш.Шоҳин ягона ноҳияест, ки дар байни шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз иҷрои нақшаи дурнамои барномаи мазкур дар солҳои 2018 ва 2022 бо сарбаландӣ баромадааст. Имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия бо 785 компютер, 201 принтер, 32 тахтаи электронӣ ва 66 видеопроектор таъмин гардонида шудааст, ки 7750 нафар хонандаи синфҳои 5-11 ба омӯзишу азхудкунии он машғул мебошанд. Директори Маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионии ноҳия М. Бобоев мегӯяд:
— Дар назди шуъбаи маорифи ноҳия Маркази технологияи иттилоотӣ бо 12 воҳиди кори амал мекунад. Аз сабаби надоштани маблағ барои таъмири компютерҳо дар сметаи хароҷоти муассисаҳои таълимӣ, сол то сол шумораи компютерҳои корношояму таъмирталаб зиёд шуда истода бошад ҳам, аз тарафи дигар, саривақт набудани барқи доимӣ, набудани қисмҳои эҳтиётӣ, надоштани шароити хуби нигоҳдорӣ ва нарасидани омӯзгорони ихтисосманд мушкил эҷод мекунад.
А. ШАРИФ,
«Омӯзгор»