ШИКОРИ ХАРГӮШ

Ӯро ном Сайёд буд ва мардум аз мувофиқати ному амалаш дар ҳайрат буданд, зеро ӯ, воқеан ҳам, шуғли сайёдӣ дошт, аксаран камон дар китф дар кӯҳу пуштаҳо роҳ мепаймуд Сайёди мумтозе буд Сайёд. Мегуфтанд ки ӯ аз шикор ҳеҷ гоҳ нокому дасти холӣ барнагаштааст.
Сайёд аксаран субҳи барвақт бо шикор рафта, шомгоҳон ба деҳа бармегашт. Камон дар китф, кӯлворе дар пушт дошт. Гоҳе шояд дар кӯлвораш ҷой намемонд ё ба аломати тафохур буд, ки сайдашро (ғолибан чанд кабк ё харгӯше) дар миёнаш ҳамоил карда, аз кӯчаи деҳа мегузашт. Дар ин ҳолат ҳама ба ӯ бо ҳавас менигаристанд, бахусус, мо — бачаҳои наврас.
Барои ман бештар харгӯши сайдкардаи Сайёд, ки аз ду пои қафояш дар миёни ӯ ҳамоил буду ҳангоми бовиқор роҳ рафтанаш алвонҷ мехӯрд, басо писанд ва гузашта аз ин, ҳавасангез буд. Дар дилам хоҳиши кӯдаконае пайдо шуда буд, ки боре чунин сайд дар миён овезон аз кӯчаи деҳа гузарам ва ҳама ба ман бо ҳавас бингаранд. Ин хоҳиш, балки ҳавас тадриҷан дар ман неру мегирифт, беқарорам мекард.
Боре омӯзгори адабиётамон ба мо супориш дод, ки дар мавзуи «Орзуи ман» иншои озод нависем. Муҳтавои иншои ман ин гуна буд: «Орзу дорам, ки сайёди моҳире шавам, то сайдҳои худро ба миён баста аз кӯҳсор ба деҳа баргардам ва аҳли деҳа ба ман қоил шаванд, бо ҳавас нигаранд».
Омӯзгорамон дар қатори чанд нафар иншои маро ҳам таъриф кард, вале лабонаш пуртабассум буданд. Пасонтар маълумам гашт, ки ӯ аз мазмуни иншои озоди ман падарамро низ огоҳ карда будааст, намедонам ба чӣ хотир.
Падари ман дар деҳа масъули бахши заминдорист. Ҳама эҳтиромаш мекунанд ва суханашро арҷ мегузоранд. Ман мефахрам аз падарам ва аз он ҳам қаноатмандам, ки аксар хоҳиши дили маро иҷро мекунад. Пайваста таъкидам менамояд:
— Писарам, ман ҳама хоҳиши туро, то имкон дорам, иҷро мекунам, ту танҳо нағз хон, боодоб бош…
Рӯзе Сайёд маро дар назди мактаб боздошта гуфт:
— Додарам Шамшод, омода бош, рӯзи якшанбе бо ман ба сайди харгӯш меравӣ. Ба орзуи деринаат хоҳӣ расид.
Ман дар ҳайрат мондам аз ин «илтифоти» Сайёд.
Субҳи барвақти рӯзи якшанбе, даме ки аҳли деҳа ҳанӯз дар хоб буданду ягон-ягон фарёди хурӯсон ва садои ак-аки сагон ба гӯш мерасид, ману Сайёд озими кӯҳсор шудем.
Пас аз чанд муддат хомӯш роҳ рафтанамон Сайёд, гӯё аз ҳайрати ман огаҳӣ дошта бошад, сухан оғоз кард:
— Падарат одами хуб. Ба ҳама дасти мадад дароз мекунад. Ҳафтаи гузашта ба ман ҳам китъае замин ҷудо кард, то боғе бунёд кунам. Гуфтам, ки ба ивази ин некиятон чӣ кор кунам, гуфт, ки ҳеҷ чиз лозим нест, ман вазифаамро иҷро кардам. Чун бо исрор хоҳиш кардам, ки барояш ягон коре бикунам, гуфт, ки хуб, як хидмати «зӯр» ҳаст. Писарам Шамшодро медонӣ, бачаи бад не, вале ба назарам, андаке булҳавас менамояд. Ин хоси айёми наврасист. Хулоса, писари ман орзу доштааст, ки ба сайди харгӯш раваду хумори дил шиканад. Ҳоло барои ӯ камону шикор хеле барвақт, лекин бигзор бо ту ҳамроҳ як кӯҳу пуштаро тамошо кунаду хумори дил шиканад.
Ман акнун фаҳмидам, ки чаро Сайёд маро бо худ ба шикори харгӯш ҳамроҳ гирифтааст. Дар дил ба падарам арзи сипос кардам.
Сайёд пас аз чанде хомӯш қадам задан боз овоз баровард:
— Шикор ҳушёрию зиракӣ ва эҳтиёткориро мехоҳад, ба вижа, шикори харгӯш. Ин ҳайвон хеле чолоку доност. Бештар дар арчазорон, дар буттазору марғзор мегардад. Ногаҳон аз пеши кас пайдо мешаваду ончунон башаст медаваду меҷаҳад, ки дар ҳайрат мемонӣ. Одатан ба боло ё ба бар мегурезад. То маҷбур нашавад, ба поён намегурезад, чунки пойҳои пешаш кӯтоҳанду қафояш дароз.
Мо чанд пастию баландиро гузашта, ниҳоят, ба мавзеи назаррабое, ки ягон-ягон дарахтони сарсабз (бештар арча) дошт, расидем. Сайёд аз ман хоҳиш кард, ки даҳ-понздаҳ қадам дуртар аз ӯ, оҳиста-оҳиста ва дар мутобиқат бо роҳгардии ӯ ҳаракат намоям. Ба ин тариқ, мо дар ин мавзеъ қариб як соат гаштугузор кардем.
-Шамшод, ист! – ногаҳон нидо дардод Сайёд.
Ман мувофиқи дастури пешакии Сайёд зуд худро паси буттае гирифта, сари по нишастам. Идомаи ҳодиса пеши назарам чун дар саҳнаи кино мегузашт. Тақрибан 15-20 қадам дуртар аз Сайёд харгӯше аз паси кундаи дарахте ҷаҳида, боло гурехт. Ва яке бозистода ба қафо нигарист. Дар ҳамин лаҳза садои камони Сайёд долу дарахтонро ба ларза овард ва харгӯш як аз ҷо ҷасту дароз афтод. Ман бо камоли хурсандӣ дарзамон назди харгӯши тирхӯрда давидам. Сайёд маънидорона ба ман нигаристу (дидӣ, маҳорати акоятро!) харгӯшро сар бурид. Онро ба кӯлвори хеш андохту «шикорро давом медиҳем» гуфт. Вале ман дигар ҳавсалаи шикор надоштам ва мехостам, ки худи ҳозир ба деҳа баргардаму аз ҳодисаи имрӯза бо ҳазору як обуранг ба рафиқон нақл кунам.
Ба лаби чашмае расидем. Чӣ мавзеи зебое, чӣ оби ширин ва чӣ фазои муаттаре!
Дар оби чашма нон тар карда хӯрдем. Лаззати он нон ҳеҷ аз даҳонам намеравад. Сайёд ҳолдон будааст. Ба ман гуфт, ки мебинам, дигар майли шикору тамошо надорӣ. Майлаш, ягон соат ин ҷо дам гир, истироҳат кун. Ман, ҳо, ҳамон гарданаро чарх зада бармегардам. Ин қадар роҳ омада зуд баргаштан (бо як харгӯш) маънӣ надорад.
Сайёд пас аз як-яку ним соат баргашт. Ба кӯлвори пушташ тап-тап зада ханда ба лаб гуфт, ки «акнун харгӯш танҳо зик намешавад, ду кабки дигар дар паҳлӯи ӯст».
Мо роҳ сӯи деҳа пеш гирифтем. Ман шитобкорона қадам мезадам, дилам мехост бидаваму ҳар чӣ зудтар ба деҳа расам. Сайёд вазъи маро хуб мефаҳмид ва табассум бар лаб аз қафои ман мешитобид. Ба деҳа наздик омадем. Ман бозистода ба Сайёд рӯй овардам:
— Ако, харгӯш дар халта бӯй намегирад?
-Ман туро мефаҳмам, мефаҳмам, — гуфт дар ҷавобам ӯ ва харгӯшро аз кӯлвораш берун кашида ба ман дароз кард: — Ма, гир, дар миёнат овезон кун. Бигзор ҳама бинанд, ки ту чӣ қадар сайёди зӯрӣ.
Ман андаке шармида бошам ҳам, зуд харгӯшро гирифта дар миёнам овезон кардам. Акнун харгӯши гӯшдарози нармҷисм дар миёни ман ба ҳавои қадамгузориям алвонҷ мехӯрд. Ман хушбахттарин шахси олам будам. Ин лаҳзаҳо бо ифтихор паҳлӯи Сайёд аз кӯчаи деҳа гузаштам. Ба назарам, ҳама ба ман бо ҳавас менигаристанд.
Сайёд гуфт, ки ман ин харгӯшро ба ту бахшидам, лекин пӯст кандани он кори ҳар кас не. Биё, якбора ба хонаатон меравему ман харгӯшро пӯст канда медиҳам. Сайёд рӯи ҳавлӣ харгӯшро аз ду пои қафояш дар шохи дарахте кашол карда, пӯст канд. Ман ба ӯ мадад мерасондам. Ин дам аз куҷое додарчаам Меҳрзод пайдо шуд ва дақиқае чанд ҳайратзада ба мо нигаристу яке башаст ба хоначаи назди дарвозаамон даромад. Хавотир шуда аз пасаш рафтам. Бинам, дар кунҷи хона худро дароз партофтаасту бо ду даст рӯяшро пӯшида фик-фик гиря дорад. Дилам таҳ кашид.
— Меҳрзодҷон, чӣ гап шуд, чаро мегирйӣ? — даст ба сари додаракам бурдам ман. У чанд лаҳзае дигар аз гиря бознаистод ва чун батакрор пурсиш аз сабаби гиряаш кардам, ниҳоят, сар бардошту сӯям бо қаҳр нигарист ва бо овози ларзони ҷонгудоз гуфт:
— Чаро харгӯшакро куштед?!
Нигоҳаш диламро шикофт, саршор аз таънаву маломат, таассуфу надомат буд ин нигоҳ. Ман то ин дам садои додарамро ин қадар пурҳасрату муассир нашунида будам.
Ҳастиямро обу арақ пахш кард. Дар як лаҳза аз он ҳама ифтихору фараҳмандиям осоре намонд. Баръакс, дар дил нисбат ба худу рафтори худ нафрату таассуф эҳсос намудам.
Зуд ба саҳни ҳавлӣ баромадам. Сайёд ҳамоно гирди ҷисми харгӯш ҷунбуҷӯл дошт. Бехудона фарёд задам:
— Акои Сайёд, зуд харгӯшатонро гиреду аз ин ҷо равед ва дигар, илтимос, харгӯшакеро озор надиҳед! Ман ҳам дигар ба сайди харгӯш намеравам!
Садои ман он қадар қатъиву корагар ва муассир буд, ки Сайёд ба ҷуз бо ҳайрат харгӯшро сари даст гирифта, аз ҳавлии мо берун шудан чорае надошт.
Ба назди додаракам баргаштам ва даст ба гарданаш ниҳодам: — Меҳрзод, ман дигар харгӯшакеро озор нахоҳам дод.
У сар бардошта ба ман дида дӯхт. Ин дафъа нигоҳаш нарму меҳрбор буд. Мо ҳамдигарро ба оғӯш кашидем.

Абдурауф МУРОДӢ