САТҲИ ОЗМУН БАЛАНД БУД

15-уми декабри соли ҷорӣ дар номинаи адабиёти кӯдакон рӯзи охирини сабқати довталабон идома дошт. Раванди баргузории даври ниҳоии озмунро яке аз ҳакамони номинаи мазкур, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода Хосият Олимӣ ба таври зайл шарҳу тафсир бахшид:
-Нахуст таъкид бояд кард, ки иштироки довталабон нисбат ба солҳои қаблӣ дар номинаи адабиёти кӯдакон хеле беҳтар буда, онҳо бо ҷасорату эътимод, иродаю рӯҳи барозанда ва эҳсоси баланд, як навъ ҷӯшу хурӯш ба саволҳо посух мегуфтанд. Маълум, ки бо омодагии ҳамаҷониба (мутолиаю омӯзиши бардавом ва заҳмату ранҷи беҳисоб, бедорхобиҳои шабурӯзӣ) ба озмун ҳозир шудаанд, ки инро аз шеъри фаровони азбаркарда, осори насрии хондаашон ва ҳифзи тезгӯяку чистонҳои зиёд ба гунаи амиқу равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Ба андешаи ман, маҳорату ҳунари иштирокдорони озмун дар байни хонандагони синфҳои 1-4 ва 5-11 нисбат ба довталабон аз қишрҳои мухталифи ҷомеа дар ин номина беҳтару хубтар ба чашм расид. Мактабиён-довталабони номинаи зикршуда дар баёни фикр, қироати шеъру суруд, нақли пораҳои насрӣ аз осори классикони адабиёти форсу тоҷик ва муосир, воқеан, бо ҳунару қобилияти хуби худ пешгом буданд. Аммо ин нуктаро дар мавриди довталабоне, ки аз табақаҳои гуногуни ҷомеа маҳорати худро ба намоиш гузоштанд, ба таври комилу ҳаматарафа наметавон изҳор дошт. Гап дар сари он ки бахши аъзами довталабони гурӯҳи дувум намунаҳои осори назмию насриеро пешниҳод мекарданд, ки борҳо гуфта шуда, такрору забонзад гардидаанд. Иштирокдорон ашъори нобу тозаи шоирони бачаҳоро ба нудрат аз ёд кардаанд, ҳамчунин, ҳангоми сухан кардан, шеърро аз ёд хондан, посух додан ба саволҳо дар хусуси осори насрӣ ба камбудиҳо, аз қабили тарзи нодурусти талаффузи овозҳо, аҳамият надодан ба вазну оҳанги шеърҳо, ғалат баён кардани фикр (махсусан, дар нақли пораҳои насрӣ) роҳ медоданд. Албатта, дар умум, суханронию такаллуми довталабон қонеъкунанда буд, ба хусус, ба шеърхонию нақли асарҳои насрӣ хонандаи синфи 1-и МТМУ №139, шаҳри Ваҳдат Оиша Шамсиддинова (ҷойи 3-юмро гирифт) кас мафтун мегардид. Мо ба донишу маҳорати ин довталаб баҳои сазовор додем.
Дар ин рӯз сабқати довталабон дар номинаи адабиёти классикӣ идома дошт. Ҳангоми суҳбат довталаб Муртазо Комилов, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Конибодом зикр намуд, ки соли чорум аст, дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунад. Соли аввал аз номинаи адабиёти муосири тоҷик, соли дувум номинаи эҷоди назму наср, соли сеюм адабиёти классикии форсу тоҷик дар озмун фаъолона ширкат намуда, то даври ниҳоии озмун баромадааст.
-Ман осори назмию насриеро, ки дар Низомнома барои мутолиа пешниҳод шудаанд, вале дар мактаб омӯхта намешаванд, мутолиа кардам ва хондани ин асарҳоро ба шогирдон тавсия намудам. Аз асарҳое, аз қабили ҳикояҳо аз китоби «Ҳазору як шаб», «Синдбоди ҳаким», «Марзбоннома», «Мақомоти Ҳамидӣ» ва ғайра хеле кам дар китоби «Адабиёти тоҷик» ҷой дода шудаанд. Тариқи қуръапартоӣ якум шуда, барои посух гуфтан дар озмун иштирок кардам. Ҳанӯз аз посухҳои додаам қаноатманд нестам. Зиёда аз 2000 байт, 42 асари насрӣ, рубоию дубайтӣ, қитъа, ғазал ва достонҳо аз ёд кардаам.
Гумон мекунам, ки ҳоло ҳам бештар омӯхту осори адибони классики форсу тоҷикро мутолиа кард. Банда зиёда аз 30 сол мешавад, ки ба касби омӯзгорӣ машғулам. Бояд хотиррасон кард, ки шогирдонам ҳамасола дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунанд ва то даври ниҳоӣ расида, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. М.Комилов афзуд, ки озмуни номбурда иқдоми судманду муассир буда, онро метавон ба ниҳоле шабоҳат дод, ки акнун реша давонда, сабзу пуртароват гардида, дар айни нашъунамост. Баъди чанд сол он тановару бузург шуда, самараи нек хоҳад дод. Ба андешаи ман, аз байни ғолибони озмун оянда олимону донишмандон, пажуҳишгарон ва шоирону нависандагони варзида мебароянд, ки бо фаъолияти судманди хеш дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми мондагор хоҳанд гузошт.
Дар хотима бо эътимод изҳор медорам, ки минбаъд низ (пирӯзӣ ба даст орам ё наорам!) дар озмун сарбаландона ширкат хоҳам кард. Довталаб, омӯзгори забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Дамобии ноҳияи Сангвор Маҳмадшо Мирзоев соли чорум аст, ки дар озмун аз номинаи адабиёти классикӣ иштирок мекунад.
-Соли 2020 8 нафар шогирдам дар даври ноҳиявии озмун ва 4 нафар дар даври минтақавӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, — иброз медорад М.Мирзоев ва тавзеҳ медиҳад, ки соли 2021 боз 7 нафар хонанда дар даври ноҳиявӣ ва 4 нафар дар даври минтақавии озмун ширкат намуданд. Имсол бошад, бо дастгирию кумаки устоди заҳматкаш 5 нафар шогирдаш дар даври ноҳиявӣ ва 4 нафар дар даври минтақавӣ хеле хуб донишу маҳорати худро нишон доданд. Писараш, хонандаи синфи 2 Яҳё Маҳмадшоҳзода соли равон, инак дар даври ниҳоии ҷумҳуриявии озмун дар номинаи адабиёти классикӣ ширкат мекунад. Яҳё ду сол дар даври минтақавӣ фаъолона иштирок намудааст. Вай ба даври ниҳоӣ омодагии ҳамаҷониба дида, зиёда аз 200 ғазалу рубоӣ аз ёд ва 30 асари насриро мутолиа кардааст. Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Шуғнон Хурмо Муминшоева яке аз дигар иштирокчии номинаи адабиёти классикӣ дар даври ниҳоии озмун маҳсуб меёбад. Вай ба мо гуфт, соли аввал аст, ки дар озмун иштирок мекунад, шогирдонаш бошанд, соли гузашта дар даврҳои ноҳиявию вилоятии озмун ғолибият ба даст оварда, дар даври ниҳоӣ ширкат намудаанд.
-Ман ба осори шоиру нависандагони адабиёти классикии форсу тоҷик шавқу таваҷҷуҳи беандоза дорам, — мегӯяд Х.Муминшоева ва зикр мекунад, ки ба ин мақсад 250 ғазал, 145 рубоӣ, 15 қасида, 13 порча аз достонҳо, мухаммас, тарҷеъбанд, қитъа ва дигар анвои назмиро аз ёд намудааст. Донишу маҳораташро дар назди ҳакамони сахтгир хеле хуб нишон дода, ба саволҳои эшон посухҳои дақиқ ироат кардааст. Ба таъкиди довталаб, меҳру муҳаббати мутолиаи осори бадеиро дар замири ӯ устодаш, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳия Амиршо Қаландаршоев бедор кардааст. Х.Муминшоева ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар қиболи адабиёти тоҷик таваҷҷуҳи хоса дорад ва оянда ба таълифи рисолаи илмӣ машғул хоҳад шуд. Узви ҳайати ҳакамони озмун аз номинаи адабиёти классикӣ, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ ба номи С.Улуғзода Мушкинисо Раҳимова дар хусуси маҳорату ҳунари довталабон андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки озмуни имсола аз озмунҳои солҳои қаблӣ хеле фарқ мекунад. Теъдоди иштирокчиёни озмун ба маротиб афзудааст. Маълум аст, ки дар қиёс бо солҳои гузашта довталабон тайёрии хуб дидаанд, осори фаровони назмию насриро аз адабиёти классикӣ мутолиа кардаанд. Лекин баъзе норасоии ҷузъӣ дар посухҳои онҳо ба мушоҳида расид. Таври мисол, дар ҷузвдонҳои онҳо дар дарки маънии абёту ғазалҳо, дар донистану фарқ кардани анвои шеърӣ, хусусан, дар шинохт ва муайян кардани қасида ва намудҳои он, номбар намудани шоирони қасидасаро ҳоло ҳам иштирокдорони номина душворӣ мекашанд. Дар умум, довталабон метавонанд ин камбудиҳоро минбаъд ислоҳ намоянд ва сазовори баҳои шоистаи доварон гарданд.
Тавре маълум аст, дар номинаи эҷоди назму наср низ довталабони зиёде ширкат намуданд. Раиси ҳайати ҳакамони номинаи мазкур, нависанда, мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ изҳор дошт, ки қобилияту маҳорати довталабон аз рӯйи таълифи осори бадей, ки дар Низомнома омадааст (5 ҳикоя, 1 повест, 2 эссе, 2 драма) яксон набуд. Албатта, дар байни иштирокчиёни номина онҳое ҳам вохӯрданд, ки лаёқати хуби қаламкашӣ доранд, забону тарзи баён, инкишофи раванди воқеаҳо дар асарҳояшон ҷолиб мебошад. Вале дар умум, ҳоло барои пухтаву мукаммал гардидани навиштаҳои онҳо вақти муайян лозим аст.
-Дар байни довталабон шахсони аз баҳои гузоштаи ҳакамон норизо низ буданд, ки бо ариза ба комиссияи тадорукотӣ муроҷиат намуданд. Ҳайати комиссияи апеллятсионӣ бо довталабони номина, ки 6 нафарро ташкил медоданд, суҳбат карда, баромади онҳоро аз навор дар ҳузурашон тамошо ва камбудиҳои асарҳои пешниҳодкардаашонро хотиррасон ва таъкид карданд. Ҳамин тавр, довталабон дар номинаҳои адабиёти ҷаҳон, адабиёти муосир маҳорату малакаи худро нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Довталаб Динора Усмонова, омӯзгори таърихи литсейи рақами №1-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки дар номинаи адабиёти кӯдакон ва осори шифоҳй қобилияти худро санҷидааст, соли аввал аст, ки дар озмун ширкат мекунад.
-Асарҳои барои бачагон иншошуда шавқовар, ҷолиб ва хонданиянд, — мегӯяд вай. Дар ин номина на танҳо асарҳои адибони тоҷик ва эҷодиёти шифоҳии халқ, балки осори шоиру нависандагони муосир, классикӣ, ҷаҳон аз довталабон пурсида мешавад. Ман бо ду забон — русӣ ва тоҷикӣ сухан рондам. Омӯзгори синфҳои ибтидоии литсей Саломат Фаттоева дар дарёфту мутолиаи осори бадеии кӯдакона кумакам намуд, ки аз он кас хеле миннатдорам.
Содиқ Ашӯров, мушовири фанҳои забон ва адабиёти тоҷики кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ изҳор дошт, ки собиқаи кории 36 — солаи омӯзгорӣ дорад. Номбурда ба хотир овард, ки ҳанӯз соли 2013 дар озмуни нашрияи «Омӯзгор» — «Тафсири як байти Ҳофиз» иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардида буд. Шогирдонаш низ дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Акнун худи омӯзгор соли чорум аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок менамояд. Бино ба иқрори мавсуф, вай дар даври ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷойи якумро ишғол намуда, бо азбар кардани 120 ғазал, 200 рубоӣ, 150 байти достон, 150 байт аз ашъори гуногун ва 100 байт аз қасида аз рӯйи номинаи «Адабиёти классикӣ» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтааст. Номбурда афзуд, ки соҳиби китобхонаи шахсист, ки шомили панҷ ҳазор нусха китоб аст. С. Ашӯров соҳиби чор нафар фарзанд буда, ду нафари онҳо низ касби падарро интихоб кардаанд ва шуғли дӯстдоштаи онҳо китобхонист. Тавре омӯзгор гуфт, ӯ ба эҷодкорӣ низ майл дорад. Намунаи шеърҳояш дар рӯзномаи ноҳиявии «Машъал» ва рӯзномаи хусусии «Суханвар» ба табъ расидаанд.
Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш Сайнеъмон Сайғуфронов соли дуюм аст, ки аз рӯйи номинаи «Адабиёти классикӣ» дар озмун иштирок менамояд. Вай соли 2014 пас аз хатми ДДЗТ ба номи С. Улуғзода дар коллеҷ дарс гуфта, ҳамзамон, бахши магистратураи донишгоҳи зикргардидаро ба итмом расонидааст. Номбурда иброз дошт, ки бо баргузории ин озмун осори ҳазорсолаи адабиёти миллиамонро эҳё мегардонем. Ӯ низ ба даври чорум роҳ ёфта, бо пешниҳоди 300 байт аз достонҳо, 1000 байт аз ашъори классикон, 120 рубоӣ ва дубайтӣ, 40 адад намунаи асарҳои насрӣ ба даври чорум роҳ ёфтааст.
Сафина Имматшоева, хонандаи синфи 11-и литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ иброз дошт, ки дар номинаи хондан ва азёд намудани осори адибони классик дар даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Вай гуфт, кӯшиш кардам, ба ҳамаи саволҳои додашудаи ҳайати ҳакамон ҷавоби муфассал дода, дониши худро нишон диҳам. Боварӣ доштам, ки ба даври чорум роҳ меёбам, зеро хеле ҷиддӣ тайёрӣ дида будам. Ин ҳадафи ман буд, ки ба даври чорум роҳ ёбам ва хушбахтона, ба орзуи худ расидам. Дар китобхонаи шахсиамон бештар аз 500 адад китоби гуногуни бадеӣ дорем. Ҳамчунин, барои дарёфти китобҳо волидон, устодон ва дӯстонам кумак карда, аз китобхонаҳои шаҳрию вилоятӣ ва мактабӣ адабиёти тавсияшударо пайдо намудам.
Модарам омӯзгор ва падарам хизматчии давлатист. Модарам аз фанни таъриху ҳуқуқ дарс медиҳанд. Дар ин озмун маротибаи дуюм ширкат меварзам ва соли гузашта дар даври чорум сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида будам. Дониши худро дар дигар номинаҳо низ санҷидам. Тарзи баргузории озмун ба ман писанд омад. Муносибати хуби ҳакамон ва дониши мукаммал доштани худи онҳо маълум шуда меистод. Бевосита аз асарҳои хондаам саволҳои мушаххас медоданд. Муомилаи неку меҳрубонона доштанд ҳайати ҳакамон. Мехостам, ки соли оянда низ дар ин озмун ширкат варзам, вале тибқи Низомномаи озмун, азбаски сазовори ҷойи аввал гардидам, ҳуқуқ надорам, ки дар се соли оянда дар озмун иштирок намоям. Мехоҳам ба ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил гардида, табиб шавам.
Ҳамин тавр, дастгирӣ, таваҷҷуҳ ва қадршиносии онҳое, ки имрӯзҳо ба хотири муаррифии ганҷинаи бузурги миллати тоҷик, ки аз таърих ва гузаштаи миллати тоҷик сарчашма мегирад ва имрӯз миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари соҳибтамаддуну соҳибмаърифат муаррифӣ гаштааст, собитгари сиёсати дурандешона ва маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хоса Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ташкил ва баргузор намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми қишри ҷомеаро баҳри омӯзиш ва соҳибилм гардидан водор сохт.
Натиҷа ҳамин аст, ки дар баробари наврасон, пиронсолону ятимон ва шахсони дорои имконияташон маҳдуд низ дар озмуни мазкур бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ширкат варзида, аз ғамхориҳои навбатии Пешвои миллат баҳравар гаштанд. Дар ин баробар 45 нафар падару модарон ва омӯзгорони ғолибон бо мукофотҳои таъсиснамудаи озмун сарфароз гардонида шуданд.
Дар замоне ки ҳар як фарди ҷомеа дар худшиносй ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба густариши эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа мусоидат менамояд. Ин рӯйдоди беназир дар тӯли таърих ва давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад, ки аз арҷгузории баланд ба фарҳангу китоб ва ғамхории падаронаи Пешвои миллат ба мардум шаҳодат медиҳад. Аз оғози соҳибистиқлолӣ Сарвари кишвар ба китобу китобхонӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди он саҳми арзишманд гузоштаанд ва ба ин васила, эҳёгари китобхониву китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони муосир ҳастанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
Ҳотами ҲОМИД,
«Омузгор»