Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (аз 22 декабри соли 2016) таъкид доштанд, ки «Кишвари мо рохи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мебошад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид буда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ, принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро риоя намуда, дар заминаи он 7 ҳуҷҷати муштараки Паймони байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва 4 Протоколи иловагиро қабул намудааст.
Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки меъёри он аз аввал то ба охир ба эътирофу эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсон равона шудаанд. Аз ҷумла, дар муқаддимаи он чунин гуфта шудааст:
«Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳукуқи шахсро муқаддас шуморида, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Дар сар то сари Конститутсия меъёрҳои ҳуқуқи инсон таҷассум ёфтааст ва он яке аз панҷгонаи конститутсияи беҳтарин дар Аврупо эътироф гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд, аз ҷумла, бо кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, судӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда.
Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо мақсади таъмини кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт ва ба принсипи эътирофшудаи байналмилалии инсондӯстӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷиноятӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004, №45 қабул гардид, ки яке аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт буда, тибқи моддаи 2-и қонуни мазкур аз 30 апрели соли 2004 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҷазо дар шакли қатл ба муҳлати номуайян боздошта шудааст.
Яне мутобиқи моддаи 1, Қонуни мазкур татбиқи ҷазо дар шакли қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, инчунин, иҷрои ҷазои қатл ва дигар қоидаҳои вобаста ба он, ки дар моддаҳои 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, боздошта шуд. Дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол муайян гардид.
Яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигаре, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо қабул гардидааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонидани онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошад.
Инчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ зиёда аз 16 маротиба қонунҳо дар бораи авф қабул гардиданд, ки дар асоси ин қонунҳо зиёда аз садҳо ҳазор шахсе, ки кирдорҳои ҷиноятӣ содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуда, ба ҳаёти осоишта баргаштанд.
Соли 2009 дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи инсон -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба фаъолият шуруъ кард. Яке аз вазифаҳои асосии ин ниҳод, мусоидат ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Инчунин, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», 19 июли соли 2022, №1890 ба имзо расонида шуд, ки ин ҳуҷҷат далели истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ бо Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мебошад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 13, қонуни мазкур, Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз муқарраргардида, ариза ва шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсонро оид ба ҳолатҳои табъиз баррасӣ менамояд.
Бо мақсади иҷрои самараноки вазифаи зикршуда бо пешниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №678 тасдиқ гардид.
Барнома барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шуда, дар рушду таҳкими ҳуқуқи инсон дар мамлакат нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳравнд таҳкими қонуният, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2023 оид ба амалисозии Консепсияи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №54 қабул гардид, ки айни ҳол мавриди амал қарор дорад.
МАҶИДЗОДА Саидумар Шамсуддин,
мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи раиси
ноҳияи Фирдавсӣ
