Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон масири тайкардаи Сардори давлат ҳамчун кафили таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, барномахои бузурги созандагӣ, раҳоӣ аз вартаи нобудӣ ва роҳ гирифтан суи озодиву истиқлоли воқеӣ бо далелу арқом ва асноди муҳим шарҳу тафсир ёфтанд.
Муроҷиатҳои пайвастаи Пешвои миллат ба мардуми тоҷик дар шароити муосири чаҳонӣ дар самти аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва таъмини суботу амнияти кишвар, даъвати мардум ба корномаҳои созандагӣ бори дигар аз он гувоҳӣ доданд, ки Пешвои миллат бо дарки масъулияти баланди раҳнамоӣ ба халқу Ватан ҷомеаро барои анҷоми ибтикороти созанда баҳри таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ ва расидан ба қадри даврони имрӯзаи босаодат ҳидоят мекунанд. Аз ҷумла, дар ҳошияи шарҳу таҳлили вазъи кунунии ҷаҳони муосир аз мардуми Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи ҳифзи соҳибихтиёрии кишвар, таҳкими субот ва ваҳдати миллӣ бояд як лаҳза ҳам дар ғафлат набошем ва муҳим аз ҳама ҳамон ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем: «Вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз масъалаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти давлату миллат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ғофил набошем.
Дар робита ба ин, ҳар як фарди бонангу номуси миллатро бори дигар даъват менамоям, ки бо дарки амики масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан минбаъд дар рушду тараққиёти бомароми давлати соҳибистиқлоламон ва раванди созандагии сарзамини муқаддасу биҳиштосоямон боз ҳам бештар ҳиссагузор бошад».
Дар ин суханронии ҷашнӣ бори дигар руҷуъ намудан ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат аз он паём расонид, ки воқеан, сиёсати давлат дар соҳаи илму маориф дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба маҷмуи барномарезиҳои Пешвои миллат дар самти маорифи кишвар шаҳодати он аст, ки ин тадбирҳои наҷиби маорифпарварона низ сарчашма дар ҳамин анҷумани саодати халқ доранд. Роҳбари тозаинтихоби кишвар дар рӯзҳои сахту сангини миллат дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи XVI- Шурои Олии Тоҷикистон дар баробари таъйини барномаҳои бузурги давлатӣ масъалаҳои мубрами соҳаи маорифро низ баррасӣ намуда, аз ҳамон айём ба нақши калидии ин самти муҳими давлатӣ таъкид варзиданд. Ин буд, ки яке аз аввалин мулоқотҳои Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шурои Олии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 1993 бо ҷавонон, хоса донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе, ки бо сабаби вазъияти душвори пойтахт ба таътил фиристода шуда буданд, баргузор гардида, ҳадафи асосии онҳо идомаи таҳсил ва боло бурдани сатҳи маърифати хеш муқаррар гардид.
Бояд гуфт, ки дар самтгирии низоми маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон дар дарозои бештар аз 30 сол мо ҳамеша ин тадбири муҳим — дастгирии истеъдодҳои ҷавонро эҳсос мекунем, чун ҳанӯз аз соли 1998 барои дастгирии олимони ҷавон Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуда, стипендияҳои Президентӣ ҳамасола меафзояд. Ба зиёда аз 3000 сомонӣ расонидани ин стипендияҳо худ далели равшани таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба дастгирии истеъдолҳои ҷавон ба шумор меравад.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дастгирии истеъдодҳои ҷавон яке аз омилҳои муҳими таъмини ободии ояндаи Ватан ба шумор меравад. Аз ин рӯ, вазифаи кормандони соҳаи маорифи кишвар, аз он иборат аст, ки барои кафолати фардои обод «аз байни онҳо олимону донишмандон, муҳандисону меъморон, табибону омӯзгорон, ихтироъкорону навоварон, лоиҳакашону бинокорон ва дигар кадрҳоеро тарбия кунем, ки фардои дурахшону осудаи давлату миллатро таъмин карда тавонанд».
Дар баробари иқдомоти таъкидшуда, барои расидан ба ин ҳадафи бузург ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки аз ҷониби Пешвои миллат тадбирҳои дигари муҳим ва зарурӣ андешида мешавад. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва оғози озмуни «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар шумори муҳимтарин иқдомоте ҳастанд, ки барои дастгирии истеъдодҳо ва тарбияи наслҳо равона шудаанд. Дар баробари ин, мо, кормандони соҳаи маориф ва илми кишварро низ зарур аст, ки пеш аз ҳама ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таълим дар мактабу донишкада ва донишгоҳҳои олӣ аҳамияти хоса зоҳир намоем.
Муҳимтар аз ҳама эҳсос мешавад, ки Пешвои миллат бо боварӣ ва эътимод ба ҷавонон сухан мекунанд. Аз ин рӯ, дар ин суханронӣ низ бо муроҷиат ба ҷавонони ватандӯсти тоҷик таъкид доштанд, ки «Мо бо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки онҳо ҳамчун насли ояндасоз роҳи пешгирифтаи моро ба таври сазовор идома медиҳанд, давлату миллати худро соҳибӣ мекунанд ва обруи тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд».
Пешвои миллат бори дигар рушди илму маорифро ҳамчун омили таҳким ва таъмини давлати пешрафта ва тараққикарда унвон намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро бар он равона намуданд, ки бояд дар ин самт, яъне мусоидат ба пешрафти соҳаи илму маорифи тамоми талошу кӯшишҳои хешро равона намуданд. Аз ҷумла, дар ин росто таъкид доштанд, ки «Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта дошта бошем ва фарзандону набераҳоямон дар Ватани боз ҳам ободу тараққикарда зиндагӣ кунанд, имрӯз бояд ба рушди илму маориф ва неруи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамаи саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро ба ин самти муҳимтарину ояндасоз сафарбар намоем».
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи омӯзиши илму дониш ва фарогирии касби ҳунар тарафи дигари муаммоҳои ҷомеаи имрӯзро равшан мекунад. Маълум аст, ки яке аз сабабҳои ба хурофоту ақоиди ифротӣ гирифтор шудани ҷавонон ҳамин бедонишӣ ва камсаводӣ, огоҳ набудан аз аслу моҳияти таълимоти дини мубини ислом, китоб нахондан мебошад. Ба ин хотир, аз ҷавонони кишвар даъват ба амал оварданд: «Фоҷиае, ки солҳои навадуми асри гузашта ба сари миллати тоҷик омад, бояд ба ҳамаи мо ва наслҳои ояндаи миллатамон сабаки ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошад. Аз ин лиҳоз, мо набояд ба паҳншавии акидаҳои хурофотпарастона ва расму оинҳои милливу мазҳабии бегонаву ифротӣ роҳ диҳем».
Мутаассифона, чунин ҳолатҳои ташвишовар дар ҷомеа зиёд ба чашм мерасанд ва ҳанӯз ба ҷои огоҳӣ аз пешрафтҳои ҷаҳони муосир, кайҳоншиносӣ гурӯҳе аз мардум таҳти таъсири хурофот ва ақидаҳои хурофотии ба аслу ҷавҳари дини мубини ислом бегона пойбанд ҳастанд. Моро зарур аст, ки наслҳоро дар руҳияи омӯзиши илму маърифат, осори гузаштаи пурифтихори хеш даъват намоем ва боварии комил дорам, ки ҳар касе, ки аз адабиёти оламшумули мо бархурдор аст ва осори классикони моро мутолиа мекунад, ҳеҷ гоҳ таҳти таъсири чунин ғояҳои хурофотӣ қарор нахоҳад гирифт, чун адабиёт ва фалсафаи гузаштагони мо ҳамеша ғояи муқовимат бо хурофот ва ҷаҳолату таассубро талқин мекунад.
Обидҷон МАҲМУДЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон