Китоб роҳнамову роҳкушои инсоният буда, оне, ки ба ин ганҷи маънавӣ руй меорад, ҳамеша сарбаланду муваффақ мегардад. Миллати тоҷик аз қадим ба китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Донишмандону адибони барҷастаи тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо асарҳои мондагору арзишмандашон кишвари моро муаррифӣ кардаанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва муборизаи фарҳангҳо роҳи наҷоту пешрафт рӯй овардан ба фарҳанги бою ғанӣ ва китоб мебошад, ки тӯли ҳазорсолаҳо аз насл ба насл омада, ба мо мерос мондааст. Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба омӯзишу мутолиа дар мамлакати мо бештар гардид ва асарҳои зиёде таҳияву таълиф ва чоп шуданд. Гузашта аз ин, дар гӯшаву канори мамлакат ҳамасола китобхонаву марказҳои фарҳангӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дастрасӣ ба асарҳоро барои тамоми қишрҳои ҷомеа осон мегардонад. Дар баробари ин, осори адибони классику муосири тоҷик дар 50 ҷилд бо номи «Ахтарони адаб» нашр гардид, ки қадами устувор барои боз ҳам қавӣ гардонидани робитаи хонанда бо китоб мебошад. Инчунин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар 30 ҷилд барчидаи осори адибони муосири тоҷик чоп шуд, ки барои омӯзгорону устодон, мактабиён ва умуман, аҳли маориф муҳим мебошад. Ҳамасола дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд асарҳои зиёди бадеӣ чоп ва дастраси муассисаҳои таълимӣ мегарданд, ки хонандагон аз онҳо ба таври огоҳона истифода мекунанд. Ин ҳама имкон фароҳам меорад, ки насли наврас ва ҷавонон аз имконоти мусоид истифода намоянд ва донишу ҷаҳонбинии хешро таҳким бахшанд.
Соли чорум аст, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳурияии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад, ки ба дарёфти истеъдодҳои ҷавону лаёқатманд мусоидат мекунад. Озмуни мазкур тавонист дар як муддати кӯтоҳ таваҷҷуҳи насли наврас ва умуман, тамоми қишрҳои ҷомеаро ба омӯзишу мутолиа бештар намояд. Ба андешаи инҷониб, озмуни мазкур метавонад, ки аз як тараф, таваҷҷуҳи насли наврасро ба омӯзишу мутолиа бештар намояд, аз ҷониби дигар, донишу ҷаҳонбинӣ ва маърифати онҳоро баланд гардонад. Инчунин, онҳоро сухандону суханвар мегардонад. Имрӯзҳо даври ниҳоии озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён дорад. Пешниҳоди он тавассути телевизон ба қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсири мусбат мерасонад, зеро тарзи баёну гуфтори довталабони кӯдакони хурдсол нишон медиҳад, ки онҳо ба маъниву дарки асарҳои хондаашон амиқ фурӯ рафтаанд ва ҳадафу ғояи адибонро хуб маърифат кардаанд.
Дар ин замина, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Дарвоқеъ, дар ин самт мо-омӯзгоронро низ зарур аст, ки дар раванди тадриси хонандагон масъулияти бештар эҳсос намоем ва аз зинаи аввали таҳсил роҳҳои шавқманд намудани хонандагонро ба омӯзишу мутолиа ҷалб кунем, зеро ин омил имкон фароҳам меорад, то насли ватандӯсту хештаншиносро ба камол расонем.
Ҷонигули НОИЛШО,
омӯзгори санъати тасвирии Муассисаи
таълимии хусусии «Литсейи Раҳнамо»-и шаҳри Душанбе