ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

Масъалаи бо технологияи замони муосир (компютеру тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо) таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ пайваста дар мадди назари раҳбарияти Вазорати маориф ва илм қарор дошта, дар ин самт барномаҳои махсуси давлатӣ қабул карда мешаванд.

Ҳадаф аз қабули аз барномаҳои давлатӣ марҳала ба марҳала харидорӣ ва муҷаҳҳаз гардондани синфхонаҳои    технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо ба шумор меравад. Дар хусуси татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2018-2022 директори Маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдураҳмон Гулзода чунин иброз дошт:

-Ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур тӯли 4 сол корҳои зиёде анчом дода шуданд. Аз ҷумла, масъалаи асосӣ, ки дар банди сеюми барнома амалишавии он таъкид гардидааст, мунтазам тачҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо ва ташкил намудани синфхонаҳои компютерӣ маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки дар тӯли солҳои 2018-2021 дар муассисаҳои таълимии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 124 синфхонаи нави технологияи иттилоотӣ ташкил ва бо компютер, мизу курсӣ ва дигар тачҳизоти техникӣ таъмин карда шуданд. Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 3670 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 319 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 842 адад мавҷуд аст. Тибқи талаботи нақшаи дурнамои Барномаи мазкур, дар давоми 5 сол бояд 52017 адад компютер харидорӣ ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешуд. То моҳи октябри соли чорӣ, дар умум 20183 адад компютер харидорӣ гардидааст, ки ин 39 фоизи ичрои нақшаро ташкил медиҳад. Феълан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 81002 адад компютер ва 4076 адад тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд.

Бояд қайд кард, ки соли равон нақшаи харидории компютерҳо дар вилоятҳои Суғд 978 адад, Хатлон 1250 адад. шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1025 адад, шаҳри Душанбе 773 адад, ВМКБ 63 адад ичро гаридааст. Нақшаи харидории тахтаҳои электронӣ бошад, дар вилоятҳои Сугд 187 адад, Хатлон 281 адад, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 64 адад, шаҳри Душанбе 48 адад ва ВМКБ 4 ададро ташкил медиҳад. Ҳоло 2610 адад компютер дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба шабакаи ИНТЕРНЕТ пайваст карда шудаанд. Банди чоруми Барнома таъминоти барномаҳои компютерии иҷозатномавӣ (литсензионӣ) ба ҳисоб меравад. Айни замон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 226 адад барномаи компютерии ичозатномавӣ мавчуд мебошад. Ҳамзамон барои бо барномаҳои компютерии ичозатномавӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ба унвони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуб ирсол гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, то ибтидои моҳи октябр дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 4076 адад тахтаи электронӣ ва 4984 адад видеопроектор мавриди истифода қарор доранд. Дар маҷмуъ, мувофиқи нақшаи барнома дар панҷ сол аз 3393 ададтахтаи электронӣ, 2716 адад тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст, ки ин 80 фоизи ичрои нақшаро ташкил медиҳад. Банди шашуми Барнома таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мебелҳои махсусгардонидашудаи компютерӣ буда, ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ 25730 мебели махсусгардонидашуда мавчуд аст.

Дар масъалаи таҳияи маводи таълимии электронӣ бо забони давлатӣ барои ҳамаи фанҳо аз чониби Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ як қатор корҳои назаррас ба анчом ра- сонида шудаанд. Дар ин муддат шакли электронии 167 адад китоби дарсӣ бо теъдоди 132000 нусха дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст. Ҳамчунин, аз тачрибаи пешқадами омӯзгорон 600 дарс ба навор гирифта шуда, бо теъдоди 135000 нусха ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудааст. Дар баробари китобҳои дарсӣ, шакли электронии китобҳои бадей низ ба китобхонаҳо ирсол гардидааст. Дар мачмуъ, аз фанҳои таълимӣ 670 кори лабораторӣ бо забони давлатӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудаанд. Банди даҳуми Барнома ташкили торнамои таҳсилоти фосилавӣ бо маводи электрониро дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи торнома омода гардидааст, ки аз 12 платформа иборат буда, дар арафаи анҷомёбист. Ташкили курсҳои омӯзишй яке аз дигар самтҳои фаъолияти марказ ба шумор меравад, ки барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда мешавад. Ташкили курсҳои омӯзишӣ тибқи барнома ва нақшаи омӯзиши якмоҳаи «Барномаҳои Office» ва «Интернет-технология» дар таътили зимистона, тамоми роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мактабҳои Президентӣ ва литсейю гимназияҳоро фаро мегирад. Барои баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон, кормандони раёсат ва шуъбаҳои маориф, инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар давраи таътилҳои зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ Марказ курсҳои омӯзиши истифодабарии технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо)-ро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монд, ки дар ин давра 48896 нафар омӯзгори таълимгоҳҳо ба курсҳои зикршуда фаро гирифта шуданд. Банди 13-и Барнома ташкили семинар-конфронсҳоро доир ба азхуд- кунии тачрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар бар мегирад. Ва- зорати маориф ва илм баҳри баланд бардоштани тафаккури техникии омӯзгорон ва мутахассисон семинар-машварат дар мавзуи «Тақвияти истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим» ва «Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ — коммуникативӣ дар муассисаҳои таълимӣ»-ро бо иштироки директорони марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маориф, инчунин, омӯзгорони технологияи информатсионии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, минтақдҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхй, Кӯшониён, шаҳри Нораки вилояти Хатлон, вилояти Сугд, минтақди Рашт, шаҳри Ҳисор давра ба давра ташкил ва баргузор намуд. Банди 15-и Барнома, ҳамоҳангсозии маводи таълимӣ электронӣ бо маводи таълимии анъанавӣ мебошад.

Тибқи талаботи барномаҳои таълимӣ, маводи таълимии электронӣ омода ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудаанд. Марказ дорои сомонаи худ буда, ҳамзамон платформаҳои  рақамии «Сандуқчаи зулбиё», «Китобхонаи электронӣ», «Мактаб-мобайл» ва «Омӯзгор- мобайл»-ро таҳия намудааст, ки дар онҳо шакли электронии китобҳои дарсӣ (с. 1-11), китобҳои бадей, асарҳои бачагона, видеофилмҳои таълимӣ ва мавод барои истифодабарии муҳассилин, омӯзгорон ва во- лидайн дар домайни tj дастрас мебошад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
 «Омӯзгор»