БИНОИ НАВИ МАКТАБ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супориданд.
Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Муллоқандов сохта шудааст.
Дар муассисаи тозабунёд 720 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Даргоҳи нави маърифат дорои 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёниятҳои таълимӣ маҷаҳҳаз аст.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи хонандагон дар даргоҳи нави маърифат бо лоиҳаи иншооти нави ёрирасони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат шинос гардиданд.
Президенти мамлакат, муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда ба соҳибкори ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи илму маорифи мамлакат бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавии таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон изҳори сипос намуданд.
13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоцон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии “Шоҳ”-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.