«ДОНИШНОМАИ ЗАБОНҲО»-ПАДИДАИ ТОЗА ДАР ЗАБОНШИНОСӢ

Забон бузургтарии дороии ҳар халқ аст.

М.ШоЛоХоВ

Барои инсоният сарвате волотару болотар аз забон нест, зеро маҳз тавассути забон, ки муҳимтарин василаи бартарии одамон аз ҳама мавҷудоти зиндаи дигар буда, сатҳи олии тафаккурро ифода мекунад, мубодилаи байниҳамдигарии мардумро таъмин месозад, шукуҳбахшу маъниафзои зиндагӣ мешавад. Оинаи рӯзгорони дирӯзу имрӯзи ҳар халқу миллат забон аст ва ҳама сарвати маънавӣ, фарҳангу донишу хиради миллат тавассути забон ифода меёбад ва аз насл ба насл интиқол мешавад.
Файласуфи маъруфи фаронсавӣ Ҷорҷ Батай изҳор доштааст, ки «Ҳастии инсонҳо бо забони онҳо алоқаи ногусастанӣ дорад». Ба ин мазмун ҳамбаста ба омилҳои дигар метавон гуфт, ки барои хуб донистану шинохтани ҳар қавму халқу миллате муҳимтар аз ҳама маълумот доштан дар бораи забони онҳост. Дар хусуси забонҳо ва тамоми масоили марбут ба онҳо ҷилд-ҷилд китобу даста-даста мақолаву рисола навишта шудааст, вале маълумоти асосию бунёдӣ ва саҳеҳ оид ба забонҳо маъмулан дар китобҳое бо номи «Донишномаи забонҳо» гирд оварда мешаванд. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо ин ном китоб борҳо (бо тасҳеҳу такмил) ба нашр расидааст. «Донишномаи забонҳо» муҳимтарин сарчашма барои шинохти забонҳои дунё ва донистани хусусиёту мақому нуфузи онҳост. Дар ҷумҳурии мо, мутаассифона, то соли равон чунин китоб мавҷуд набуд, ҳарчанд ниёзмандии зиёд нисбат ба он мушоҳида мешуд. Хонандагони тоҷик оид ба забонҳои ҷаҳон аз мақолаҳои алоҳида, донишномаҳо ва китобҳои марбут ба забоншиносӣ метавонистанд танҳо маълумоти фишурда ба даст оранд. Ин халои илмию маънавӣ дар кишварамон, инак, бо эҳтимоми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва бо азму иродаи декани факултаи филологияи тоҷики ин донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёри Абдураҳим бартараф карда шуд. Китоби «Донишномаи забонҳо»-и ин донишманди пуркор, ки дар ду чилд (37 ҷузъи чопӣ) мураттаб гардидааст, воқеан ҳам, рухдоди муҳиму фараҳборест дар забоншиносии тоҷик. Дар оғози китоб бо номи «Аҳамияти забондонӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ» мақолаи муфассалу пурдалели ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Жило Гулназарзода ҷой дода шудааст, ки барои фаҳми дурусти «Донишномаи забонҳо» ва ҳадафҳову вижагиҳои таълифи он ба хонандагон мадад мерасонад. Сарвари донишкада вобаста ба таҳия ва нашри ин китоб чунин нигоштааст: «Ҳадафи китоби «Донишномаи забонҳо» аз шинос намудани донишҷӯён, тамоми аҳли ҷомеа бо вазъи забонҳои дунё, аз ҷумла, забонҳои рушдёфтаи асосӣ, азбайнраванда, муколима ва таъсиргузории забонҳо, махсусияту умумияти онҳо, сохтори забон, гурӯҳ ва оилаҳои забонӣ, дурнамои забони тоҷикӣ ва аҳамияти он дар устувории Истиқлоли давлатӣ иборат мебошад».
Китоби бузурги «Донишномаи забонҳо» аз ҷаҳордаҳ боб таркиб ёфтааст ва нахустбоби он «Таърихи забонҳо ва дарачаи омӯзиши онҳо» ном гирифтааст. Дар ин боб ба масоили таърифи забон ва вазифаҳои он, заминаҳои пайдоишу ташаккули забон, теъдоди забонҳо, тақсимбандии забонҳо дар қитъаҳо, институтҳои махсуси омӯзиши забонҳо, забонҳои ҷаҳонӣ ва расмӣ, оилаи забонӣ ва гурӯҳҳои забонӣ таваччуҳ карда шудааст. Зикр мешавад, ки ҳоло дар дунё то 7000 забон ва шеваю лаҳча мавчуд буда, беш аз 100 забон дорои алифбои худанд. Забонҳои чинӣ, арабӣ, ҳиндӣ, англисӣ, испанӣ, банғолӣ, португалӣ, русӣ, японӣ ва олмонӣ вобаста ба теъдоди аҳолие, ки бо ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд (аз 100 миллион то 1,2 миллиард), забонҳои паҳншудатарин ва маъруфи ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Забонҳои ҷаҳонро дар заминаи баромади таърихӣ, масоили овошиносӣ, шабоҳату хешовандӣ ва чанд омили дигар ба 7 гурӯҳ ҷудо кардаанд: ҳиндуаврупоӣ;  осиёӣ; финӣ-уйғурӣ-уралӣ, олтойӣ; малайзиявӣ-полинезиявӣ; сомӣ- шомӣ; даровидӣ; банту.
Боби дуюми китоб «Унсурҳои забон» ном дорад ва масоили мудаххал ба овошиносӣ, дастури забон, вожагон ва хатро фаро мегирад. Дар ин боб таъкид мешавад, ки барои муайянсозии таркибу сохтору махсусиятҳои ҳар забон аз нигоҳи овошиносӣ таҳқиқ намудани он муҳим аст. Хазинаи луғавии забонҳои ҷаҳон гуногунанд ва ба масал, агар хазинаи луғавии забони фаронсавӣ ҳудуди 32 ҳазор калимаро фаро гирад, ин гуна нишондод дар забони англисӣ, ки хеле ғанист, 200 ҳазорро ифода мекунад, вале барои дар сатҳи гуфтугӯи муқаррарӣ омӯхтани ҳар забоне донистани тақрибан 1000-1500 вожаи бунёдӣ кофист. Вобаста ба хат ва моҳияти он дар ин ё он забон ва сайри таърихии хат низ дар китоб далелу арқоми аҷибу ҷолиб оварда шудааст.
«Гурӯҳи забонҳо» боби сеюми китоб буда, дар ин боб забонҳои ҷаҳон ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуда, маъруфтарин забонҳои марбут ба ин гурӯҳҳо шарҳу тафсир ёфтаанд.
Боби чоруми китоб «Пайдоиш ва ташаккули забони тоҷикӣ дар доираи забонҳои ҳиндуаврупоӣ» ном дорад ва дар ин боб масоили марбут ба забонҳои қадиму асримиёнагии Осиёи Марказӣ ва заминаҳои ташаккули забони тоҷикӣ мавриди мулоҳизаву баррасӣ қарор гирифтаанд. Муаллиф оид ба вижагиҳои марҳилаҳои таърихии рушди забони тоҷикӣ ба таври муфассал ва бо далелҳои муътамади илмию овардани иқтибосҳои тақвиятбахш ибрози андеша карда, дар фарҷом, аз ҷумла, ба чунин хулоса расидааст: «Қувва ва имкониятҳои забони тоҷикӣ мусоидат ба он карда, ки дар давоми садсолаҳои на он қадар мувофиқ, баъзан хеле сахт ва хунолуд ба ин забон яке аз тамаддунҳои олидараҷа, адабиёти сарватмандтарин, шеърҳои зебо офарида шавад».
Тафсиру тавзеҳи забонҳо вобаста ба гурӯҳҳо дар бобҳои панҷум («Вазъи забонҳо дар Эрон»), шашум («Забонҳои бумии Амрико»), ҳафтум («Забонҳои навохтбари Осиё»), ҳаштум («Забонҳои африқоӣ»), нуҳум («Забонҳои ғарбии Атлантика») ва даҳум («Намунаҳо аз забонҳои африқоӣ») оварда шудааст.
Боби  ёздаҳум-«Арзиши воқеии калимаҳо» нисбатан бавусъат буда, дар он ба масоили решашиносӣ, номи сиккаҳо, номи қавмҳову забонҳо, номи рӯзҳои ҳафта ва моҳҳо, номи гиёҳҳо ва ҳайвонот, номи одамон, номи маконҳо… дахл карда мешавад. Таъкид гардида, ки табодули вожаҳо байни забонҳо таърихи куҳан дорад ва муайянсозии решаи калимаҳо барои таъйини вижагиҳои ҳар забон хеле судманд аст.
Нақши забон дар ҳаёти одамон, мавқеъ ва аҳамияти корбасти густурдаи забон дар чамъият ва амсоли инҳо аз масоилеанд, ки дар боби дувоздаҳуми китоб — «Забон ва ҷомеа» мавриди мулоҳизаву андеша қарор дода шудаанд.
Албатта, омӯзиши забони хориҷӣ ба ҳар шахси хоҳишманд осон муяссар намешавад ва барои ин ҷидду ҷаҳд, азму иродаи қавию устувор мебояд. Аммо омӯзиши ҳар забон калиди худро дорад, ки ба қоидаҳои сохтору таркиб, сарфу наҳви он забон иртиботманд аст. Дар боби сездаҳуми китоб сухан аз ҳамин хусус аст («Мушкилоти омӯзиши забони хориҷӣ»). Маълумот дар бораи як қатор забонҳои нуфузманди ҷаҳон муҳтавои ин бобро мукаммалтар сохтааст.
Боби охирини китоб («Олами забонҳо») шаш ҷадвал ва рӯйхати забонҳои дунёро фаро мегирад. Ҷадвалҳо ифодагари сатҳу дараҷаи паҳншавии забонҳо   дар  кишварҳо, забонҳои дорои гӯишвари  бештар, забонҳои аврупоӣ, ки беш аз 1 млн гӯишвар доранд, забонҳои африқоии бештар нуфузманд, забонҳои маъмули Осиё ва Ховари Наздик, забонҳои байналмилалӣ, расмӣ ва афзалиятманд буда, барои дарки мавқею мақоми ҷаҳонии забонҳо аҳамияти муҳим доранд.
«Донишномаи забонҳо», воқеан ҳам, падидаи тозаву шоистаи таҳсин аст дар забоншиносии тоҷик ва нашри он амали хеле шоистаест дар айёме, ки дар кишварамон таваҷҷуҳ ба забонҳову забономӯзӣ пайваста меафзояду Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба вижа, ҷавононро ба ҳар чи амиқтар омӯхтани забони тоҷикӣ ва донистани якчанд забони хориҷӣ ҳидоят мекунанд. Муҳтавою аҳдофи китобро муаллиф дар мавриде чунин муайян бинмудааст: Дар «Донишномаи забонҳо» маълумотҳои адабиёти мавҷуда, дастовардҳои охирини илми забоншиносӣ (лингвистика) оид ба теъдоди забонҳо, гуногунии онҳо, раванди пайдоишу ташаккул ва барҳамхурии онҳо, муносибату алоқамандии забонҳо ва ғайра, ҳамчунин, вазъи таълими забонҳо дар муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода» пешниҳоди хонандагон гардидааст. Асар ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии донишкада таълиф шуд. Аз он устодону донишҷӯёни донишкада, муассисаҳои дигари таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, умуман, тамоми хоҳишмандону алоқамандони соҳа истифода бурда метавонанд».
Эҷоду таҳияву нашри донишнома кори андак нест, хеле сангину заҳматталаб аст ва ғолибан ба ин кор муассисаҳои дахлдори илмию пажуҳишӣ ва гурӯҳи мутахассисон машғул мешаванд. Аз ин рӯ, ба танҳоӣ ва дар муддати начандон зиёд таълиф кардану ба чоп расонидани «Донишномаи забонҳо»-иқдоми нахустин дар таърихи кишвар аз ҷониби олими ҷавон ва устоди варзида Бахтиёри Абдураҳим шоистаи таҳсину дастгирист.

Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»