Агар гӯем, шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,
Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.
Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.
Мафҳуми “шоҳаншоҳ” вожае марбут ба замони Ҳахоманишу Сосон аст, аммо дар мисраи мазкур ҳадаф аз шоҳаншоҳ эҳёгари ормонҳои миллӣ ва суннати ориёӣ маҳсуб мешавад. Дар суннатҳои мансуб ба тоҷикон дарҷ гардидааст, ки подшоҳ сояи Яздон аст ва ҳадаф аз вожаи пайғоми Яздонӣ маҳз ҳамин маънист. Эҳёи тамаддуни ориёӣ ва тачдиди назар ба таърихи пеш аз исломии ниёкон Эмомалӣ Раҳмонро чун пуштибони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ муаррифӣ бинмудааст.
Агар гӯем, хидматҳои ту бе мислу монанданд,
Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.
Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.
Хидматҳоят чун соҳибмиллате нотакроранд, чунки замони соҳибшавӣ миллат дар вартаи нестӣ қарор дошту онро аз марг наҷот додӣ! Бинобар ин, арзишҳои миллиро эҳё кардӣ ва умри дубораи халқи хешро барқарор сохтӣ!
Ба маъруфии худ маъруф кардӣхалқи тоҷикро,
Чӣ хуш дар созмонҳо нутқмеронӣ, ту меарзӣ.
Чӣ хуш дар созмонҳо нутқмеронӣ, ту меарзӣ.
Бинобар қудрат пайдо кардан маъруф шудӣ ва ҷаҳон ба ҳайси раҳбари кишваре туро қабул дошт, аммо тоҷику Тоҷикистон тавассути ту маъруф гардиданд. Ва чӣ хуш, ки дар минбарҳои ҷаҳонӣ нутқ меронӣ ва аз миллату кишвар дифоъ мекунӣ.
Хати барномаат шуд барқу нақбу роҳу озуқа,
Ба кишвар аз ту шуд ин файзу арзонӣ, ту меарзӣ.
Перешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ, аммо
Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ.
Ба кишвар аз ту шуд ин файзу арзонӣ, ту меарзӣ.
Перешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ, аммо
Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ.
Тоҷик миллате парешону парканда ва дар ҳоли ҳастиву нестӣ қарор дошт, чунки ағёр тараддуд дошт ин миллати парокандаро аз байн бибарад, аммо ту ин миллати дар остонаи марг қарордоштаро начот додӣ.
Ба шири модарат хурдӣ қасам, ки сулҳ меорам,
Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.
Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.
Савганд ба шири модар хӯрдӣ, ки намегузорӣ то тоҷике дар ғурбат дар мулки бегонагон қарор бигирад ва чун гуфтӣ, ки тамоми тоҷикони фирориро ба Ватан бармегардонӣ, дар ваъдаат вафо кардӣ.
Сипосу арзу дарди дил бигӯяд халқ пеши ту, Чӣ ҷои гап, ки бар ҳар дард дармонӣ, ту меарзи.
Мардум медонанд, ки дар сурати муроҷиат ба Сарвари давлат ормонҳояшон роҳандозӣ мешаванд, бинобар ин, ҳар ҷое, ки меравӣ, садҳо нафар муроҷиат мекунанд, чунки ҳамагон дарк кардаанд, ки дармонбахши дарди онҳо ту ҳастӣ.
Ба ҳар ҷое сафар кардӣ, фазои абр шуд пора,
Худододе чу хуршеди дурахшонӣ, ту меарзӣ.
Худододе чу хуршеди дурахшонӣ, ту меарзӣ.
Дар ҳар гӯшаву канори мамлакат интизорӣ мекашанд шаҳрвандон, ки он ҷо сафар дорӣ ва агар мавриди пазириши аҳолӣ намебудӣ, толорҳо аз одам пур намегардид.
Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.
Пояи асос барои сулҳу ваҳдат миёни тоҷикон маҳз ту будӣ ва баҳамоварии тоҷикон дар ҷанги таҳмилӣ тавассути ту бинҳода шуд. Аз ин хотир, имрӯз ҳама бароят аҳсант мехонанд, чунки хидматҳои шоёнат ҷиҳати бунёдисулҳ дар кишвар ҳамто надорад.
Кашидӣ хатти барқу роҳу пул бар мулки ҳамсоя,
Вафову дӯстиву сахтпаймонӣ, ту меарзӣ.
Вафову дӯстиву сахтпаймонӣ, ту меарзӣ.
Яъне, дар паймон то ҳадде устувор ҳастӣ, ки хатти барқу роҳу пулҳоро ба мулки ҳамсоя кашидӣ ва лаҳзае аз ин саховатпешагӣ ҳарфе изҳор надоштӣ, дӯстию вафодорӣ дар пайкарат ҳувайдост ва бо ҳамин далел ту боз арзандаӣ.
Бинои НОБ-и Роғун арсаи номусу нангат гашт,
Аз ин ҷовид дар таърих мемонӣ, ту меарзӣ.
Аз ин ҷовид дар таърих мемонӣ, ту меарзӣ.
Чун сари масъалаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун баҳсҳо шуд, ҷиҳати ҳимоя аз нангу номус ба сохтани он камар бастӣ ва оқибат ба ҷаҳониён исбот намудӣ, ки сохтмони мазкур дар ҳифзи муҳити зист ҳеч таъсири манфӣ нахоҳад гузошт. Аз ҳамин хотир, дар таърих ҷовид хоҳӣ монд, чунки хидмате бузургтар аз сохтмони аср муяссар намешавад.
Ба рушди мактабу илму маориф тақвият додӣ,
Тавонбахшандаи фарҳангу ирфонӣ, ту меарзӣ.
Тавонбахшандаи фарҳангу ирфонӣ, ту меарзӣ.
Замони моро асри маориф ва илм гуфтаанд, аммо дар мамлакат мактабҳо намерасид ва як гурӯҳ наврасон аз хондану навиштану тафаккур кардан маҳрум мемонданд агар ту мактабҳои навро намесохтй ва маорифро асоси сиёсати хеш қарор намедодӣ.
Чу ислоҳот андар киштгардони заминҳо шуд,
Фузун гардид маҳсули кори деҳцонӣ, ту меарзӣ.
Фузун гардид маҳсули кори деҳцонӣ, ту меарзӣ.
Тақсими замин ба деҳқон шароит фароҳам овард, ки сифати ҳосил боис ба афзудани маҳсулоти кишоварзӣ шавад ва чунин ибтикор имкон дод, ки дар соҳаи кишоварзӣ такрористеҳсолӣ муфид гардад ва деҳқон аз фаъолияти кишоварзӣманфиатдор бошад.
Ба ҷон ҳастӣ ба ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ, Расидан пои бадхоҳе намемонӣ, ту меарзӣ.
Ҳифзи марзу буми Ватанро муқаддас медонӣ ва аз роҳи паймудаат дар ин самт аксар бегонагон дар ташвишанд, чунки бо баланд бардоштани сатҳи масъулияти марзбонӣ бадхоҳони кишварро ноком сохтӣ ва фарсахҳо аз хоки Ватан дур партофтӣ.
Бигӯӣ, даъвати ифротиён хавфу хатар дорад,
Хатокории гумроҳон бифаҳмонӣ, ту меарзӣ.
Хатокории гумроҳон бифаҳмонӣ, ту меарзӣ.
Ҳамеша ба такрор мегуфтӣ, ки ифротгароӣ асоситарин хатар барои Тоҷикистон аст ва пажӯҳиш дар ин масъала тибқи ибтикору дастурҳоят нишон дод, ки аксари рӯоварони ифротгароӣ гумроҳонанд.
Барои тоҷикони рӯи олам итминон гаштӣ,
Аз ин гӯем, шоҳаншоҳи шоҳонӣ, ту меарзӣ.
Аз ин гӯем, шоҳаншоҳи шоҳонӣ, ту меарзӣ.
Пазироии ту на танҳо дар дохил, балки дар хоричи мамлакат мушоҳида мешавад, чунки самти пешгирифтаат дар сиёсати хориҷӣ тоҷикони бурунмарзиро низ эътимод бахшида, дигарбора моро водор месозад, ки ин ҳарфро такрор ба такрор бигӯем: ту меарзӣ.
Ниҳонӣ медиҳад ҷонаш барои сулҳу осоиш, Зи иқболат шуда амну фаровонӣ, ту меарзӣ.
Шоир иқрор аст, ки барои сулҳу осоиш ҳатто ҷони худро дареғ намедорад, зеро чун ту сарваре ҳаст ва амнияти мардумро дар ватан таъмин кардаву дар садади он аст, ки минтақа дар суботи сиёсӣ ором бигирад.
Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем,
Сазовори ҳазорон шеъру дастонӣ, ту меарзӣ.
Сазовори ҳазорон шеъру дастонӣ, ту меарзӣ.
Ширин ҚУРБОНОВА,
муовинираиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ
муовинираиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ