СУХАНОНЕ, КИ БО АМАЛ ЯК ГАРДИДАНД

Дар бораи Иҷлосияи XVI Шурои Оли хеле зиёд гуфтаанду навиштаанд. Ва ҳамаи он навиштаҳо бо меҳру самимият иншо гардида, рисолати таърихии иҷлосияи мазкурро ҳамчун заминаи сулҳу амният, барқароркунии шаҳру деҳоти дар натиҷаи ҷанги дохили харобгардида, рушду тараққии батадриҷи соҳаҳои саноат, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маорифу тандурусти, фарҳанг ва амсоли инҳо бо мисолу далелҳо ба таври муътамад ба исбот расондаанд.

Воқеан, дар хусуси Иҷлосия сухан ронда, аввалқадам аз инсони шарифу некухисоле ёд мекунем, ки дорои истеъдоду қобилияти зотии сарварӣ маҳсуб ёфта, манофеи миллию ватанро аз ҳама гуна масоили шахсӣ ва шуҳратхоҳию мансабталошӣ боло медонад. Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди деҳқон дилсӯзона баҳри хомӯш намудани оташи ҷанг, ки бо дасти як тӯда ҳангомаҷӯёни манфиатҷӯй, ки барои соҳиб гардидан ба вазифаю мансабҳои давлатӣ афрӯхта гардида буд, камар баста, нахуст пеши худ аҳду қавл кард, ки фирориёни тоҷик-зану мард, пиразанону мӯйсафедон, кӯдакону наврасони овораро ба ватан баргардонад. Дар он муҳиту замон, ки ба фардои ҳаёт умеду эътимод вуҷуд надошт, ин амали осон набуд. Фидокорию ҷоннисорӣ талаб мекард аз кас. Ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин иқдоме, ки анҷом дод, сафар намудани он кас ба навоҳии наздисарҳадй ба шумор мерафт. Воқеан, тавре медонем, ҳоло ҷанг ҳамчунон идома дошт, дастаҳои бедодгари яроқноки мухолифин аз муқовимату ҷанг даст накашида буданд. Раиси вақти Шурои Олӣ, ҷавонмарди ҷасуру боиродае буд, ки дар зери тиру тӯп ва оташу дуди ҷанг бо роҳбарони иттиҳоди мухолифин мулоқот анҷом дода, ба камондорон муроҷиат намуд, ки агар онҳо яроқҳояшонро ба мақомоти интизомӣ аҳлона супоранд, мавриди марҳамат ва авфи Ҳукумат қарор хоҳанд гирифт. Дар умум, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷавонмарди якқавлу якрӯ борҳои авфи умумӣ эълон намуда, барои ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷанг шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, талошу ҷаҳд намуд. Яке аз хислатҳои баргузидаи Сарвари давлат, бебокию миллатдӯстӣ ва ватандӯсти асил буданашон ба ҳисоб меравад. Вазъият он айём сангину мураккаб буд. Одамон рӯзашонро дар навбати нон бо азобҳои зиёд ба шом мерасонданд. Аз ин рӯ, нахустин талоши созандае, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкили норасоии ғизо ва нон анҷом доданд, аз ҷониби он кас тақсим намудани 75 ҳазор гектар замин ба мардуми заҳматкаш ба ҳисоб мерафт, ки ин заминҳо бо номи “заминҳои Президентӣ” машҳур гардиданд. Ҳамин тавр, марҳала ба марҳала роҳи васеъ ба ташкили хоҷагиҳои фермерӣ ва соҳиб шудан ба заминҳои иҷора кушода шуд. Яке аз амалҳои созандае, ки Раиси Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайи иҷрои он гардид, ба роҳ мондани раванди бунёдкориҳо дар кишвар ба шумор мерафт. Роҳу нақбҳо сохта шуд, неругоҳҳои барқӣ — обӣ бунёд гардид, НБО-и Роғун дубора ба кор дароварда шуд. Инак, ду чархаи ин иншооти бузурги замон ба таври шабурӯзӣ кор карда, мардуми шарифи Тоҷикистон бо барқ мунтазам таъмин мегарданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, баъди ба тасвиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар соҳаи маориф дигаргуниҳои азиме ба амал омад, ки ба хусус, бунёди биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин, таҷдиди мактабҳои куҳнаю садамавӣ аз ин қабил маҳсуб меёбад. Дар ин муддат, дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 3000 бинои нави муассисаи таълимӣ сохтаву ба истифода дода шуд. Ҷиҳати таъмину таҳкими иқтисодиёти кишвар бо иқдоми Президенти ҷумҳурӣ “Солҳои рушди саноати мамлакат”, ҳамчунин, барномаи дурнамои стратегӣ қабул гардид. Барои пешрафти ояндаи ҷомеа ва тайёру омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаҳои хоҷагии халқ “Бистсолаи рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” қабул гардид, ки такони ҷиддӣ дар омӯхтани ин илмҳо ба насли наврас мегардад. Ба роҳ мондани омӯзиши густардаи забонҳои англисӣ ва русӣ низ аз иқдомҳои шоиставу муассири Ҳукумат ва давлат маҳсуб ёфта, дар масъалаи таълиму тадриси забонҳои хориҷӣ, дар маҷмуъ тадбирҳои мушаххасу ҷиддӣ андешида мешавад.

Ҳамаи ин дастоварду пешрафт ба шарофати баргузор гардидани Иҷлосияи XVT Шурои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ кори худро бо саъйю талоши вакилони дилсӯзу ғамхори ин кишвару миллат идома бахшид ва сарвари воқеии мамлакатро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, самараи дилхоҳ дод, ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ аз ин шахсият ва фазои сулҳу салоҳ шукргузор мебошанд.

Шарофат ШАРИФОВА,

омузгори коллеци омузгории

шаҳри Ҳисор