НАҚШИ ҲАЙВОНОТИ ХОНАГИ ДАР ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ КӮДАК

Шинохтан ва дарк кардани олами атроф, муҳити зист, хонавода, наздикону пайвандон зинаҳои нахустини инкишофи шахсияти кӯдакро поягузорӣ мекунанд, Рушди ҳар як фард ё шаклгирии шахсият ин худсозмондиҳӣ (сохтани шахсияти худ) дар пайравии рафторҳои мушоҳидашавандаи атроф мебошад, ки ба воситаи дидан, шунидан ва амал кардан зоҳир мегарданд.

 Дар давраҳои аввали ҳаёт ба кӯдак ҳиссиёти даруннигарӣ таъсири зиёд мерасонад. Кӯдак худро ноҳинчор ҳис мекунад. Фикр мекуна, ки аз назари дигарон нотавон ва заиф аст. Аз ин сабаб талош мекунад, ки мавқеи худро миёни атрофиён нишон дода, таваҷҷуҳи онҳоро ба худ чалб намояд. Аз нуктаи назари Жан Пиаже-равоншинос ва педагоги швейтсариягӣ ин марҳилаи иҷтимоӣ шудани кӯдак аст, ки раванди давомдорро ташкил медиҳад. Дар ин раванд кӯдак мувофики доираи фикррониаш барои худ ҷомеа месозад, ҷомеае, ки аъзои он мумкин аст лухтак, бозичаҳои ҳархела (мошинча, гаҳвора), сӯроб (макет)-и ҳайвоноту парандагон, ба истилоҳи дигар, «дӯстони кӯдакӣ» ташкил дода бошанд. Ба ин гурӯҳи дӯстон метавонем, ҳайвоноти хонагиро ҳам шомил намоем. Ҳайвоноти хонагиро кӯдак дар навбати аввал ҳамчун василаи бозӣ интихоб ва қабул мекунад. Дар фарқият бо дигар бозичаҳо. ҳайвоноти хонагӣ бо доштани ҳаракат ва садо ба кӯдакон таъсири зиёд мегузоранд. Кӯдакон ин ҳаракат ва садоҳоро пайгирӣ намуда, тақлид мекунанд.

Дар баъзе ҳолатҳо кӯдакон бо ҳайвоноти хонагии худ ҳатто гап ҳам мезананд, ба вай ном мегузоранд, шеъру суруд мехонанд. Парвариши ҳайвоноти хонагӣ, ба ҷуз дилхушӣ ва хурсандӣ кардан манфиати дигаре ҳам дорад.

Таъсири мусбии ҳайвоноти хонагиро ба тарбияти кӯдакони хурдсоли хонавода метавон аз чанд ҷанбаи дигар таҳлил ва баррасӣ кард. Он, махсусан, ба рушд ва таквияти маҳоратҳои муҳими зиндагӣ. мисли масъулиятшиносӣ, эътимод, меҳрубонӣ, эҳтиром ва сабру тоқат фоидаи калон дорад. Ҳам кӯдакон ва ҳам ҳайвоноти хонагӣ аз бозӣ кардан бо шавқ ва завқи баланд, инчунин, аз доштани як дӯсти самимӣ лаззат мебаранд. Агар мушаххасан ба ин мавзуъ диққат диҳем, метавонем аҳамияти ҳайвоноти хонагиро дар такмили маҳоратҳои асосии зиндагии кӯдакон гурӯҳбандӣ намоем:

Рушди салоҳияти омӯзишии кӯдак

Кӯдак дар баробари бозӣ кардан бо ҳайвони хонагӣ, ҳар як рафтор ва хислати ӯро мушоҳида мекунад. Ӯро ламс карда, маҳорати дарк кардани ашё дар вуҷудаш такмил меёбад, ки инро ягон намуди дигари бозичаи омӯзанда ба кӯдак дода наметавонад. Кӯдак тавассути узвҳои ҳисси худ шакл, ҳаҷм, қад, ранг, мулоимӣ ва бӯйи онро эҳсос менамояд. Наздик будан бо ҳайвоноти хонагӣ тафаккури мантикии кӯдаконро низ рушд дода метавонад.

Аз ҳайвоноти хонагӣ кӯдак алока ва вобастагии дутарафаро дарк мекунад: гурба фукашро ба зарф расонида мияв-мияв кунад, маълум, ки гурусна аст. Кучук ба боло ҷаҳад, мехоҳад бозӣ кунад… Мушоҳидаи чунин ҳаракатҳо кӯдакро ба фикрронӣ чалб менамояд. Худи мушоҳида кардан ҳам як роҳи омӯзиш аст, ки дар соҳаи педагогика аз он зиёд истифода мешавад.

Эҳтиром гузоштан

Мавҷуд будани ҳайвони хонагӣ оҳиста-оҳиста ба кӯдак маҳорати эҳтиром гузоштанро ёд медиҳад. Эҳтиром ба дигарон. дарк кардани онҳо яке аз арзишҳои ахлокии умумибашарӣ аст, ки омӯзондани чунин маҳорат дар вуҷуди кӯдакон ба содагӣ муяссар намегардад. Кӯдак ҳангоми хӯрок хӯрдан ва бозӣ кардан бо ҳайвони хонагӣ дар мавриди ҳолати дарунии вай андеша мекунад. Ӯ фикр мекунад, ки ҳайвони хонагӣ аз иҷро кардани ин бозиҳо ва ё ламсу навозиши мулоим кдноатманд аст ё не? Дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст кӯдак фикр кунад, ки ҳайвони хонагиаш низ дорои қобилияти баланди дарккунӣ. эҳсосот ва анчом додани ҳар гуна амалҳо бошад. Аз ин лиҳоз. бо вай бо эҳтиром ва самимияти махсус муносибат мекунад.

Худбовари ва эътимод

Дар раванди нигоҳубинии ҳайвони хонагӣ, муносибат ва муроқибат бо он тадриҷан муҳаббати байниҳамдигарӣ пайдо мегардад. Кӯдак ҳис менамояд, ки ҳайвони хонагӣ бо ӯ унс гирифтааст. Яъне, вай муҳаббати ҳайвони хонагиро нисбат ба худ дарк мекунад. Вақте ки ин муҳаббат эҳсос гардид, дар кӯдакон ҳисси худбоварӣ зиёд мешавад. Худбоварӣ салоҳияти шахсӣ, иҷтимоӣ аст, ки барои муваффак шудани кӯдак дар зиндагӣ аҳамияти калон дорад. Масалан, агар дар хона чӯҷаи кабк парвариш шавад, кӯдак дар баробари унс гирифтан бо он, бесаброна интизори калон шудан, пару бол баровардан, парвоз, хониш ва чанг карданаш мешавад. Аммо барои ҳамаи ин вакт лозим меояд. Дар фосилаи ҳамин интизориҳо кӯдак таҳаммул ва токатро ёд мегирад ва усутувор мегардад. Инчунин, ҳайвоноти хонагӣ ҳангоми ғамгин ва ё нороҳат будани соҳиби худ бе ягон шарт ӯро дастгирӣ мекунанд. Ин рафтори ҳайвоноти хонагӣ ба кӯдак меомӯзонад, ки ба ҳайвони хонагӣ эътимод дошта бошад.

Масъулиятшиноси

Масъулиятшиносӣ яке аз маҳорати дигар ва бисёр муҳими зиндагӣ буда, метавонад шахсияти ҳар як инсонро дар мақомҳои гуногуни ҷамъиятӣ муаррифӣ намояд. Ҳайвоноти хонагӣ ба ғизо, об ва аксари онҳо ба варзиш ниёз доранд. Ҳар кадоме аз инҳо масъулияти баланди соҳибашро талаб мекунад. Сари вакт ба ҳайвон ғизо додан. баданашро покиза намудан, ҷояш (лона, оғил…)-ро тоза кардан вазифаҳои масъулиятталаби кӯдак ҳисоб мешаванд. Кӯдаконе, ки дар хона ҳайвони хонагӣ доранд, пай мебаранд, ки масъулияти як чизи дигари зиндаро бар гардан доранд. Онҳо ба ҳамин розӣ ҳастанд, ки барои нигаҳдории ҳайвоноти хонагии худ бояд аз истироҳат ва бозиҳои худашон бигузаранд. Ин кӯдакон нисбат ба кӯдаконе, ки бо ҳайвоноти хонагӣ рушд накардаанд, дилсӯзтар ва хушҳолтар ҳастанд.

Машки ҷисмони Аз сабаби он ки аксарияти ҳайвоноти хонагӣ майли зиёд ба сайругашт, давидан, гирифтан ё қапидани ашё доранд, нигаҳдории онҳо метавонад боиси зиёд шудани машки бадан дар кӯдакон гардад. Онҳоро ба чарогоҳ бурдану овардан, саворӣ ва бор кардан. давондан фаъолиятҳои ҷисмонӣ мебошанд, ки малакаҳои ҳаётии кӯдакро такмил медиҳанд. Кӯдаконе, ки ҳайвоноти хонагӣ доранд, вакти бештари худро берун аз хона-дар ҳавлӣ, саҳро, кӯҳ, боғ мегузаронанд. Ин ба беҳбудии саломатӣ ва бардамии чисмонии онҳо асос мегардад.

Муқобилият бо ғаму андуҳ

Ҳангоме ки кӯдак ҳайвони хонагии худро аз даст медиҳад, дар асл раванди андӯҳ ва сӯгвориро таҷриба мекунад ва ёд мегирад, ки дар шароити аз даст додани наздикони худ ва ғаму андуҳ чй гуна рафтор кунад. Илова бар ин, барои бисёре аз кӯдакон аз даст додани ҳайвони хонагии дӯстдоштаашон аввалин таҷрибаи онҳо дар мукобилият бо шикаст ва ноумедӣ аст. Мушоҳида шудааст, ки ҳангоми фурӯхтан, додан ва ё куштани ҳайвони хонагӣ кӯдакон муковимат нишон медиҳанд. Мехоҳанд, накшаи калонсолонро пешгирӣ намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо ин манзараро тамошо кардан намехоҳанд. Дар ягон чо худро пинҳон мекунанд.

Таквияти системаи эмини (иммунитет) ва саломатии кӯдак Тадқиқот нишон додааст, кӯдаконе ки бо ҳайвоноти хонагӣ монанди сагҳо зиндагӣ ё наздикӣ доранд, ба бемории гӯш ва роҳҳои нафас дучор намешаванд. Инчунин, хеле кам ниёз ба дору (антибиотик) доранд. Илми тиб дар замони муосир собит сохтааст, ки нигоҳубинии ҳайвоноти хонагӣ, махсусан, ба фаъолияти дил ва мушакҳои он. инчунин. системаи асаб таъсири мусбӣ дорад. Ҳатто ба дарозумрии соҳибонаш (4-5 сол) оварда мерасонад. Аллакай чанд сол аст, ки дар низоми соҳаи тандурустӣ шакли табобат тавассути ҳайвоноти хонагӣ роич аст, ки бо истилоҳи тиббии «анималотерапия» (табобат бо ёрии ҳайвонот) маълум мебошад.

Ба таври хулоса. метавонем натичагирӣ кунем, ки ҳайвоноти хонагӣ ба тарбияи кӯдак таъсири зиёд гузошта, метавонанд дар шаклгирии шахсияти вай накши худро нишон диҳад.

Раҳимдод АЗИЗБЕКОВ,

директори филиали Донишкадаи чумҳуриявии такмили ихтисос ва

бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ