Дар таърихи тоҷикон иртиботманди ба матбуот давраи андаке бештар аз садсоларо фаро мегирад ва ин давраи начандон тӯлони саршор аст аз ҳаводиси гуногун ва талошу пайкорҳои пурихтилоф.
Аз ин ҷост, ки солҳои охир ҳамбаста ба имконоти фароҳамовардаи истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърихи матбуоти тоҷик ва шебу фарозу махсусиятҳои он ҳамвора меафзояд ва дар ин мавзуи умда мақолаву рисолаҳо иншо мешаванд. Аксари ин нигоштаҳо далелу мулоҳизоти ҷолибро дар бар мегиранд ва бемуҳобо, сафҳаи тозаеро дар таърихи матбуоти тоҷик боз мекунанд. Китоби тозанашри олим ва сиёсатшиноси ҷавони тоҷик Илҳомҷон Ҳамидиён «Фаҳмиши назариявӣ ва татбиқи ҳадафҳои маркетингии ВАО-и иттиҳодиявӣ дар Тоҷикистон» (ба забони руӣ) аз ҷумлаи ҳамин гуна асарҳост. Дар ин китоб сухан аз матбуоти иттиҳодиявӣ (корпоративӣ) аст ва то ҷое ки мо огаҳӣ дорем, ба ин мавзуъ дар ҷумҳурӣ пажуҳишгарон ба нудрат таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Чунонки муаллифи ин китоби то замавзуъ таъкид мекунад, дар таърихи матбуоти тоҷик ифодаи «матбуоти иттиҳодиявӣ» нисбатан навпадид аст ва ғолибан рӯзада дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурист, вале дар аҳди Шуравӣ ифодаҳои «матбуоти соҳавӣ» ва «матбуоти махсус» маъмул буданд, ки як навъ решапайвандӣ бо ифодаи «матбуоти иттиҳодиявӣ»-и имрӯз доранд. Таърихи матбуоти соҳавӣ, ба таъкиди муаллиф, иртибот бо таъсису нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» (1924) дорад ва ин рӯзнома дар тақвияти маърифати мардум, тарғиби мактабу маорифи нав, бозомӯзии омӯзгорон, рушди адабиёти тоҷик ва дигар масоили ҳамчун хидмате арзишманду мондагор кардааст. Матбуоти соҳавӣ бештар бо мардуми заҳматкаш алоқамандӣ дошт ва аксари корхонаҳои бузург нашрияи вижаи худро доштанд. Нашрияҳои «Абрешимчии пешқадам» «Бофанда», «Алюминийи Тоҷикистон», «Роғун», «Металлист», «Нурафзо»,.. ки ба коргоҳҳои гуногуну бонуфузи Тоҷикистон дахл доранд, дар инъикоси фаъолияти коргоҳ ва аҳли он, нашри ахбори навину муҳим, тарғиби пешсафони истеҳсолот нақши муҳим мебозанд. Далелест ҷолиб, ки шумораи нахустини нашрияи соҳавии «Абрешимчии пешқадам» (марбут ба комбинати бофандагии Хуҷанд) ҳанӯз соли 1928 чоп шудааст.
Дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифодаи «матбуоти иттиҳодиявӣ» фаъол гардид ва ин навъи матбуот дар кишвар батадриҷ рушд ёфт. Умуман, дар ҷаҳони муосир матбуоти иттиҳодиявӣ нуфузманд аст ва ин навъи матбуот ба силоҳи муқтадири идораи соҳаҳои бузург ва иттиҳодияҳои тавоно табдил ёфтааст. Дар Тоҷикистон силсилаи нашрияҳои иттиҳодиявӣ бо теъдоди зиёд мунтазам рӯи чоп меоянд ва сафи муштариёнаш пайваста меафзояд.
Дар қисматҳои китоби мазкур ба масоили таснифи ВАО-и иттиҳодиявӣ (соҳавӣ), нақши онҳо дар инъикосу баррасии мавзуъҳову рухдодҳои умдатарини рӯз, иттилооту таблиғот дар ВАО, мавқеи ВАО дар тарбияи фарогири коргарони коргоҳу соҳаҳо, талаботи асосӣ нисбат ба мазмуну муҳтавои ВАО-и иттиҳодиявӣ… дахл шуда, зимнан муаллиф доираи назарашро ба фарохотар кашида, ба масоили пайванд ба радиову телевизиони иттиҳодиявӣ (дар таълимгоҳҳо, мактабҳои олӣ, корхонаҳо, идораҳо…) дахл кардааст ва низ оид ба корбасти сайтҳои иттиҳодиявӣ (бо аҳдофи маркетингӣ) андешаҳои шоистаи таваҷҷуҳ иброз доштааст.
Дар меҳвари китоб таҳлилу хулосабарориҳои муътамад, далелҳои тозаву боэътимод ва тавзеҳу нишондодҳои пурсуд қарор доранд ва ба як сухан, ин ҳама манзараи васеи ВАО-и иттиҳодиявии тоҷикро пеши назари хонанда падид меоваранд ва ба дар ин самт ҳамқадами замон гаштани ӯ мусоидат мекунанд.
Китоби «Фаҳмиши назариявӣ ва татбиқи ҳадафҳои маркетингии ВАО-и иттиҳодиявӣ дар Тоҷикистон» дар тарбия ва такмили донишу маҳорату малакаи қаламкашону кормандони матбуоти иттиҳодиявӣ ва умуман, тамоми алоқамандону ҳаводорони журналистикаи тоҷик хидмати арзишманд хоҳад кард.
Кисми дигари китоб фарогири осори публитсистии Илҳомҷон Ҳамидиён аст ва паҳлуи тозаи фаъолияти эҷодии муаллифро муаррифӣ мекунад. Нигоштаҳои публитсистии китоб ба мавзуъҳои эҳтироми волидон, баррасии вокеоти муҳими замон, давлату давлатдории тоҷикон, ифтихор аз истиқлол ва Ватани маҳбуб, тавсифи ҳаёту эҷодиёти устодони варзида ва як силсила масоили мубрами иҷтимой бахшида шудаанд ва пеш аз ҳама, ҷанбаи қавии тарбиявӣ доранд.
Олими пуркор Илҳомҷон Ҳамидиён дар ҳамқаламӣ бо қаламкаши соҳибистеъдод, номзади илми филология Фирдавси Низом китоби дигареро бо номи “Журналистикаи интернатӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо” пешкаши мутахассисону пажуҳишгарон ва хонандагони иштиёқманд кардааст. Чунонки муаллифон иттилоъ медиҳанд, ин китоб-монография нақш ва ҷойгоҳи интернетро дар ташаккули афкори омма ва зарурати тақвияти пойгоҳҳои бузурги иттилоотӣ бо мақсади амалисозии сиёсати иттилоотӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ баррасй мекунад. Дар “Муқаддима”-и китоб зикр мешавад, ки интернет дар назария ва амалияи низоми иттилоотии ҷаҳон шохаи наверо бо хусусиятҳои фарқкунанда ва имконоти фарохатори худ ба вуҷуд овард, ки онлайн-журналистика ва ё интернет-журналистика ном дорад. Албатта, ба ин раванд даромехтани Тоҷикистон низ ногузир аст ва ҳоло дар кишвари мо низ интернет ҳамчун воситаи созгору муҳими табодули афкору иттилоъ ва тарғибу ташвиқ васеъ истифода мешаваду хусусияти оммавӣ дарёфтааст. Сомонаҳои махсуси интернетӣ чун расонаҳои онлайнӣ шинохтаву эътироф шудаанд. Ба андешаи муаллифон, вобаста ба ин ҳолат ақидаву фаҳмишҳои гуногун ва гоҳе ихтилофбор мавҷуданд ва аз ин рӯ, пажуҳишу мубодилаи афкорро дар ин боб бояд вусъат бахшид, то хулосаҳои воқеиву дақиқи илмй ба миён оянд.
Китоби мазкур аз панҷ боб таркиб ёфтааст ва бобҳо ба масоили заминаҳои пайдоиш ва ташаккули журналистикаи интернатӣ ва ҷойгоҳи он дар низоми воситаҳои электронии ахбор, раванди ташаккули қолабҳои муосири интернет-журналистика дар Тоҷикистон, тавзеҳи паблик рилейшнз (PR), мухобироти сиёсӣ ва воситаҳои электронии ахбор дар Тоҷикистон бахшида шуданд. Дар қисмати хулосаи китоб муаллифон фикру мулоҳизаҳои шоистаи таваҷҷуҳ ва пурсуд иброз дошта, чанд пешниҳоди муфид ба миён гузоштаанд.
Воқеан ҳам, китоби “Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо” ба мавзуи басо муҳими замони муосир бахшида шудааст ва дастуру раҳнамои ҷиддиест барои аҳли қалам, пажуҳишгарон ва тамоми ҳаводорони журналистикаи тоҷик.
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»