МАКТАБШИНОСИ МАЪРИФАТПАРВАР

Қабулгоҳи сардори Раёсати маорифи шаҳр серодам буду корафтодаҳо як-як даромада, чанде пас қаноатманд баромада мерафтанд. Дар байни омадаҳо нафароне мушкилоти иҷтимоиву тадрисӣ ҳам доштанд, ки салоҳашро яку якбора дарёфтан душвор буд. Сардори Раёсати маорифи вақт Абдуллохон Қаландаров бо ҳар яке суҳбат ороста, мулоҳизаву андешаҳояшонро шунида, ба дарди маънавияшон даво меҷуст.
Ин ҳамаро медидаму ба тарзи коргузорӣ ва санъати роҳбарии мунодии маорифи миллӣ дар дил таҳният мегуфтам. Ва ҳоло низ фаъолияти судманди ӯро бо баъзе ашхоси тасодуфи соҳа қиёс мекунаму тафовути замину осмонро мебинам.
Абдуллохон Қаландаров кӣ буд ва чаро имрӯз аз хидматҳои ӯ ба некӣ ёдовар мешавем?
Руҷуъ: Абдуллохон Қаландаров баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1968-1973) нахуст дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии навоҳии Дангара, Фархор ва Темурмалик ҳамчун омӯзгор, ҷонишини директор ва директори мактаб ифои вазифа намудааст. Дертар дар вазоифи раиси Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик), мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳия), муовин ва муовини аввали раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (1999-2002), сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (2002-2004), директори Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ (2004-2010) пайкор доштааст. Мавсуф — номзади илмҳои педагогика ва фалсафа, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (2000-2005), ҳамзамон аз соли 2010 то синни ба нафақа баромадан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт буд.
Ин шахси кордону ташкилотчӣ дар боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи босазо гузоштааст. Замони роҳбарии ӯ ба ҳайати омӯзгорони ноҳияи Темурмалик ба даврае рост меомад, ки дар кишварамон ҷанги шаҳрвандй идома дошту фарзандони меҳнаткашон аз таълиму тадрис фарсахҳо дур афтода, одамон дар ғами ҷони ширини худ ва дарёфти қути лоямут сарсону саргардон мегаштанд. Ҳар замон хабарҳои нохуш ба хонадонҳо мерасид ва пиру барно салоҳи кор меҷустанд. Ана дар чунин марҳилаи сарнавиштсоз Абдуллохон Қаландаров аз ҳар гӯшаю канор омӯзгоронро ҷамъ меоварду кори таълиму тарбияро ҳатталимкон пеш мебурд. Бо вуҷуд, иштироки талабаҳо ва тартибу реҷаи дарсомӯзӣ ба дараҷаи даркорӣ набуд. Неруҳои аҳриманӣ ҳар замон бонги хатар зада, ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор мекарданд.
Ӯ ҳамеша шукргузор буд, ки ба бахти мардуми тоҷик аз табори ориёӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро бар даст гирифт ва баробари дигар соҳоти хоҷагии халқ маориф низ батадриҷ рӯ ба беҳӣ ниҳод. Тарсу ваҳму таҳлука аз дили одамон зудуда шуд. Мардум ба созандагиву бунёдкорӣ даст заданд. Волидайн фарзандонашонро бо дили пур ба мактаб гуселонида, дар андешаи хониши хубу аълояшон буданд.
Тӯли сездаҳ соли роҳбарӣ Абдуллохон Қаландаров тавонист, ки камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи мактабҳоро то андозае рафъ намуда, дар такомули соҳаи маориф ҳиссаи арзишманд гузорад. Тамкину дурандешй ва лафзи хуши вай омӯзгоронро руҳбаланд менамуд ва ба касби интихобиашон дилсӯзона муносибат мекарданд. Сатҳу сифати таълиму тарбия сол ба сол беҳтар шуда, хонандагон рӯ ба китобхонӣ меоварданд.
Ин марди заҳматкашу ҷонфидо ҳини дар вазифаи пурмасъулияти муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур фаъолият доштан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ баҳри устуворию пояндагии сулҳу субот ва равнақи маорифи миллӣ корҳои шоистаро ба субут расонид. Ӯ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсиву ҷамъиятӣ донишу таҷрибаашро дареғ намедошт.
Масъулони соҳаи маорифи мамлакат ҳамеша ба мутахассисони варзида ниёз дошта, онҳоро қадрдонӣ менамоянд. Ин аст, ки бо дастгирии мақомоти марбута Абдуллохон Қаландаровро дар вазифаи сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (соли 2002) дидан хостанд ва хато ҳам накарданд. Вай бо таҷрибаи кофӣ, санъати волои роҳбарӣ ва диди тоза метавонист ҳар гуна масоили печидаи соҳаро дар доираи талаботи соҳа ҳаллу фасл намуда, дар ташаккули минбаъдаи омӯзгорону толибилмон нақши бориз гузорад.
Ӯ дар ин давра ба сифати таълиму тарбияи насли наврас дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумй таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард.
— Солҳое, ки Абдуллохон Қаландаров ба Раёсати маорифи шаҳр сарварӣ мекард, -мегӯяд ҳамкасбаш Холмаҳмад Холназаров, -низоми коргузорӣ дар соҳа хеле густарда буд. Ба ҳар як рӯйдоду навигарӣ аз нигоҳи омӯзгори асил муносибат мекард, зиёдаравиро бад медид. Инчунин, ба мулоҳизаву пешниҳодҳои мусоҳибонаш бодиққат гӯш фаро медод ва ба дардашон чора меҷуст. Вақти пурқиматашро дар давоми роҳбарӣ хеле самарабахш истифода мебурд. Суханонаш бурро, ҷаззоб ва таъсиргузор буд.
Аз таҷрибаи шахсиям медонам, ки на ҳама ба сарварони маориф ҳусни таваҷҷуҳ доштанд. Чунки бисёриҳо дар гуфтору рафтор як набуданд. Директорони мактабҳо ва корафтодагон чун медиданд, ки Абдуллохон Қаландаров дар лафзу паймон ва иҷрои он як аст, дар ҳалли масоили соҳа имдод мехостанд. Азбаски худаш мактабшинос буд, роҳҳои ислоҳи камбудиҳоро бо назокат дармеовард ва ниёзмандонро аз ҳолати руҳафтодагӣ мераҳонд. Чунин тарзи пешқадами корбарӣ на ба ҳар сарвар муяссар мешавад.
Бо Фармоиши Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3-юми июни соли 2004 Абдуллохон Қаландаров директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи  маорифи Тоҷикистон таъйин гардида буд. Ҷонфидои соҳа дар татбиқи Лоиҳаи мазкур ва Барномаи дурнамои давлатии «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ҳисса гузоштааст. Ташкил ва амалисозию озмоиши ин Барнома дар 5 ноҳияи таҷрибавӣ ва дастгоҳи Вазорати маориф ба уҳдаи Маркази идораи Лоиҳаи номбурда вогузор буд. Ҳамзамон, Марказ дар гузаронидани озмунҳо барои дарёфти мушовирони байналмилалӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ корҳои заруриро анҷом дода, фаъолияташро бо Вазорати маориф ва созмонҳои байналхалқӣ, аз қабили CTZ (Олмон), ЮНИСЕФ ва Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи мазкур густарда ба роҳ монд. Дар ин зимн, Марказ бо ташкилоту созмонҳои марбута вохӯриҳо доир гардонид. Дар он солҳо Вазорати маориф оид ба таҳияи Барномаи системаи иттилоотии идора намудани соҳаи маориф гурӯҳи корӣ созмон дода буд. Пас аз интихоби мушовирони байналмилалӣ ва корбурди мутахассисони маҳаллӣ татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби Марказ вусъати тоза пайдо намуд.
Ду сол пас аз рӯи бовар ва садоқатмандй дар иҷрои корҳои муҳимми хизмативу ҷамъиятй собиқадори маориф Абдуллохон Қаландаровро ҳамчун раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт па- зируфтанд. Ӯ дар ин самти хеле мушкилу заҳматписанд бо донишу таҷрибаи ғанӣ корҳои шоиста намуда, дар таблиғу тарвиҷи ғояҳои ҳизби мардумй фарзанди вафодор буданашро нишон дода буд.
Ин марди наҷиб дар тарбияи фарзандонаш низ намуна буд. Ҳоло ҷигарбандонаш Баҳодур, Наргис, Хусрав, Шодихон, Шаҳло, Амирҷон ва Оишамох мехоҳанд дар зиндагй мисли падар шарафманд умр ба сар бурда, ба халқу диёри азизашон садоқатмандона меҳнат намоянд.

С. ҲАСАНЗОД,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон