Боварам намеояд. Ба ростӣ, ҳеҷ дар пиндору тасаввурам намеғунҷад, ки ман ниҳоят факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгориро хатм кардаву дар мактаби зодгоҳам ба пешаи муаллимӣ машғул гардидам. Воқеан, бахти бузург, башорате аз кӯшишу саъй ва талошу заҳматҳои бардавоми ман аст, ки инак, шабеҳи қиблагоҳам ба таълиму тарбияи фарзандони сокинони деҳаи азизам машғулам.
Идомадиҳандаи кори бонаҷобату шарофатмандонаи падар гардидам ман. Аммо амиқу неку медонам, ки аксар ҳамсолу ҳамсинфонам бо ҳайрату шигифтӣ ин роҳи интихобнамудаи маро дар тарозуи ақл баркашида, даст афшонданд:
-Ягон касбу пешаи равғанӣ наёфтӣ? О, мегӯянд, ки омӯзгориро маошаш каму ташвишу азобҳои рӯҳию ҷисмонияш аз мӯйи сар ҳам зиёд. Банкир, ҳуқуқшинос, тоҷир ё дипломат мешудӣ. Мо ҳайрон, ки даррав ба ин касбе, ки доим дар байни ғавғои хонандагон ҳастӣ, часпидӣ? Нависонавису бедорхобиҳои шабонаашро намегӯй! Э ба Худо, азобест беохир, майнаат аз кор мебарояду умри ҷавоният зуд хазон мешавад.
Ман бо таҳаммул гӯш ба ҳарфҳои зоҳиран сидқомезу ҳакимонаи ёрон фаро дода, банди тааҷҷуб монда, ба онҳо фаҳмондам, ки дар ин олам, дар ин зиндагии мураккабу пурташвиш магар роҳи осону зуд ба коми нишот ва роҳату фароғат расиданро дарёфтан амали саҳлу осон аст? Баъд ин ки, зиндагӣ, тавре падарам ҳамешаву дар ҳама ҳолат таъкид мекунанд, арсаи заҳмату талош аст. Ҷоест, ки танҳо бо меҳнати ҳалол обу нонатро ёфта, қатори мардум қадам мезанӣ ва соҳиби шарафу обрӯ мегардӣ. Оре, оре, соҳибиззату икром мегардӣ, худ нафаҳмида.
Ман дар заминаи ана ҳамин панду таъкидҳои падар тарбия ёфтаву ба камол расидаам.
Падарам омӯзгор аст, солҳои тӯлонӣ, новобаста аз шароитҳои сангин ва метавон гуфт, ҳатто тасаввурнопазир аз кори мактабу муаллимӣ даст накашид. Ёдам меояд, солҳое, ки ҷанги бемаънии дохилӣ идома меёфт, одамон дар талабу дарёфти як пора нон сар ба ҳар кӯй мезаданду иддае бозорнишину гурӯҳи дигар рӯ ба муҳоҷират меоварданду ҷилои ватан мешуданд, падарам дар азми худ собиту устувор мактабро тарк накард. Мерафту меомад, мерафту меомад. Дар ҷавоби модарам, ки «дар хона орду равған нест, бачаҳо гуруснаанд» бо солорию тамкинии ба худ хос посух медод, ки «ин рӯзҳои сахту вазнин ва машаққатбор. Худо хоҳад, пушти сар мешаванд, боз айёми неку фирӯз фаро мерасад. Дилам ба фарзандони мардум месӯзад, охир, онҳо набояд бесавод монанд. Фардо дар назди виҷдону имони худ чӣ посух медиҳем?»
Ман дар чунин ҳолатҳо ба иродаву хирад ва тамкину дурандешии падарам аҳсан мегуфтам. Вай дар тӯли ин солҳои вазнин назди соҳибчоҳу сарватманде дасти ниёз набурд ва ҳамеша чун тимсоли сарбаландию озодагӣ буд, қадри худро амиқ медонист. Дар замини назди хона ва як порча замини дигар, ки дар паси дабистон мавҷуд буду сарвари он аз ноилоҷӣ ба омӯзгорон ҷудо карда дода буд, гандум кишт мекард. Якҷо онро медаравидем, мекӯфтему гандумро дар халта гирифта, ба осиёби обӣ мебурд падарам.
-Лаззати нони ҳалоли омӯзгорӣ кайфияти хосаи худро дорад. -мегуфт аз сари шавқ ва меафзуд:
-Ҳафт пушти мо бо ҳамин нони меҳнатӣ бузург шудаем.
Падарам бас ранҷ мебурду барои ободию шукуфоии деҳаву таълимгоҳи он мекӯшид. Рӯзонаҳо дар мактаб аз пайи сабақ омӯзондани фарзандони мардум қарор дошт, шабҳо бошад, китобҳои зиёдро варақ мезаду мутолиа мекард ва дар дафтарҳояш мазмуни мухтасари он китобҳоро сабт мекард. Субҳ бо чашмони варамида як пиёлаи чойро бо нони гандумӣ тановул мекарду роҳи дабистонро пеш мегирифт. Аҷаб тафохуре дошт, аз он ки аз мактабу кори омӯзгорӣ даст накашидааст, хушҳолию қаноатмандие дар оинаи чашмонаш мавҷ мезад. Қиблагоҳам ҳамеша орзу мекард, ки фарзандони сокинони деҳ дар мактаби нави замонавӣ ба таълим фаро гирифта шавад. Бинои таълимгоҳи пешин кӯҳнаву афсурда ва аслан, қобилу лоиқи дарс хондану сабақ омӯхтан надошт. Садамавӣ буду хавфи чаппа шудани девору сақфи синфхонаҳо ба хонандагону омӯзгорон таҳдид мекард. Ва орзуҳояш амалӣ шуданд, мардум аз қавле «дасту остин барзада» бо шӯру шавқ худ худ аз пайи бунёди бинои нав шуданд. Рӯйи баҳор ба сохтмони он шуруъ карданд ва шабу рӯз ҷон коҳонда, охирҳои моҳи ноябр бинои мактабро сохта ба анҷом расонданд. Рӯзе, ки бинои нави дабистон бо тантанаи махсус кушода мешуд, ба мушоҳидаи ман, касеро чун падарам ба он дараҷа хурсанду хушҳол дучор наомадам. Шарораи шавқи лобаёни ифтихору сарбаландӣ дар дидагонаш барқ мезад, вай ингуна кӯдаквор шодӣ мекард, ба ҳамкорон ва ҳамдеҳагон мефаҳмонд, ки синфхонаҳоро чӣ тавр, шабҳоро ба рӯз расонида, сохта, рангу бор намуданд.
Вокеан, мактаби тоза қоматафрохта, ки бо ранги сафеди деворҳояш чашм мебурд, чун арӯси зебо ва диданӣ ба дилҳо сурур ва ба дидаҳо нур мебахшид, аммо барои ман ранҷу заҳматҳои падарам омӯзанда ва монанди сабак буд. сабаки зиндагӣ!
Вай чун паси миз менишасту ба омӯзишу мутолиаи китобҳои илмӣ, адабиёту сарчашмаҳо машғул мешуд ва соатҳои тӯлонӣ аз саҳифаҳои китоб сар намебардошт, маро ба андеша мувоҷеҳ месохт. Чӣ сиррест дар ин ранҷ бурдану муддатҳо омӯхтану аз бар кардани моҳияту муҳтавои он китобҳо? Чӣ омил падарамро маҷбур месозад, ки биомӯзаду андӯхтаҳояшро дар дафтарҳои махсус сабт бисозад? Чӣ шавқе дар ниҳонхонаи қалби қиблагоҳам нуҳуфтааст, ки вай шабҳо нахобида, ба машғулиятҳои фардо омодагӣ мебинад? Гоҳҳо баланд-баланд шеър қироат мекунад. Шабҳои дигар рӯйи миз варақи сафеди барҷастаеро кушода, бо рангҳои сурху сабзу кабуд, хокистарию сиёҳ ва гуна-гунаи дигар дар он мавзуи нави дарсиро ба таври кӯтоҳу мушаххас сабт месозад? Акнун худам чунин васоити аёнӣ тайёр мекунам ва аз амали хеш қаноатманд ба падарам, ки ин ҳамаро аз ӯ омӯхтам, таҳсин мегӯям. Падари бузургворам ба ман таҳия ва сохтани накшаҳои тақвимӣ- мавзуӣ, дарсӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои роҳбарисинфт ва сабку шеваҳои тайёр кардани асбобу васоити айёниро омӯзонд, ки аз ӯ умре миннатдорам. Қабл аз он ки мактабро хатм кунам, падарам аз касби интихобкардаам барои оянда пурсон шуданд.
-Ростӣ, ҳанӯз ба як қарор наомадаам, падар,- оташи шарму хиҷолате рӯямро сӯзонда гуфтам дар посух. –Вале, дил мегӯяд, ки…
-Не, ту дар интихоби ихтисосу пешаи ояндаат соҳибихтиёрӣ. -фаҳмонд қиблагоҳ ва илова кард: -Маҷбурат намекунам, ки бояд ҳатман ин ё он касбро интихоб кунӣ.
Ва ман пешаи омӯзгориро интихоб намудам. Заҳмату азобҳои кашидаи падарам маро водошт, ки шабеҳи ӯ ба суду манфиати мардуму ҷомеа хидмат кунам. Бо меҳнати ҳалол, бо сари баланд, аз рӯйи виҷдон ба пешаи омӯзгорӣ машғул шавам. Ин нидои қалбам ангезише аз обрӯю нуфузест, ки падарамро насиб гардидааст.
Ҳоло ҳар субҳ китобу дафтарҳоямро гирифта, сӯйи дабистон роҳ мегирам ва панду андарзи падар дар гӯш бо худ меандешам, ки бори масъулияти вазнинеро бар дӯш гирифтаам: тарбияи шогирдон, насли наврасе, ки бояд созандагони ояндаи кишвар ва муҳофизони содиқи ватан бошанд. Оё аз уҳдаи ин рисолати дар айни замон пурифтихор мебаромада бошам?
Роҳи бошарафонае, ки падарам тай карда, тамоми шебу фарозҳои зиндагиро паси сар намудаанд, дилпуру кавиям месозанд!
-Метавонам, зеро омӯзгорӣ дигар сарнавишти ман аст.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»