Мо дар таълимгоҳамон ба ҳукми анъана дар байни хонандагони синфҳои 9-11 бо иштироки роҳбарони синфҳо пурсиши пӯшида гузаронидем. Дар пурсишнома 342 нафар хонанда иштирок карданд. Масъалаҳои зайл мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд:
Баҳогузорӣ ба фаъолияти маъмурияти литсей (5-холӣ)
- Агар ман директор мешудам.
- Беҳтарин омӯзгор аз нигоҳи ман.
- Кадом фанҳо ба ман маъкуланд?
- Фанҳое, ки ба ман маъқул нестанд.
Фикру андешаҳои шогирдонро дар пурсишномаи солҳои пешин ба инобат гирифта, пешниҳодҳои соли ҷориро муқоиса намоем, дарк мекунем, ки эроду таклифҳои хонандагон назар ба солҳои гузашта хеле кам шудаанд. Ин нишонаи он аст, ки дар ободонии литсей ва гирду атрофи он корҳои назаррасе ба амал омадаанд, ки талаботи шогирдонро қонеъ гардондаанд.
Бояд қайд кард, ки ин фикру андешаи навҷавонон аст, ки ҳанӯз ба дарки бисёр масъалаҳо фаҳмашон намерасад, донишу таҷрибаи ҳаётиашон чандон мукаммал нест, вале фикри тоза, андешаҳои ҷолиб, омӯзандаю созанда ва мавриди қабул низ доранд. Афкори хонандагон маъмурияти литсейро водор менамояд, ки дар фаъолияти худ таҷдиди назар намоянд ва барои пешбурди кор андешаҳои шогирдонро дар мизони тафаккур бисанҷанд ва афкори ҷолибу мавриди қдбулро дар нақшаҳои корӣ ворид намоянд.
Азбаски мақсади саволҳои баъдӣ аз нигоҳи шогирдон муқоиса намудани фаъолияти омӯзгорон дар дарс, муайян намудани рейтинги омӯзгор дар синф ва завқи хонанда ба омӯзиши фанҳо мебошад, таҳлил дар ҳар як синф алоҳида гузаронида шуд.
Таҳлил нишон дод, ки ба дарсҳои омӯзгорон Б.Раҳмонов хонандагони чор синф, ба дарсҳои омӯзгорон Қ.Муқимов, Ҳ.Алиев, Ф.Окимбекова, Г.Камолова, М.Аҳророва ва чанде дигар хонандагони се синф, ба дарсҳои омӯзгорон М.Салтанати, Г.Темиршоев, Ҷ.Шабурова, М.Разакова…
Рафти омӯзиш нишон медиҳад, ки ба хонандагон бештар фанҳои биология, физика, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, алгебра, химия, тарбияи ҷисмонӣ мақбул буданд.
Мутаассифона, қисме аз хонандагони синфҳои 9-11 оид ба фанҳои химия, алгебра, технология, физика, нақша камҳавсалагӣ зоҳир намуда, ба омӯзиши ин фанҳо хоҳишу таваҷҷуҳ надоштанашонро баён намудаанд.
Пешниҳодот
- Фикру андешаҳои хонандагон мавриди баррасӣ қдрор дода шуда, андешаҳои қобили қдбулу созандаи он ба инобат гирифта шуда, дар нақшаи солонаи литсей ворид намудани он аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
2. Омӯзгороне, ки писанди қисме аз шогирдонанд, бояд саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки боз ҳам шавқовартару пурмуҳтавотар дарс гузаранд, ки боқимонда хонандагон низ онҳоро ҳамчун омӯзгори беҳтарин эътироф намоянд.
- Омӯзгороне, ки хонандагон ба дарсашон майлу хоҳиш надоранд, бояд методи дарсдиҳиашонро дигар кунанд, то ки мақбули шогирдон гарданд. Педагоги барҷастаи рус А.С. Макаренко ҳушдор намудааст: “Агар дарси шуморо шогирдонатон нафаҳманд, пас шумо методи дарсдиҳиатонро дигар кунед”.
- Муаллимоне, ки дарси онҳоро шогирдон намеписанданд, бояд бештар худомӯзӣ намоянд, методи дарсдиҳиашонро такмил диҳанд, ҷидду ҷаҳд намоянд, ки дарсҳояшон пурмуҳтаво ва шавқовар гузаранд. Омӯзгор бояд дарсро бо меҳру муҳаббат гузарад ва ин самимиятро шогирдон эҳсос намоянд.
- Омӯзгорони собиқадору соҳибтаҷрибаро лозим аст, ки ба дарсҳои муаллимони ҷавон иштирок карда, камбудию муваффақияти дарси эшонро баррасӣ намуда, кумаки методӣ расонанд.
- Муаллимони ҷавон бештар ба дарси омӯзгорони варзида иштирок карда, аз таҷрибаи ғании онҳо дар фаъолияти хеш самаранок истифода баранд.
Муҳаммадраҳим ТОШПӮЛОДОВ,
равоншиноси литсейи №2
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе