МАЪРИФАТ — АСОСИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Дар раванди маърифатнокии аҳолӣ нақши аввалиндараҷа бояд ба мактабу маориф ва донишгоҳҳо, ки маркази ба ҳам омадани шумораи зиёди ҷавононанд, дода шавад. Бинобар ин, баҳри шинохти дурусти падидаҳои хатару таҳдидомези экстремизму терроризм ва огоҳ намудани мардум аз онҳо дар баробари мақом ва накщи илмҳои табиӣ ва дақик, накщу макоми илмҳои ҷомеашиносӣ низ бояд баланд бардошта шавад. Раванди таълими фанҳои ба ҳам алокаманди сиёсатшиносӣ, низоъшиносӣ ва геополитика дар муассисаҳои олии кишвар бояд таквият дода шавад. Албатта, тафаккури техникӣ амри зарурист, вале барои дарки хатару таҳдидҳо кофӣ нест.

Дар раванди тезутунд гаштани муборизаҳои сиёсӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ягона омили берун мондан аз вазъи хатарзои замони муосир, илму дониш ва маърифати баланди шаҳрвандони дилхоҳ халқу миллат ба ҳисоб меравад.

Ба ақидаи олими амрикоӣ С. Хантингтон, аз шаш тамаддуни фаъоли имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки хоҳу нохоҳ ба якдигар муқобилият мекунанд, беҳтарини онҳо зафарёб мегардад. Майдони низои шадид ин минтақаест, ки дар сарҳади тамаддунҳо қарор дорад. Дар ин миён тамаддуни ислом осебпазиртарин ба ҳисоб меравад.

Сабабе дигаре, ки ин муқовиматҳои дарозмуҳлатро меафзояд, давлатҳои абарқудратанд. Барои пиёда намудани манфиатҳои худ бо истифода аз қудратҳои ҳарбиву иқтисодиашон ва пешбурди сиёсати «духура» сатҳи алангаи ин мухолифатҳоро баланд мебаранд.

Таҷрибаи таърихию сиёсӣ нишон дод, ки бо истифодаи яроқу аслиҳа ва қувваю қудрати ҳарбӣ тобеъ намудани халқу давлатҳо натиҷа намедиҳад ва ягона роҳе, ки метавонад инсонро тобеъ созад, ин таъсиррасонӣ ба андешаи ӯст. Дар ин раванд аслиҳаи муҳимтарини муборизаҳо воситаҳои иттилоотӣ шинохта мешавад. Маълумотгирӣ ба мисли нафас кашидан, хӯрок хӯрдан ва либос пӯшидан яке аз талаботи муҳими табии инсон гардидааст.

Дар солҳои охир мафҳумҳои «ҷангҳои иттилоотӣ», «муборизиҳои иттилоотӣ», «ҳуҷумҳои хакерӣ», «кибертерроризм», «киберэкстремизм» ва ғайра зиёд истифода мегардад.

Аз ин маълум мегардад, ки инсоният ба марҳилаи нави фазои иттилоотӣ ворид шуда, аз ин пас ҳама намуд муносибатҳо, новобаста аз самтҳояшон ба воситаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешавад. Инқилоби иттилоотиро бо пайдоиши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар ҳамроҳ намудани ВАО-и анъанавӣ ва системаҳои компютерии интиқоли иттилооти омма тавассути шабакаҳои телекоммуникатсионӣ асос мегирад, рабт медиҳанд.

Дар замони муосир нақши иттилоот ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ агарчӣ аз манфиат холӣ нест, аз тарафи дигар, манбаи як қатор таҳдидҳо ва мушкилоти ҷиддӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Дар фазои иттилоотии ҷаҳони муосир бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо роҳи ҷанги иттиилоотӣ, силоҳи иттилоотӣ ва амалиёти иттилоотӣ метавон ба шуур ва афкори одамон таъсир расонида, муносибати миёни давлатҳо ва ё худи ҷомеаи шаҳрвандии ин ва ё он давлатро хароб сохт.

Воқеаҳои охири бавуҷудомада дар давлатҳои Амрико, Аврупо, Қирғизистон, Беларус ва Русия нишон дод, ки таъсиррасонии иттилоотӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба шууру маънавияти наврасону ҷавонон дар сатҳи баланд қарор дорад. Технологияҳои таъсиррасонии иттилоотӣ рӯз то рӯз мукаммалтар гашта, таъсиргузориаш беш аз пеш меафзояд.

Барои паст кардани шиддати таъсири ақидаҳои ифротӣ ба мафкураи насли наврас ва ҷавонон якчанд пешниҳод ироа мегардад:

  1. Бо дарназардошти синну сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фанҳои махсуси таълимӣ ба роҳ монда шавад. Дар муассисаҳои таълимии олӣ ва касбии ҷумҳурӣ миқдори соатҳои дарсии сиёсатшиносӣ зиёд карда шавад ва курси махсуси «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм» ба роҳ монда шавад;
  2. Таъсис додани муассисаҳои хурди илмӣ-тадқиқотӣ дар заминаи муассисаҳои олии касбӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо мақсади дарки дуруст ва муайян намудани таъсири гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ба мафкураи ҷавонон;
  3. Таъсиси Шурои ҳамоҳангсози олимону ҷомеашиносон оид ба дарёфти роҳу воситаҳои алтернативии идеологӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳар гуна хатарҳои мафкуравӣ ба ҷомеа. Татбиқ ва чораҳои зикршударо яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ ва аз байн бурдани ин падидаҳои номатлуб шуморидан мумкин аст;

Ф. ЭШОНҶОНОВА,
коршиноси масоили сиёсӣ