АНҶУМАНИ ҲАФТУМИ ОМӮЗГОРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ ДАР ОСТОНА

4-7-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Анҷумани VII-уми омўзгорони кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода 13 нафар корманду омузгори Вазорати маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзи якуми анҷуман дар Донишгоҳи давлатии ба номи Назарбоев ҷаласаи Шурои ҳамкорй дар соҳаи маорифи давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид, ки дар он 16 масъала вобаста ба рушди ҳамкориҳои соҳаи маориф, аз ҷумла масъалаҳои дар рӯзномаи анҷуман ҷойдошта ва қарори дар Анҷумани VI-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ қабулгардида мавриди баррасй қарор гирифт.
Инчунин, нимаи дуюми рӯз дар Мактаби байналмилалии шаҳри Остона дар мавзуи “Таҷрибаҳои тадқиқотӣ оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон” тренинги даставӣ ва шоми он рӯз дар “Қасри сулҳ ва ризоият” барои иштирокдорони анҷуман барномаи идонаи фарҳангй бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид.
5-уми октябр дар Донишгоҳи давлатии ба номи Назарбоев маросими расмии ифтитоҳии Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ зери унвони “Маориф дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар воқеияти нав ва дигаргунсозии раванди таълим дар давраи пас аз пандемия” ва дар доираи анҷуман маросими ифтитоҳии Фестивали II-ми байналхалқии маҳорати педагогӣ сурат гирифт, ки кормандону омӯзгорон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Зимни маросими ифтитоҳӣ (ҷаласаи пленарӣ) вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон Асхат Аймагамбетов зикр кард, ки дар давраи пас аз пандемия масъалаи рақамикунонии соҳаи маориф дар мадди аввал баромада, ҳоло муҳим аст, кидар истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди машғулиятҳо ва омӯзгори воқей бо диди анъанавии худ ба ҷаҳон пайдо шавад.
-Дар солҳои охир маориф ба таври назаррас тағйир ёфт, ҳодисаи пешгӯинашаванда рӯй дод: пандемия ва рушди босуръати технология. Ин барои рушди маориф дар тамоми кишварҳо меъёрҳои навро ба миён овард. Барои омӯзгорон дарк кардани он муҳим аст, ки технологияи рақамй барои муаллимон масъалаи нав набуда, ба онҳо дар иҷрои вазифашон кумак мерасонад,- зикр кард А. Аймагамбетов.
Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедов зикр кард, ки анҷуман на фақат воқеаи барҷаста дар ҳаёти омӯзгорону кормандон, балки як падидаи хоси ҷамъият гардид. Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ элитаи илмӣ ва таълимии кишварҳои ИДМ-ро ҷамъ овард, ки натиҷаҳои фаъолияти муштаракро ба таври дастаҷамъӣ арзёбӣ намуда, траекторияҳои имконпазири рушди фазои ягонаи таълимии Иттиҳодро дар давраи пас аз пандемия муайян мекунад.
Дар қатори намояндагони вазоратҳои маориф ва илми дигар кишварҳо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Абдулзода суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президента кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тамоми чораҳои судмандро андешида истодааст. Дар баробари ин, баъд аз пандемия таваҷҷуҳ ба рушди рақамикунонии соҳаи маориф зиёд гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид.
Дар идома, аз ҷониби ноиби вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон Каринова Шолпан Танатовна маросими ҷоизасупорӣ сурат гирифт, ки дар он омӯзгори забон ва адабиёти руси литсейи «Нурбахш»-и шаҳри Норак Мамлакат Азимова ва мураббияи муассисаи томактабии №149-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Фирӯза Ватаншоева бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи ИДМ» сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, иштирокдорони анҷуман ва фестивал аз рӯйи мавзуъҳои иртиботманди соҳаи маориф корҳои сексиониро идома доданд, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар машваратҳои гурӯҳӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар сексияи «Таҳсилоти ба оянда нигаронидашуда: мундариҷа ва педагогика», муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С. Сафармамадзода, дар сексияи «Рушди арзишҳои умумибашарӣ дар раванди эҷодкорӣ ва ҳамкорӣ, ки ба шахсият нигаронида шудааст», декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Ф.Давлатзода ва сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм М.Бобомуродов ва дар номинатсияи «Психолог-педагоги иҷтимоӣ», омӯзгори литсейи №4 барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе Ф.Ахунова дар мавзуи “Шахсият дар ҳама ҷо” бо маърӯза иштирок карданд.
6-уми октябр дар доираи анҷуман Фестивали II-юми байналхалқии маҳорати педагогӣ аз рӯйи бахш ва номинатсияҳои гуногун кори худро идома дод, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчиёни фаъол соҳиби Дипломи фестивал гардиданд.

Дар идома конференсияи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки намояндагони гурӯҳи назоратии раванди Болония (BFUG), вазоратҳо ва донишгоҳҳои Осиёи Миёна баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода иштирок ва суханронй намуд.

Дар рафти конфронс иштирокдорон, хусусан, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарурати таҳким ва рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгирої дар соҳаи таҳсилоти олй байни кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид намуданд.

Боиси таъкид аст, ки дар доираи конфронси ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ Протоколи иловаӣ оид ба зиёд намудани теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ (аз 50 ба 100) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

7-уми октябр Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ кори худро ҷамъбаст намуд.

Бояд зикр кард, ки баргузории анҷуманҳои омӯзгорону кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ дар амалияи ҷаҳонӣ ҳодисаи нодир аст. Вижагии чорабиниҳо дар он аст, ки дар он омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии ҳама сатҳҳо: методистҳо, омӯзгорон ва роҳбарони донишгоҳҳо, намояндагони ташкилотҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматии кишварҳои ИДМ, роҳбарони нашриётҳои дар ин соҳа фаъолияткунанда ширкат меварзанд.

Дар ягон минтақаи дигари ҷаҳон ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи маориф ба роҳ монда нашудааст, ки тамоми маҷмуи хизматрасониҳои таълимӣ, аз кӯдакӣ то роҳнамоии касбии ҷавонон, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти калонсолонро дар бар мегирад.

Фарогирии васеи иштирокчиён аз он гувоҳї медиҳад, ки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташаккули фазои ягонаи таълимӣ дар ҳама сатҳҳо: таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, баъдидипломӣ ва академӣ идома дорад.

Низомнома дар бораи Анҷумани кормандон ва омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ, ки дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, баргузории чорабинӣ, муҳтаво ва ҷанбаҳои ташкилии онро ба танзим медарорад ва манбаъҳои маблағгузории онро муайян мекунад.

Аз соли 2010 инҷониб анҷуманҳо ба таври мунтазам дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. То ин замон, анҷуманҳо дар ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон ва Тоҷикистон барпо гардида буданд. Ҳамакнун, Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, дар назар аст, ки анҷумани навбатӣ соли 2024 дар Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардад.