ПОРСОМАРДЕСТ ДАР МУЛКИ АДАБ

Он замон ӯ ҳанӯз шеъри «Хоҳиш» ва қитъаи зерро насуруда буд:
Чӣ қадар танҳоям,
Чӣ қадар бори гунаҳ бар душам,
Чӣ қадар нола гиребонгир аст,
Лек ман хомӯшам.
Вале мо аз оғози ошноиямон (қариб чиҳил сол қабл аз ин) бо фаросат ва бо нигоҳи кунҷкобона неку дарёфта будем ин маъниро дар ҳастии ҳамсабақамон. Чаҳор соле, ки бо ҳам дар мактаби олӣ таҳсил кардем, ғолибан ӯро дар давраи худ ба навъе танҳо, андешаманд ва ба назар андаке фориғбол дармеёфтем. Банди хаёлот баъзан аз посух ба саломамон ҳам бенасиб мемондем. Нахуст таслим ба андешае шудем, ки ӯ ҷавонест шикастадилу бепарвову пиртавлидшуда. Аммо батадриҷ ин ҷавони «дунёи дигар» тавассути посухҳои даста-даста пурҷавҳару далелбораш ба суолҳои устодон дар ҷараёни машғулиятҳо, тавассути пора-пора суханони муассиру дилпазираш зимни суҳбатҳову мубоҳисот ва тавассути луқма-луқма эродҳояш ба нигоштаҳо дар дастурҳои таълим кулли қазоватҳои моро нисбат ба шахсияташ ботил сохт. Ва мо ин ҳамсабақи хешро, ки он ҳангом Ӯрун Калонов ному насаб дошт, ба гурӯҳи дигар — гурӯҳи донишчӯёни фаъолу кӯшову хирадпарвар шомил кардему нисбат ба ӯ эҳтиром дар дил парваридем. Дарёфтем, ки пурдону камгӯӣ аст ӯ, мудом мекӯшад, ки пасу пеши суханро санҷида бигӯяд, танҳо дар зарурат ҷилави сухан ба даст гираду баҳудаю беҳуда вориди арсаи баҳс нашавад, сад ман биандешад, то як ман ҳарф ба забон орад. Дӯст медошт сухан кӯтоҳ бо миёнчигарии шоҳбайтеву мақолу ҳикмате карданро. Як навъ танҳогарде буд дар қаламрави илму адаб; диду фаҳму қазовати вежаи худро дошт, яъне дар муҳите дигар, муҳите, ки худ ороставу перостааст, бо боли хаёлоти рангину ширин парвоз дошт ҳамеша. Ва чун аз ин ҳама огаҳӣ дарёфтем, дигар вомегузоштем ӯро бо худу бо андешаҳояш, танҳо дар зарурат аз ин муҳит берун мекашидем ӯро.
Мо бовар доштем, ки ин ҳамсабақи «танҳову хомӯшамон»-ро фардо дар радифи аҳли илму адаби кишвар хоҳем дарёфт. Ва хушо, ки ғалат накардаем дар ин қазовати хушбинонаи хеш. Имрӯз Ӯрун Калонови мо бо тахаллуси Ворис (вориси ниёгони суханвару андешаманди хеш) дар саросари кишвар номвар асту дар ҳавзаҳои адабии бурунмарзии форсигӯён низ мақом дорад. Ҳамоно гиребонгири андеша аст, кам шеър мегӯяд, вале хубу сара мегӯяд, ҳадафгиру дилпазир мегӯяд. Каломаш берунҷаста аз доираи танҳоияш аст, дар ашъораш хаёлангезиҳои ҷаззоб, корбасти бамавриду ҳунармандонаи саноеи бадеӣ, бозёфтҳои лафзиву маънавӣ, нигоҳи тоза ба мавзуъ, ифодаву ибораҳои маънирез, алфози гӯшнавозу навпадид, ҷилои вожаҳои ноб зиёд ба мушоҳида мерасанд ва касро мафтуни каломи волои муқаффо мекунанд. Дар иртибот ба ин ҳама гуфтаҳо аз марзи эҷоди ӯ, аз китобҳояш «Рози бараҳнагӣ», «Ҷоми гӯё» ва «Дар чор фасли лаҳзаҳо» метавон далелҳое фаровон овард ва асрори танҳоиву хаёлангезиҳои ӯро ошкор кард. Ба ин пораи дардолудаву даъватгар аз ҳамон шеъре, ки дар ибтидо ёдовар шудем, таваҷҷуҳ биоваред:

Чӣ кунам бо худу бо танҳоӣ?
Чӣ касе ояду ёрам бошад?
Чӣ ҳавое, ки нафас бикшояд?
Чӣ садое, ки сароям бошад?
Куртаи дарди маро пора кунед,
Синаамро бишикофеду бубинед
Хирмани оташи сузандаи ҷонам он ҷост.
Ворис дар шеър сабку услуби хоси худро дарёфтаасту бештар таваҷҷуҳ ба маъниофаринӣ мекунад, суханро ба дарозо намекашад ва мекӯшад, ки бо пурбор кардани вожаҳо, пероиши ифодаҳои муъҷаз ва бо истифодаи тавонмандиҳои забони тоҷикӣ дар лафзи андак маънии бисёрро ҷой диҳад, чунончи, дар умқи шеъри «Гурез», ки ҳамагӣ се мисраъро фаро мегирад, маъние басо муассир ва ҳикматбор (ҳамбаста ба як воқеияти маълуми рӯзгор) ифода дарёфта, ки онро метавон дар ҳачми сӣ-чил мисраъ низ иброз дошт. Дар аксари нигоштаҳои Ворис зарфи маънӣ бузургтару фарогиртар аз зарфи шеър аст ва ин махсусияти меҳварии эҷодиёти ӯст. Ҳама бузургон ситоиши мухтасарбаёнӣ кардаанд ва каму кӯтоҳ гуфтанро ҷавҳари истеъдод хондаанд. Ҳикматест машҳур аз Низомии Ганчавӣ:

Кам гую гузида гуй чун дурр,
То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.

Дар кулбори ашъори Ворис гарчи шеъри суннатӣ ҳам ба назар мерасад, хуб эҳсос мешавад, ки ӯ майли бештар ба шеъри сапеду озод дорад ва бо ин гуна набиштаҳояш дар рушди назми тоҷик ҳиссае шоиста мегузорад. Тақрибан тамоми ашъори сапеду озоди шоирро дар китоби «Дар чор фасли лаҳзаҳо» (алҳол китоби нисбатан комили ӯ) метавон ҳамчун кӯшиши пирӯзмандона дар ин бахш тавсиф бахшид. Ворис дар шеър вожаву ибораву ифодаҳои пазируфтаву баргузидаву мақбули худро (чун шабнами андуҳ, қафас, гург, имони сабз, ҳиҷоби розҳо, парвоз, чашма, андеша, дарахт, ситораи орзу, сапеда, ғубори сина, висол.) дорад, ки ҳузури онҳо дар чанд шеър нигоштаҳояшро маънаван иртиботе ба ҳам мебахшанд ва ба вусъати чамани маънӣ боис мегарданд. Чунин мушоҳида мешавад, ки шоир ба ҳар мавзуъ танҳо ҳангоме даст мезанад, ки сухани нав дошта бошаду гуфтаҳояш бо меҳру ихлосу самимият гиреҳ бихӯранд. Аз ин лиҳоз, ба мавқеи мавзуи дерини адабиётамон — ситоиши модар дар нигоштаҳои Ворис назар афканем, зуд дармеёбем, ки ҳунар метавонад ба мавзуи куҳна ҷомаи нав бипӯшонад ва маъниҳое тоза ба ҷилва оварад. Ҳасрати маҳрумӣ аз модар дар шеъри «Модар»-и шоир ҳамбаста ба фарорасии фасли баҳор (хушо, ки ҳама ҷо сабзу хуррам, вале дареғо, ки модар нест!) хеле ҷонгудоз ва таассуфбор аст: Модар,

Баҳор шуд.
Рӯзи ғамон гузашт,
Сармо дигар ба ҷисми ту бозӣ намекунад,
Дунё ба сони сандалиат хубу гарм шуд,
Аммо
Баҳори ту аз ҳам шикасту рехт.
Дар ҷисми хастаю бечораҳоли ту
Дигар баҳор нест.
Мулоҳизоти моро аз ин лиҳоз қитъаи зер, ки барчида аз шеъри дигари шоир, ки боз ҳам «Модар» ном гирифта, тақвият мебахшад:
Модари ман
Ҷонамози баргҳоро тоза мекард,
То малоик рӯ зи боғи мо натобад.
Модари ман аз раҳи худ хор мечид,
То ки мо хорӣ набинем.
Чодари номуси дунёро ба сар дошт…
Модари мушти пари ман
Чун кабутар
Дар ҳавои сабзи имон болу пар мезад.
Ӯ ба мо парвози покиро сабақ медод.
Ба қавли маъруф, шахсияти эҷодкор ба эҷоди ӯ беасар намемонад. Модарномаи Ворис дар гӯшаи хотироти мо, собиқ ҳамсабақон, рухдодеро рӯшан мекунад, ки вобастагӣ ба ин мавзуъ дорад. Соли аввали таҳсиламон буд. Ворис ҳамарӯза пас аз анчоми машғулиятҳо ба деҳаашон (воқеъ дар Ҳисор) мерафту субҳ бармегашт ва ин, албатта, душвориҳое барояш пеш оварда буд. Боре декани факултаамон, донишманди асил ва инсони шариф Мирзо Аҳмадов ба дарсгоҳи мо даромада, пас аз чанд эълон гуфт:
-Ҳамроҳи шумо Ӯрун Калонов ном донишҷӯ таҳсил мекунад. Донишчӯи хуб, боодоб, ғайратманд. Аз ин рӯ, мо ба қдроре омадем, ки ба ӯ дар хобгоҳи факултет ҷой диҳем. Ҳамчун мукофот ва подоши фаъолияташ.
Ҳама ба Ӯрун Калонов нигаристем ба нишони табрик. (Он солҳо на ҳамаи донишҷӯён бо хобгоҳ таъмин буданду қисмате иҷоранишинӣ мекарданд). Ҳамсабақамон вазнин аз ҷо бархосту андешаманд ба декан арз дошт:
-Устод, ман аз ғамхорию дастгириатон мамнуну сипосгузорам, вале дар хобгоҳ зиста наметавонам.
Декан дар банди ҳайрат монд:
-Чаро? О, дигарон моҳҳо барои соҳиби хобгоҳ шудан даводав доранду то ба ректор арз мебаранд. Ту ҳар рӯз ба деҳа рафта меоӣ. Чӣ гап?
-Устод, ман ҳар рӯз ба деҳа ба назди модарам меравам, дар хизмати ӯ мешавам. Мутаассифона, дар хобгоҳ ман бо модарам буда наметавонам.
Дарсгоҳро чанд лаҳза хомӯшии том фаро гирифт. Дар чашмони декан, ки хеле марди раҳмдил буд, ашк ҳалқа зад. Ӯ як навъ худро ба даст гирифту садо баровард: -Бишин, писарам. Раҳмат ба ҳафт пуштат! Модарро ҳурмату эҳтиром бикунӣ, баракат меёбӣ.
Ворис чаҳор сол дар гармою сармо байни деҳаву шаҳр равуо дошт, ҳарчанд гаҳ аз ину он барои аз дарсҳо қафо монданаш гап мешуниду баъзан бемор ҳам мешуд, фараҳманд аз он буд, ки ҳамарӯза бо модар асту дасти ӯро мебӯсад, ҳарфи ҷонбахши ӯро мешунавад, хидматашро мекунад. Ҷавонмарде бо ин гуна сиришту сарнавишт, албатта, дар ситоиши модар сухани самимию табиӣ мегӯяд, сухане, ки «сар занад аз дил ба дил коре кунад».
Дӯсти соҳибдилу соҳибқалами мо Ворис ҳамоно андешапарвару хушназар аст, дар ҷаҳони босафои хаёлоти рангини хеш устуворона қадам мезанад, кору эчод мекунад. Ба назари зоҳирбин мардест танҳо, вале дар асл ботинан бо ҳамагон аст, бо дӯстону пайвандон, бо ҳамкорону аҳли эҷод, бо Ватани маҳбуб…

Абдурауф МУРОДӢ