ГАРОНБАҲОВУ БЕЗАВОЛ

Бобоҷон Ғафуров парвардаи муҳити илмиву эҷодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии асри ХХ буда, тавонист аз имкониятҳои фароҳамовардаи айём истифода барад ва таърихномаи миллати худро, ки орзуи ҳамешагиаш буд, бо номи «Тоҷикон» ба вуҷуд оварад. Ин асари бунёдӣ соли 1972 аз тариқи нашриёти бонуфузи «Наука»-и шаҳри Москва бо забони русӣ чоп шудаву дастраси мухлисону ҳаводорони таърихи халқи тоҷик гардид. Имсол аз нахустнашри он 50 сол сипарӣ гардид.
Муҳаққиқи ҷӯяндаву бедордил Бобоҷон Ғафуров аввал заминаҳоро  барои ба вуҷуд овардани асари барҷаставу пурҳашамате устувор поягузорӣ карда, ҳамзамон, дар ин самт омӯзишро вусъат мебахшад, мавод гирд меоварад, бозёфтҳои бостоншиносонро меомӯзад, мақолаҳо иншо мекунад, ҳуҷҷату санад ва мадракҳои дастрасро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, таҳлилу баррасӣ менамояд, дар деги тафаккур мепазонад.
Дар заминаи омӯзишу пажӯҳиш ва талаби айём даставвал бо ҳамқаламии Н. Прохоров  китоби  «Халқи  тоҷик дар  мубориза  баҳри  озодӣ  ва истиқлолияти худ»-ро соли 1944 бо забони русӣ рӯи чоп овард.
Соли 1947 роҷеъ ба таърихи тоҷикон аз ҷониби  Б.  Ғафуров асаре бо номи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» чоп шуд. Дар ин китоби пурмуҳтаво муҳаққиқ бо далелҳои раднопазири таърихӣ  илман  исбот  кардааст, ки «тоҷикон қадимтарин халқи бумии Осиёи Миёна мебошанд». «Таърихи  мухтасари халқи тоҷик» асарест, ки дар авроқи он саҳифаҳои хираи халқи тоҷик рӯшан инъикос шуда, ба ин васила,  муаллифи он бунёдгузори илми тоҷикшиносии ватанӣ шинохта шуд.
Барои бештар муаррифӣ кардани таърихи халқи тоҷик ва ба доираи  васеи аудиторияи гуногунзабон манзур гардонидани он, муаллиф ин асарро соли 1949 бо забони русӣ ба табъ мерасонад, ки баъдан солҳои 1952, 1955 бо тавзеҳу иловаҳо боз ду маротибаи дигар бо ин забон чоп мешавад.
Ҷустуҷӯву  омӯзиш  имкон фароҳам  овард  то  Бобоҷон Ғафуров  дар  ба вуҷуд овардани китоби бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ҳамроҳи як гурӯҳи бонуфузи таърихнигорон ширкат варзад. Ин  китоб, ки  Бобоҷон Ғафуров ҷилдҳои якумашро бо академик  Б.  А. Литвинский  ва  дуюмашро бо А.М. Беленитский таҳрир намудаву дар омода кардани ҷилдҳои дигараш низ саҳми бевосита дошта, солҳои 1963-1965 дар се ҷилду панҷ китоб нашр гардид.
Баъди директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои  Иттиҳоди Шуравӣ таъйин гардидан Бобоҷон Ғафуров фаъолияташро пурра ба корҳои илмиву ташкилӣ равона карда, таҳқиқи таърихи  пурвусъати тоҷиконро аз мадди назар дур нагузошт ва он ба шуғли доимии ин  олими  нуктасанҷу  дақиқкор табдил ёфт.
Маҳз дар ҳамин давраи босамару доманадор Бобоҷон Ғафуров бо  масъулияти дучанд ба  таълифи  китоби  «Тоҷикон» оғоз  кард. Натиҷаи ҷустуҷӯву омӯзиш шароит фароҳам овард,  ки нигорандаи таърихи ниёкони некном «доир ба таърихи тоҷикон маводи зиёди илмӣ ҷамъоварӣ менамояд, сарчашмаҳои наву нодир дарёфт мекунад, аз асарҳои олимони англис, олмонӣ, амрикоӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва эронӣ истифода мебарад ва китобро бо такя ба дастовардҳои охирини илми матншиносӣ, таърихнигорӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, антропология ва бостоншиносӣ барои  нашр омода мекунад» ва соли 1972 бо теъдоди 10 ҳазор  нусха дар Москва бо забони русӣ чопу дастраси хонанда мегардад.
Китоби «Тоҷикон» ва номи муаллифи  он  аз  рӯзҳои  аввал таваҷҷуҳи муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ, доираи васеи хонандагонро ба  худ  ҷалб  менамояд ва дар як муддати кӯтоҳ ба фурӯш меравад. Мухлисону ҳаводорони китоб барои дастрас кардани он тавассути телефон ба  нашриёту  бевосита  ба муаллиф муроҷиат кардаанд.
Аввалтар ва аз ҳама бештар номи китоб, яъне «Тоҷикон» таваҷҷуҳи ҳаводоронро  ба худ ҷалб намуда  буд,  чунки  бо  ин ном чопи ин қабил асарҳоро дар он замон иҷозат намедоданд. Обрӯву нуфуз ва мавқеи илмиву ҷамъиятии муаллиф барои нашри китоб бо ин унвон мусоидат кардааст. Муаллиф дар ҷараёни таълифи асари пурмуҳтавои худ этикаи  илмиро риоя карда, ба иззати  нафси  дигар  миллатҳо нарасида, мавзӯи  доманадорро объективона  таҳқиқу  баррасӣ менамояд.
Воқеан ҳам, китоби «Тоҷикон»  дар  такя  ба  сарчашмаю  манбаъҳои илмию адабӣ ва таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносию сиккашиносӣ, ҳуҷҷату санад ва мадракҳои нодири то солҳои 70-и асри гузашта дастрас  навишта шуда, зимни  мутолиаи он хонанда аз ташаккулу таназзулҳо, таҳаввулу бурду бохтҳо, комёбиву нокомиҳо, ҷабру ҷафоҳои таърих,  дастовардҳои илмию фарҳангӣ, ҷасорату матонати қаҳрамонону  паҳлавонони майдонҳои набарду корзор, огаҳӣ  ёфта, сабақи ҳаёту зиндагӣ меомӯзад.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳам мисли китоби «Намунаи  адабиёт»-и С. Айнӣ, ки дар ибтидои асри 20, дар давраи бисёр ҳассосу сарнавиштсоз мавҷудияти  миллати тоҷикро, соҳибдавлат будани онро собит кард, рисолати худро дар давраи минбаъда ба ҷо овард, ба муаллифаш умри ҷовидон бахшида, ҳамчун асари мондагори безавол дар ин замонаи пурзиддияти ҷаҳонишавӣ пояҳояшро боз ҳам қавӣ мегардонад.
Бахусус, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳасари «Тоҷикон» ва муаллифи он Қаҳрамони Тоҷикистон  Бобоҷон  Ғафуров ҳамарӯза афзуда, маҳз бо ташаббуси  Сарвари  давлат  ин асари оламшумул чандин маротиба бознашр шуда, ахиран дар  Паёми  навбатӣ  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид шуд, ки «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби  бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем,  саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро  омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Дар Чину Полша, Ҳиндустону Ҷопон ва Афғонистон, ҳамчунин, бо  забони ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудани осори Бобоҷон Ғафуров, ба хусус,  «Тоҷикон» аз он шаҳодат медиҳад, ки ин осор пурмуҳтаво, арзишманд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ нигошта шудаанд.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар илми таърихшиносӣ ва шарқшиносии ҷаҳон ба сифати падидаи бузурги илмиву фарҳангӣ пазируфтаву эътироф шудааст. Тақризҳои ба ин асар навиштаи  олимону муҳаққиқони шинохтаи ҷаҳон академик В.В. Пиотровский, А.П.  Окладников,  М.П. Ким, Е.М. Жуков, И.И. Минтс, М.А. Коростовсев,  Р. Фрай, Шаши Бушан, Нурул Ҳасан, М. Лоренс, Файз Аҳмади Файз, Саидмуҳаммади Ҳаким, Ҳасани Донӣ ва дигарон аз он гувоҳӣ дода,  арзиши бузурги онро муайян менамоянд.

Саъдулло ҲАЙДАРОВ,
дотсенти кафедраи
телевизион ва радиошунавонии ДМТ