Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то Президент шудан дар омӯзишгоҳ касбу ҳунар омӯхта, дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил намуда, дар флоти ҳарбии баҳрӣ хизмат кардааст. Ба яке аз хоҷагиҳои машҳури ноҳияи Данғара роҳбарӣ карда, соли 1990 вакили халқ интихоб шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ин корҳоро то соли 1991, то барҳам хӯрдани ҳукумати Шуравӣ ба ҷо оварда буд. Баъд мамлакати Шуравӣ, ки аз понздаҳ ҷумҳурӣ иборат буд, шикаст хӯрд. Мо ин давлати бузургро ИҶШС меномидем.
Мо ҳамон вақт сарпаноҳ дошта бошем ҳам, ба истиқлолият расида бошем ҳам, нохост ба шутурбачаи ятим, ки аз падару модараш ҷудо гаштааст, монанд шудем. Ҳамаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарсону ҳайрон гаштанд. Мағозаҳои хӯрокворӣ нохост холӣ шуда монд. Гуруснагӣ сар шуд. Он замон ба сӯи мустақилияти ҳақиқӣ танҳо қадамҳои аввалин мегузоштем. Вале дар он вақт бисёриҳо ин роҳ чӣ қадар мушкилу мураккаб буданашро намедонистанд. Дар пойтахти ҷумҳуриямон шаҳри Душанбе барои ҳокимиятро ба даст овардан кашмакашиҳои сиёсӣ ва фитнаҳо сар шуд. Ин ҷанги сиёсӣ то ноҳияҳои дурдаст паҳн гардид. Кашмакашиҳои сиёсӣ ба ҷанги шаҳарвандӣ оварда расонд. Ҳамин тавр, дар замони вазнину мураккаб ва пур аз зиддиятҳо Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт ҷавони 40 -сола ва вакили боғайрат буд, ба майдони сиёсӣ омад.
Он вақт ҳамчун вакили Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати вакилон «Аз сарварии мамлакатро ба даст овардан дида, мамлакатро идора кардан мушкилтар аст»,- гуфта буд. Ҳамон вақт мамлакатамон аз сохти кӯҳна ба сохти нав мегузашт.
Духтарам, меҳру муҳаббат ва садоқат ба ватан Эмомалӣ Раҳмонро ба тахти мамлакати харобгардида шинонд. Ҳамаи бузургони мо барин ба Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба мартабаи олӣ, ба обрӯю эътибор ва шону шуҳрат, ба муҳаббати мардум сазовор гардидан ба осонӣ муяссар нашудааст. Дар рӯяшон ҳувайдо гаштани сурхӣ, ба лабашон давидани ханда самараи фидокорӣ ва некиҳои бебаҳои ӯст. Зеро, ӯ нағз медонист, ки роҳбар шудан шуҳрат не, балки аз ҷони худ гузашта барои ҳаёти дигарон ғам хӯрдан, ҷавонмардӣ ва шуҷоат нишон додан аст.
Бобоят Эмомалӣ Раҳмон, ки кору бор, рафтору гуфтор, фикру хаёлаш бо эҳсоси некӣ омехта гашта буд, ин фазилати ӯ ҳамчун шахси доною оқил, дурандеш ба назари мардум намоён гардид. Ғамхорӣ ва дилсӯзии ӯ қадр ёфт, дар дили мардум нақш баст. Мардум дарахти меҳри ӯро дар дил парвариш намуда, як барги умедашро ҳам ба зард шудан роҳ надода, сабзонд, ба воя расонд. Аз номаш фахр намуда, ба некиҳояш бо некӣ ҷавоб гардонд. Тухми некӣ мева баста, ҳосил дод. Ниҳол гузаронда боғ бунёд кард, роҳу кӯча, хонаю мактаб сохт, шаҳру деҳаҳоро обод кард. Нақб кофт, неругоҳҳои барқӣ сохт. Бо ҳамин роҳ кишвари худро дар ҷаҳон машҳур кард. Унвони Қаҳрамони Тоҷикистон гирифтану сазовор шудан ба номи бузурги Пешвои миллат нишонаи некӣ ва боварии мардуми тоҷик буд.
Эмомалӣ Раҳмон пеш аз Президент шудан, ҳамчун вакили мардум манфиати халқро ҳимоя карда, баромадҳои ҷасурона мекард, суханҳои дарднок мегуфт, ба ақидаи худ устувор меистод. Аз боби ҳиссиёти баланди худшиносӣ, ифтихори миллӣ, аз тақдири имрӯзу ояндаи мардум сухан ронда, тухми умед ва бовариро дар дили одамон мекорид.
Кишвари мо пас аз ҳазор сол ба истиқлол расид, бахташ хандид, соҳиби Суруди Миллӣ, Парчам ва Нишони худ гашт.
Шодии мардум ҳадду канор надошт, душманони миллат ин ғунчаҳои некию нишонаҳои давлатдории точиконро чашми дидан надоштанд, бо роҳҳои гуногун ба дили тарафдорони кӯтоҳандеши худ тухми кина ва адоватро корида, миллати ҷабрдидаро ба фалокату балоҳо гирифтор мекарданд.
Оқибат нияти бад ба амал татбиқ шуд. Шарорае, ки онҳо даргиронда буданд, ба гулхан табдил ёфта, кишварамонро ба оташи ҷанг кашид. Ҷаҳл омада, ақл аз байн рафт. Эмомалӣ Раҳмон рустамона миён баста, ба аспи некӣ савор шуда, ба майдон баромад, ба мамлакат сарварӣ карданро боҷуръатона ба уҳда гирифт.Ба бахти халқ Парвардигор ӯро ба саҳнаи сиёсии бузург овард. Ин инсони ҷасур ва ватандӯст барои халқу миллатро аз гирдоби балою офатҳо озод кардан хавфу хатарро фаромӯш кард, оташи даргирифтаистодаро хомӯш кард, ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошт. Бо ишора ва даъватҳои пурмеҳру муҳаббат одамони фиребхӯрдаро ҳушёр намуд, ба худ овард. Заҳри ба шарбат чакидаро бо мижгонҳояш тоза намуда, ширин намуд. Одамони кинадор ва аламзадаро бо муҳаббати бузург ба оғӯш гирифт. Ба оташи ҷанг, ки ба пойи ватан аждаҳо барин часпида буд, ҳиссиёти некияшро, меҳри пурҷӯши худро муқобил гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин ният барои бо мардуми азияткашидаю аламзада вохӯрдан ба ҳузури ҳамватанон, ки дар ҳудуди Афғонистон ташнаю гушна хайма зада, зиндагӣ мекарданд, роҳ пеш гирифт. Пӯшида нест, ки бисёриҳо ба он ҷо рафтанро маслиҳат надоданд. Вале Эмомалӣ Раҳмон, ки дар дилаш ҳиссиёти ба мардум некӣ кардан ҷӯш мезад, дар мавқеи худ сахт истод, аз хавфу хатар натарсид, ба таҳлука наафтод, наларзид. Бо онҳо рӯ ба рӯ, ошкоро гап задан, арзашонро шунидан азм кард.
Халқ одил аст. Ӯ аввал ҳар як воқеаро бо сабру тоқат мулоҳиза намуда, баъд фикри холиси худро мегӯяд. Дуруст, дар байни мардум хубу бадаш ҳам, иғвогараш ҳам ҳаст. Қувваи сиёсат, истеъдоди сиёсатдон, солим ва таъсирпазир будани ҳаёти солим ана ҳамин фикрҳои мураккаб, зиддиятноку муқобилро муттаҳид намуда, оммаи халқро ба як роҳ андохта, ба як мақсад равона кардан аст. Эмомалӣ Раҳмон дар бораи гурезаҳоро ба ватани худ баргардондан, бо мухолифин сулҳ баста дар ақидаи бузурги худ устувор монд. Мулоқот бо қувваҳои мухолифин нишон дод, ки дар ниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ғайр аз дипломати сиёсӣ, муомилаи дараҷаи олӣ, донишмандии бузург қобилияти ҳукми худро гузарондан, ба ҳамсуҳбат ва иштирокчиёни маҷлис рост будани фикри худро бовар кунондан низ будааст. Аз зулмат равшанӣ ҷустуҷӯ кард. Бадиро дида, ҳавсалааш пур нагашт, ба некӣ умед баст.
Дар вақти ба гӯшаи аз ҳама дурдасти хоки Афғонистон, ки «Дараи аҷал» ном гирифта буд,чархболи Президент нишаст дар ин ҷо ғайр аз камонбадастон, ки дар сояи кӯҳу санг ва буттаҳо меистоданд, касе набуд. Дере нагузашта ду гурӯҳи муқобил, ки нисбат бо якдигар кинаву адоват доштанд, риштаи тақдири онҳо ба ҳам пайваст шуд. Қадами мубораки Президент, ки ҳамватанонро суроғ рафта буд, сангдилтарин камонбадастонро низ нарм кард, нисбат ба сарвари шердил эҳсосоти меҳру шафқатро бедор намуд. Ана ҳамин қадами муборак, ки бо дилсӯзӣ гузошта шуда буд, муҳити хуб, дебочаи сулҳ, зарбаи сахт ба даҳони ҷанг шуда буд. Қудрати ба некӣ даст задан бадбинҳоро низ ба ҷояш шинонда монд. Ба андеша ҳидоят намуд. Ватанро аз ҳалокат наҷот дод, шавқу рағбат ба зиндагиро бедор сохт. Мардуми парешонро муттаҳид гардонд.
Услуби кор ва роҳи сиёсии меъмори ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон роҳи ба худ хос, дар заминаи миллӣ шакл ёфта, пухта расида, ба анъанаҳои сиёсати давлатдории тоҷикона амалгардида мебошад. Ӯ ғайр аз Ватан дилҳои ғамгинро низ шод гардонд. Бо роҳи авф ва бахшидан рафта, ба қуллаи мартабаи калон расида бошад ҳам, аз остонаи хоксорӣ як қадам ҳам он тараф нагузашт. Аз мӯйсафедони талху ширинии ҳаётро дидагӣ дуо гирифт. Бо одоби хуби худ, бо суханони ширини худ, бо нияти хуби худ, танҳо дар дилу ҳамватанони худ не, балки дар дили дидаи аҳли ҷаҳон низ ҷой гирифт. Ӯро роҳбарони дигар мамлакатҳо ва созмонҳои байналмилалии бонуфуз пазируфтанд. Зеро дар таклифҳои Эмомалӣ Раҳмон ташвишҳои як миллат, як кишвар не, балки ғаму ташвишҳои аҳли ҷаҳон муҷассам гардида буд. Дар ҳар суханаш маънои башардӯстӣ буд.
Духтарам, шодии насли навраси имрӯза, хандаи онҳоро дида, ба хулосае меоем, ки ҳамаи инҳо тантанаи сиёсати оқилонаи Президент дар тарбияи насли наврас аст. Президент ба насли наврас хурсандӣ ва хушбахтӣ ҳадя мекунад, мехоҳад, ки дар дили бачаҳо ҳиссиёти наҷиб дурахшида истад. Мехоҳад, ки насли навраси ба воя расида истода саодатманд ва масрур бошад. Барои ин кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои бачаҳо ҳамаи шароитро муҳайё созад, онҳо дар чорчӯбаи расму оинҳои миллӣ тарбия ёбанд. Дар навбати худ бачаҳо низ ба Президент табассуми ширин ҳадя мекунанд. Ин аст рисолати падарона ба насли наврас, ғамхорӣ кардану меҳру саховати худро аз онҳо дареғ надоштан. Барои ҳамин ҳам насли наврас Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорад ва бо ғуруру ифтихор «падари мо» мегӯяд.
Духтарам Маҳбуба!
Ҷавоб ба номаатро аз нашрияи «Омӯзгор» метавонӣ бихонӣ.
Бо эҳтиром,
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
сармуҳаррири рӯзномаи «Устоз»