ИСТИҚЛОЛ ВА ҶАВОНОН

Ҷавонон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа буда, дар рушди иҷтимоии мамлакат нақши муҳим доранд. Маҳз ба ҳамин хотир дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавонон тақвият ёфта, инфрасохтори рушди соҳаи мазкур марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои ҷавонон сипари Ватанро дида, онҳоро ҳамеша мояи ифтихор ва сарбаландии кишвари азиз  меҳисобанд  ва  ғамхорӣ нисбат ба ояндасозони миллатро  дар  маркази  таваҷҷуҳи худ қарор додаанд. Ҷавонони  даврони  истиқлол зиракии сиёсӣ дошта, сиёсати  пешгирифтаи давлату ҳукуматро пайгирӣ менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ муносибати ҷавонон нисбат ба  масъалаҳои  давлату  давлатдорӣ  тағйир  ёфта, дар  зеҳни  онҳо  ифтихор  аз соҳибватанию  соҳибихтиёрӣ, муқаддасоти  миллӣ  ва арҷгузорӣ  ба  дастовардҳои иҷтимоию  фарҳангии  кишвар боло гирифтааст.
Ҳамзамон, дар шароити авзои мураккаби минтақавию ҷаҳонӣ  марҳила  ба  марҳила фаъолияти ватанпарваронаи ҷавонон тақвият  ёфта истодааст. Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони кишварро ба зиндагии шоиставу  арзанда  раҳнамуд сохта, сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳоро хеле боло бурд.
Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  мақсади  тарбияи  насли  наврас  ва пешгирии шомилшавии  ҷавонон ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  экстремистию  террористӣ пайваста тадбирандешӣ дорад. Имрўз масъалаи баланд  бардоштани  сатҳи  хештаншиносӣ  ва ватандўстии  ҷавонону  наврасон  яке  аз  ҳадафҳои  асосии Ҳукумати  мамлакат  ба  ҳисоб меравад.
Дар  шароити  ҷангҳои иттилоотӣ  ҷавонони  кишварро  лозим  аст,  ки пайваста биомўзанд, таҷриба афзоянд ва ҳамчун сипари Ватан кўшиш намоянд, ки ба доми фиреби ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ наафтанду қурбони ғаразҳои нопоки душманони Ватану  миллат нагарданд.
Умуман, на танҳо ҷавонон, балки тамоми  сокинони  кишварро  зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва Истиқлоли давлатӣ расида, дар  рушди устувори кишвар саҳмгузор бошанд.
Мусаллам аст, ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-умин солгарди  Истиқлоли  давлатӣ ҷашн  гирфта  шуд.  Дар  остонаи  ин  ҷашни  бузург  ваҳдату ҳамдилии  ҷавонони  кишвар ва  пуштибонии онҳо аз сиёсати  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  тавоноии  мамлакат неруи дигар зам менамояд.
Мо,  ҷавонони  даврони истиқлол,  дар  самти  сиёсати пешгирифтаи  Президент ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон устуворона  қадам  мемонем ва ифтихор аз Ватани маҳбуб дорем, ба сулҳу субот арҷ мегузорем.

Фарзона ҒУЛОМНОСИРОВА,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон