Дар ҳошияи Рӯзи устод Рӯдакӣ мехоҳем чанд нуктаро дар доираи мавзуи «Устод Рӯдакӣ дар мақоми шоири файласуф» иброз намоем.
Якум. Дарунмояи шеър ва каломи мавзунро ҳикмату фалсафа ташкил медиҳад. Бо он ки солҳо ва ҳатто асрҳо доира ва муҳитҳои адабӣ ва нависандагии форсии тоҷикӣ сари мавзуи ҷанбаҳои ҳунарии мероси манзуму мансури адабӣ-бадеӣ тамаркуз баҳс карда, то имрӯз дар ин замина мунозироту мунозеот ҳамчунон идома доранд, ҳикмату фалсафа ҷавҳар ва ҳастаи шеър аст. Аз ин ҷост, ки моҳият ва ҷавҳари шеъри классикӣ ва муосир мавзуъ ва масоили фалсафианд, чаро ки маҳз тавассути маъниҳои ҳикматӣ уқдаю печидаҳои фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буруз мекунанд ва имкони ҳал пайдо менамоянд. Гироидани шоирон ба ҳикмату фалсафа шароитро барои пайдо кардани уқдаю печидагиҳо ва фош сохтани мушкилот фароҳам меоварад. Дар ин масир устод Рӯдакӣ аз аввалинҳост.
Дуюм.Муҳит ва фазои сиёсӣ, фикрӣ, адабӣ, илмӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ҳар фарди эҷодкорро таҳти таъсир қарор медиҳад ва кайфияти эҷодии донишманду ҳунарманд ҳам ба чигунагии фазою муҳит бастагӣ дорад. Асри Х, ки давраи салтанати бузургтарин сулолаи миллӣ — Сомониён буд, асри ба ҳам омадани қувваҳои илмию эҷодӣ будааст. Маҳз дар ҳамин аср тавассути амирони хирадпарвари Сомонӣ фазои муътадили сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва маданӣ созмон дода шуд ва аҳли илму фарҳанг аз гӯшаю канори ҷуғрофиёи паҳновари салтанатӣ ба пойтахт ва маркази илму тамаддуни миллӣ — Бухоро таваҷҷуҳ пайдо карданд. Ба ин тартиб, фазои солими фикрию фарҳангие, ки муассисаш амирони фарҳанггустари Сомонӣ буданд, ба дунёи маърифати башарӣ чеҳраҳои бузурги илму адабро эҳдо намуданд. Ин чеҳраҳои мондагор Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Ибни Сино, Абубакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва амсоли онҳо буданд, ки дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ мақоми баланд доранд.
Севум. Дар асоси мадорики таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ, ки дар заминаи пажуҳиш, шинохт ва бозбинии андешаву мероси бузургони илму фарҳанги форсу тоҷик рӯйи кор омадаанд, метавон ба устод Рӯдакӣ унвони “файласуфи шеър”, ба Ҳаким Фирдавсӣ титули “файласуфи таърих” ва ба Абурайҳони Берунӣ мақоми “файласуфи фарҳанг”-ро ихтисос дод. Ин аст, ки тахсиси унвони “файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ” ба устод Рӯдакӣ бемаврид нест. Дар зимн, шоири файласуф касест, ки ба инсон, ҷомеа, табиат, ҷаҳон ва кайҳон бо дидаи вежа, ки саршори ангезаи отифату самимият ва балоғату нафосат аст, бархӯрд мекунад ва бо нигоҳи жарфу тозааш паёме ба мардум ироа медорад. Ба қавли донишманди фақиди эронӣ Аҳмади Касравӣ: “Ҳаким маънои файласуфро дорад ва касест, ки ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста ва он чиро, ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад”.
Чаҳорум.Барои он ки мавзуи мавриди назар — “Устод Рӯдакӣ ба унвони поягузори шеъри ҳикматӣ” дуруст пайгирӣ шавад, нахуст бояд сари мафҳуми “шеър” таваққуф намуд. Дар доираи мафҳуми шеър андеша, эҳсосот ва авотифи инсонӣ ғунҷонда шудаанд, ки ҳамагӣ ҷараёни донишу биниши фалсафӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандии инсонро ҳамчун мавҷуди зиндаю огоҳ таъйин ва танзим мекунанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки фалсафаи шеър фалсафаи ҳунар аст ва шеър ҳам мисли ҳунар ғаризаи офаридгории инсон дар идомаи вуҷуд ва ҳар камбудеро, ки инсон дар олами вуҷуд эҳсос мекунад, бо фаҳму андешаи худ ҷуброн менамояд. Шоир, пеш аз ҳама, ҳунармандест, ки одаму оламро ба тарзи худ меофаринад, бо андешаи зебояш рангоранг месозад, ҷомаҳои мунаққаш медӯзонад ва саранҷом маънои тоза мебахшад. Ин аст, ки шеър (адабиёт) ва андешамандию нуктапардозӣ (фалсафа) аз бомдоди таърихи фарҳанг ҳамқадами иронинажодон буда, онон тавассути ин ду илми бунёдӣ ба зиндагии худ рангу маъно мебахшиданд. Ин суннати фикрӣ ба василаи таҳоҷуми аҷнабиёни юнонӣ, румӣ, арабӣ, туркӣ-муғулӣ аз байн бурда шуд. Вале амирони хирадпарвари Сомонӣ дар замони салтанати худ он суннати фавтидаро аз нав эҳё карда, барои эҷоди шеъру андешаи миллӣ ва тафаккури фалсафӣ шароити мусоид фароҳам оварданд, ки ин имкон дод тухмаю неруҳои зеҳнӣ ба сабзиш дароянд ва ба гирду атроф мунташир гарданд. Яке аз ин гуна тухмаҳои фарҳангзо устод Абуадуллоҳи Рӯдакӣ буд.
Панҷум. Дар радифи унвонҳои расмиву ифтихорие, ки ба устод Рӯдакӣ мутақаддимин ва мутааххирин додаанд, унвони шарафманди “ҳаким” низ ҷой дорад. Рӯдакӣ, ки ба унвони “ҳаким” низ мушарраф гардида буд, ба инсон ва ҷаҳон аз равзанаи хирад ва андешаи фалсафӣ дида дӯхта, бад-ин тартиб шеър офаридааст. Дар замони зиндагии устод Рӯдакӣ шоироне, ки ба унвони “ҳаким” ёд мешуданд, кам набуданд. Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Мантиқии Розӣ аз зумраи шоироне буданд, ки унвони “ҳаким”-ро дарёфт карда буданд. Дар байни шоирону донишмандони замони худ сохибэҳтиром гардидани устод Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки ӯ, воқеан, шоири тавоно ва ҳакими бузург будааст. Шоир ва ҳакими бузург Шаҳиди Балхӣ, ки аз муосирони шоир буд, сухан ва шеъри Рӯдакиро ба Қуръон монанд карда фармудааст:
Ба сухан монад шеъри шуаро,
Рӯдакиро суханаш тилви Нубост.
Шашум. Рӯдакӣ ба сифати файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ ба тарҳи муҳимтарин масоили фалсафие даст задааст, ки муосиронаш онҳоро сарфи назар кардаанд ва ё дар баррасии онҳо заифу нотавонтар будаанд. Дар матраҳ сохтани мавзуоти фалсафӣ устод Рӯдакӣ аз шеър мадад ҷуста, онро бо ҳикмат ва фалсафа даромехтааст. Муҳимтарин мушаххасот ва нукоти фалсафие, ки устод Рӯдакӣ бо биниши ҳакимона ва сабки шоирона ба шарҳу баёни онҳо пардохтааст, чунинанд:
а) Рӯдакӣ шоири зиндагист, яъне дар ашъораш, пеш аз ҳама, ба зиндагӣ арҷ гузоштааст. Дар зимн, мавзуи баҳси ҳикмат ва фалсафа ҳам зиндагӣ ва марги инсон аст (пойинтар ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунем). Шоир зиндагиро устод ва раҳнамои ҷаҳони инсонӣ арзёбӣ карда, таҷрибаи рӯзгорро ба унвони роҳҳалли калидӣ аз тамоми мушкилоти башарӣ, аз ҷумла, раҳоӣ ва дафъи балоҳо матраҳ намудааст:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд;
б) Рӯдакӣ шоири хирадварз аст, пайваста аз фарҳанг — аз ин гавҳари шариф, ки инсонро одамият, ҳувият ва шахсият мебахшад, тавсифу тамҷид намуда, мардумро ба ҷустуҷӯи ин ганҷи саодатбахш ҳидоят сохтааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
в) муҳимтарин масъалаи фалсафие, ки дар асотири қадимаи ориёӣ ва таъолими зардуштӣ ҷойгоҳи устувор дошта, бо омадани адён ва сиёсатҳои аҷнабӣ ба ҳошия ронда шудааст, масъалаи дуализми фалсафии инсон ва ҷаҳон (табиат) мебошад. Рӯдакӣ ҳамчун шоири миллӣ ва меросбардори фарҳанги гузашта ин мавзуи муҳимми фалсафиро аз нав эҳё кард ва бо биниши шоирона ва баррасиҳои ҳакимона густариш дод:
Ин ҷаҳон пок хобу кирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.
Куниши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.
Рӯдакӣ бо овардани ин абёт нишон медиҳад, ки инсон дар баробари ҷаҳони бенизом қарор дорад ва шоир ба ӯ (ба инсон) ҳушдор медиҳад, ки ба сеҳру ҷодуи он гирифтор нашуда, бо донишу хирад аз зиёну осебаш худро эмин дорад;
г) нуктаи дигари фалсафие, ки устод Рӯдакӣ ба он амиқ таваҷҷуҳ кардааст, маргу зиндагии инсонист. Масъалаи марг ва зиндагӣ (нестӣ ва ҳастӣ), ки дар фарҳанги гузаштаи мо собиқа дорад, дар шакли дуализм ё санавияти фалсафӣ баррасӣ мешавад.
Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй писар,
Мо чу саъва марг бар сони заған.
Ҳар гуле пажмурда гардад, з-ӯ на дер,
Марг бифшорад ҳама дар зери ған.
ғ) дар маркази таваҷҷуҳи устод Рӯдакӣ инсони огаҳ, покдоман, наҷибу шариф ва вораста аз қайду бандҳо қарор дорад ва ҳамаи ин сифоти инсониро шоир дар калидвожаи “озода” мунсаҷим месозад. Озодагон афродеанд, ки бо фазилат, ҷасорат, адолат, наҷобат ва шарофати худ аз дигарон фарқ мекунанд ва дар ҷомеа намунаи ибратанд. Озода фардест, ки ҷаҳону зиндагиро дар мизони ақлу дониш андозагирӣ мекунад. Шоири ҳаким чаҳор чиз (ҷисми солим, кирдори нек, номи нек ва хирад)-ро барои озодагон тавсия ва таманно мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки ин чор ҷавҳар марди озодаро аз ғаму балоҳо раҳо месозанд:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад,
Ҳар он кӣ эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд шодмону ғам нахӯрад.
Ин чаҳор чизе, ки Рӯдакӣ ба инсони озода таманно мекунад, ҷисму рӯҳи инсониро муқавво месозанд ва аз осебпазирӣ эмин медоранд;
д) масъалаи шинохти арзишҳои миллию фарҳангӣ ва қадр намудани онҳо дар фалсафаи шеъри Рӯдакӣ амиқ дарҷ ёфтааст. Шоир бо рағбати тамом аз адабиёту фарҳанги пеш аз исломӣ ва қадимаи Ирон бо ифтихор ёд мекунад. Ӯ ба “Авасто” ва “Занд” барин кутуби фарҳангии миллӣ, ки аз арзиши баланди динӣ ва фалсафӣ бархӯрдор буданд, эътиқоди самимӣ дошт ва ҳамчун асолати ҷавҳари фарҳанги қавмӣ аз онҳо ёд мекард, то ҷое, ки мефармояд:
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Абастост фазлу сирати ӯ Занд;
е) устод Рӯдакӣ аз ҳикмату фалсафаи юнонӣ ва мабоҳиси фалсафие, ки дар замони зиндагии шоир мутадовил буданд, иттилои комил дошт. Масалан, дар абёти машҳури қасидаи “Шикоят аз пирӣ” устод Рӯдакӣ назариёти фалсафии “будан” (сокиту сукун) ва “шудан” (сайрурат ва ҳаракат)-ро, ки аввалиро файласуфи Юнони бостон Парменид ва дувумиро ҳакими маъруфи юнонзамин Ҳераклид асос гузошта буданд, дунбол мекунад ва дар қолиби каломи манзум шарҳу тавзеҳ медиҳад.
Ҳамин тариқ, шоири файласуф касест, ки аз дигарон болотар, рӯшантар ва амиқтар мавзуъ ва масоили калидӣ, ҷомеаи инсонӣ, ҷаҳон ва кайҳонро тариқи ка-ломи мавзуну мухайял ва муқаффо матраҳ мекунад. Ба ин маъно, устод Рӯдакӣ дар феҳристи нахустин шоирони файласуфи миллӣ қарор дорад, ки қабл аз дигарон бар мабнои хирадбоварӣ сари мавзуъ ва масоили мубрами фалсафӣ-ахлоқӣ, минҷумла, сарнавишти инсон, муаммоҳои ҷаҳон, мушкилоти фаровон, ҷаҳду талоши одамиён, бузургии фарҳанги ниёкон, футуввати донишмадорон, интиқоди ҷоҳилон, ҳамоқати фазлфурӯшон, таҷрибаи рӯзгорон, арзиши ҳаёти одамон, андарзи ҷовидон ва амсоли инҳо тамаркуз намуда, тариқи шеъри марғубу дилписанд арзи матлаб кардааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки паёмҳои отифӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва фалсафии ин шоири файласуфи миллӣ сари забонҳои афроди миллат қарор доранд ва мардум аз муҳокимаву баррасиҳои отифию фалсафии ӯ баҳраҳо бармедоранд ва панду андарзҳояшро дар зиндагии рӯзмарра корбаст мекунанд. Ин аст, ки дар миёни аҳли адабу фарҳанги аҷдодӣ устод Рӯдакиро, бемуҳобо, метавон нахустшоири файласуфи миллӣ ҷойгоҳ ва унвон дод.
Нозим НУРЗОДА,
пажуҳишгар