ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Омил ва сабабҳои асосии буҳрон ва муқовимати шадиди сиёсӣ, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ овард, фалаҷ шудани тамоми сохторҳои идоракунӣ ва давлатдорӣ дар оғози истиқлолият ба шумор меравад.

Бесарусомонӣ, қонуншиканӣ, гирдиҳамоиҳои беохири ғайриқонунӣ  дар майдонҳои  Шаҳидон  ва  Озодӣ, дигар  майдонҳои  шаҳри Душанбе,  дуздӣ,  ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, куштор, лату кӯби одамони бегуноҳ,  ки  ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳолати  тарсу ваҳм, ноумедӣ, маъюсӣ, нобоварӣ  ба давлату ҳукумат, хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли  тоҷикон оварда буд, маҳз самараи ҳамин ҳолати фалаҷ гардидани  фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, хосатан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд.

Қонуншиканӣ аз оғози марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон то  ҳадде расида буд, ки Президенти нахустини дар Парлумон интихобшуда — Қаҳҳор Махкамовро тавассути фишорҳо маҷбур карданд, ки ба истеъфо  равад. Куштори ваҳшиёнаи Прокурори генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев (24.08.1992) аз ҷониби силоҳбадастони ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ далели он буд, ки қонун, шаъну эътибор ва ҷони инсон дар  назди  гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолифин арзише надошта, онҳо омода буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз даҳшатноктарин васила-куштор,  зӯроварӣ,  таҳдид  ва гаравгонгирӣ истифода баранд.

Террор ва куштори як зумра ходимони сиёсию давлатӣ — Назаршо Назаршоев, Мунавваршоҳ Назриев, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, олимони намоён — Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исоқӣ, Минҳоҷ  Ғуломов, нависанда Сайф Раҳимов, журналистон Муродулло Шерализода, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Владимир  Никулин  ва  дигарон далели  беҳокимиятӣ,  афзудани ҷиноятҳои вазнин ба ҷомеа, давлат ва рӯйирост таҳдид намудани олами ҷиноӣ буд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Иҷлосияи сарнавиштсоз, нусратовар ва сароғози таъмини ваҳдати  миллӣ меноманд, ба тамоми ин бесарусомониҳо, қонуншиканиҳо,  бедодгарию ваҳшонияти  гӯшношунид хотима гузошт ва ҳокимияти қонунӣ ва конститутсиониро дар Тоҷикистон  аз  нав  барқарор  намуд. 

Маҳз дар ҳамин Иҷлосия эҳё ва аз нав  таъсис  додани тамоми  сохторҳои  давлатӣ: Ҳукумати  ҷумҳурӣ,  вазорату кумитаҳои  давлатӣ,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот марҳила ба марҳила оғоз гардид. Ба таъбири дигар, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  заминаи баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми таърихӣ тамоми  масъулияти идоракунии  кишварро  ба  уҳдаи хеш  гирифта,  дар навбати аввал барои муқаррар намудани дурнамои рушди  Тоҷикистон  тасмим гирифт. Дар  баробари ин, дар ҳамин Иҷлосия ба таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ, ки кафили ҳимояи соҳибистиқлолӣ,  тамомияти  арзӣ,  сулҳу  субот  ва  оромиву  амнияти  ҷомеа  мебошад, асос гузошта шуд. Аз минбари Иҷлосия Пешвои миллат зимни муроҷиати хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид доштанд, ки  “мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ ва дигар  сохторҳои  ҳифзи  ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, дар пешорӯи таърих аслан арзише надорад”.

Маҳз тавассути тасмим ва талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон ба вазъияти мураккаби  иқтисодии  кишвар нигоҳ накарда, дар фурсати хеле кӯтоҳ Артиши миллии навтаъсис ба силоҳ, техникаи  ҳарбӣ  ва дигар воситаву лавозимот дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд. Дар  идомаи  тасмими мазкур неруҳои  сарҳадбонӣ низ таъсис дода шуда, дар  мамлакат барои ҳифзи марзу буми кишвар тамоми шароит фароҳам гардид.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз  қадамҳои  нахустини ислоҳоти сиёсӣ ба шумор рафта, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳукми  қонун даровард ва маҳз ин санади сарнавиштсоз  Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр,  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Қабули  Конститутсия  яке  аз  дастовардҳои муҳими  даврони  истиқлолият буда,  он роҳи интихобкардаи мардуми моро дар амри  бунёди давлати  навини  тоҷикон муайян ва мушаххас намуд. Конститутсия ҳамчун қонуни  асосии кишвар  пояҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, ва ғоявии давлатдории моро муайян карда, он маҳсули афкору андеша,  суннатҳои давлатдорӣ,  қонунэҷодкунии мардуми тоҷик мебошад.

Дар таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳким, тағйиру иловаҳо ба он, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори  давлат хеле бузург аст. Масъалаи  қабули  Конститутсияи нав ҳамчун шахсутуни давлат дар  Иҷлосияи  ХVI Шурои Олӣ ба миён омада,  барои  таҳияи он беҳтарин  мутахассисон-қонуншиносон, олимон, ҷалб карда  шуда, таҷрибаи мамлакатҳои пешқадам ба инобат гирифта шуд. Ба Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  се маротиба тағйироту иловаҳо (26-уми  сентябри  соли  1999,  22-юми июни  соли  2003  ва  22-юми  майи соли 2016) ворид карда шуданд, ки  ин  раванди  табиӣ  мебошад. Зеро  ҳамагуна  қонун,  аз  ҷумла, Конститутсия чизи шахшудамонда ё догма нест ва он бояд тамоми таҳаввулот, дигаргуниҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд дар худ таҷассум  созад. Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон аз рӯи баҳои коршиносон ва ҳуқуқдонҳо яке  аз  беҳтарин  Конститутсия дар байни дигар кишварҳо эътироф гардид, зеро дар он маҷмӯи низому  талабот ва меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҷассум ёфтаанд.

Конститутсия дар раванди ислоҳоти сиёсӣ, идоракунӣ, эҷоди қонунҳои  нав,  эъмори  ҷомеаи шаҳрвандӣ,  таҳкими  ҳуқуқ  ва озодиҳои  инсон  ҳамчун  арзиши аз ҳама олӣ нақши калидӣ пайдо намуд  ва  ҳамин  гуна ба унвони Қонуни асосии мамлакат низоми сиёсиву ҳуқуқии  кишварро ба танзим дароварда,  ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрвандро дар Тоҷикистон кафолат дод.

Ташаккули  институти  парламентаризм  ҳамчун  яке  аз нишонаҳои  давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дастоварди муҳими даврони  истиқлолият  ба ҳисоб меравад.

Парлумони Тоҷикистон дар оғози истиқлолият — Шурои Олии  ҶШС  Тоҷикистон, даъвати 12-ум (1990-1995) ба давраи  Шуравӣ,  яъне,  замони  дар ҳайати ИҶШС ворид будани ҶШС Тоҷикистон фаъолият дошта, он  дар таҳкими институти парламентаризм нақши  муайян бозид.  Баъди  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мақоми олии қонунгузор ва  намояндагӣ аз  даъвати якум (солҳои 1995-2000) номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақоми парламентро мушаххас ва муайян намуда, онро ҳамчун  институти  муҳими давлатдорӣ такмил  дод.  Дар  замони  истиқлолият  парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуда, бори нахуст дар  таърихи сиёсии кишвар таҷзияи се шохаи ҳокимияти  сиёсӣ-қонунгузор, иҷроия, судӣ ва дигар мақомоти идоракунӣ  аз  зинаи  боло  то поён  мушаххас  гардида,  вазифа, ҳуқуқ, вазифа ва салоҳияти онҳо мушаххас гардиданд. Баъд аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  29-уми  сентябри соли  1999  дар ҷумҳурӣ ба таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ (думаҷлисӣ) –  Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси  миллӣ замина гузошта шуд. Маҷлиси намояндагон  доимоамалкунанда ва касбӣ буда, Маҷлиси  миллӣ даъватӣ мебошад.

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил  иборат  буда,  интихоб  ба ҳайати  он  мустақим  пинҳонӣ гузаронида  мешавад  ва  22  ҷой, яъне, 35% ҷойҳо ба намояндагони ҳизбҳои  сиёсии  ҷудокардашуда, ҳар ҳизби сиёсие, ки монеаи 5%-и боварии шумораи умумии интихобкунандагонро  гузаронад  дар парлумон ҷой хоҳад гирифт.

Яке  аз  нишонаҳои  давлати  демократӣ,  ҳуқуқбунёд  ва иҷтимоӣ  баланд бардоштани нақшу мақоми  зан  дар  корҳои идоракунии  давлатӣ мебошад. Нақши Пешвои миллат дар ташаккули парламентаризм ва  бунёди давлати муосири тоҷикон хеле бузург аст, зеро зина ба зина Тоҷикистон дар заминаи татбиқи сиёсати  дурнигаронаи  Пешвои миллат  муҳимтарин меъёрҳои ҷаҳонии низоми қонунгузориро татбиқ намуда, ба  таъсиси парлумони  касбӣ дар мамлакат роҳ кушод, ки он ба тамоми талаботи низоми сиёсати байналмилалӣ ҷавобгӯст. Ҳамакнун 20 сол  мешавад, ки дар Тоҷикистон низоми  парлумони  касбӣ  ташаккул ёфта,  Маҷлиси  намояндагонии Тоҷикистон  равобити  хешро  бо парлумонҳои  кишварҳои  олам тақвият  мебахшад.  Ҳоло  Парлумони Тоҷикистон узви Иттиҳоди байнипарлумонии ҷаҳонӣ, Ассамблеяи  парлумонии  Созмони амният  ва  ҳамкории  Аврупо, Ассотсиатсияи  парлумонҳои Осиё  барои  сулҳ, Иттиҳоди парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси  исломӣ, Ассамблеяи  байнипарлумонии Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди  иқтисодии  Аврупо  ва  Осиё (Авруосиё) мебошад ва бар асоси густариши ҳамкориҳо бо ниҳоду созмонҳои мазкур муносибатҳои хешро ба кишварҳои олам равнақ  мебахшад.

Нақши бузург ва таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро дар самти бунёдгузории давлати навин ва соҳибистиқлоли тоҷикон бо чанд далел метавон собит намуд:

Якум, таъсиси ҳокимияти давлатӣ. Дар рӯзҳои аввалини фаъолият  ба ҳайси роҳбари давлат дар назди Сарвари давлати тозаистиқлоли  тоҷикон ҳалли вазифаҳои бениҳоят мушкил ва сарнавиштсоз  меистоданд. Аввалин  ва  асоситарин  вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии кишвар буд. Қадамҳои  нахустини  Сардори  давлат  дар  ин  самт ва мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ  дар  ин  самт  дуруст ба роҳ монда шуд.

Дуюм, роҳ ба сӯйи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,  дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Дар оғози давлатсозии навини тоҷикон  интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ,  низоми сиёсӣ ва сохтори давлат масъалаҳои калидӣ  буданд.  Маҳз  ҳаллу  фасли масъалаҳои мазкур санги таҳдоби муноқишаҳои сиёсиро ташкил  медоданд, ки он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда буд.

Сеюм, таҳияи низоми нави ҳуқуқи миллӣ.  Тарҳрезии  низоми  нави  ҳуқуқӣ  ҳамчун  появу  таҳкурсии  бинои  давлати нав,  заминаи  рушди  иқтисоди бозорӣ,  тантанаи  демократия, таъмини  ҳуқуқ  ва  озодиҳои  инсон  амали  созандаи  Эмомалӣ Раҳмон  дар  ҷодаи  эъмори  давлати  соҳибистиқлоли  тоҷикон мебошад.

Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузории худ хеле фаъолона ва босамарона истифода бурда, ташаббускори таҳия ва қабули бисёр қонунҳои нав, такмили  қонунҳои  амалкунанда  мебошанд ва ба ин васила, дар ташаккул, таҳким ва рушди низоми нави қонунгузории кишвар саҳми арзанда доранд. Маҳз бо ташаббуси  Пешвои  миллат  чандин қонуни нав, аз ҷумла, ду қонуни миллӣ:  Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар  бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ва “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардиданд, ки он бо арзиш ва аҳамияти худ назир надорад ва имрӯз  баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун намуна  истифода  бурда  истодаанд.

Дар умум, таҳлилу баррасии раванди давлатсозӣ ва ташаккули  давлатдории  Тоҷикистони соҳибистиқлол  ба  ҳақиқат  худ гувоҳӣ  аз  он  медиҳад, ки баъди гузаштани  бештар  аз  ҳазор  сол ба  тоҷикон  муяссар  гардид, ки соҳиби давлати хеш гарданд. Дар тӯли 30 сол раванди  давлатдорӣ ва  давлатдории  тоҷикон  дар марҳилаи  нави  таърихӣ  хеле  такмил ва ташаккул ёфта, аз  ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, ки ин ҷараёни бузурги сиёсӣ маҳсули хирад, андеша ва тадбиру сиёсати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор, муовини якуми
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон