ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурдае дошта, пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо мутахассисон нақши бузурге гузоштааст.

Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар  пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисони омоданамудаи ин зинаи таҳсилот бештар гардидааст. 

Махсусан, дар риштаҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ дар ҷомеаи имрӯзи кишвар ниёз бештар буда, бо дарназардошти он ҳар сол сохта ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии равияи техникӣ ва  тиббидошта аз ҳисоби сектори давлатӣ ва хусусӣ дар кишвар зиёд мешавад.

Дар доираи қонунгузории кишвар ва иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 раванди омода  намудани кадрҳо дар ин  зинаи таҳсилот ҷараёни  тоза гирифта, шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дар  онҳо фароҳам оварда шудааст. Таъкид намудан ба ҷост, ки дар  бештари  кишварҳои пешрафтаи олам шаҳрванд пас аз хатми муассисаи  таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун мутахассис ба кор  рафта, ниёз ба  давом  додани таҳсил надорад. Аниқтараш, ӯ имкон дорад, ки ҳамчун   мутахассиси техникӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ё фарҳангу варзиш  тамоми умр фаъолият менамояд. Яъне, ба истеҳсолот рафтани  мутахассисе, ки ин  ё он риштаро дар коллеҷ фаро гирифтааст,  манфиати  бештар  ба  давлат  ва  худи  ӯ  хисобида мешавад.

Масъалаи  дигар,  ки  дар он муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбӣ бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ  намуда, ҷиҳати  амалӣ гардидани  он  бояд иқдом намоянд, дар заминаи  коллеҷҳое,  ки шароити дурусти   таълимӣ,  заминаи моддию техники хуб доранд, таъсис  додани  шуъбаи  бакалавр ва додани маълумоти олии касбии бакалавр дар ин зинаи  таҳсилот мебошад. Ин иқдомест, ки дар бештари  кишварҳои  пешрафта ва кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ шуда, натиҷаҳои дилхоҳ додааст.

Ғайр аз ин, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ  ҷиҳати  аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани коллеҷҳо ё якчанд  ихтисоси онҳо бояд иқдом намоянд, ки ин раванд обурӯю нуфузи  онҳоро   баланд мебардорад.

Сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ ва хобгоҳҳои  замонавӣ дар  як қатор коллеҷҳо барои ба талаботи рӯз мувофиқ намудани шароити  таълимию тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дар ин муассисаҳо ва ҷалби  бештари  довталабон  аз ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар шароит фароҳам овард.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсии тахассусӣ ба таври пурра таъмин набуда, доираи фаъолияти густурдаи онҳо бо дарназардошти  кушода шудани ихтисосҳои нави ба  талаботи бозори меҳнати кишвар ва ҷаҳон ҷавобгӯ то андозае ба  мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Агарчанде дар назди Вазорати  маориф  ва  илм аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои гуногун, коршиносон, олимону муҳаққиқон гурӯҳи корӣ нисбат ба таҳияи китобҳои дарсӣ барои ин  зинаи таҳсилот чор сол боз амал намояд ҳам, имконияти таҳияи  пурраи  китобҳоро наметавонад ба сомон расонад. Ҳол он ки тибқи озмуни  пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илм ҳар як олиму муҳаққиқ ва омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар таҳияи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи касбӣ метавонад саҳм бигирад. 

Дар  ин  ҷода  нашри  китобҳо тариқи  электронӣ,  таҳияи дастурҳои  методию илмӣ барои омӯзгорон, дастурҳои таълимии ёрирасон,  роликҳо  ва филмҳои таълимӣ зарур буда, мақомоти дахлдор сари он  бояд  андеша  намоянд.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани мавқеи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити кунунӣ баланд бардоштани потенсиали илмии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар доираи талаботи Вазорати  маориф ва илм директорони муассисаҳои таълимӣ масъул карда  шудаанд,  ки  омӯзгорони ҷавонро  барои  ҳимояи  корҳои илмӣ таҳрик дода, шароити мусоиди  иҷтимоиро  барои  онҳо  таъмин  намоянд. Дар  ин  ҷода фаъолияти хуби коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриявӣ (7 нафар),  техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ (6 нафар) муҳандиси омӯзгорӣ (3 нафар), тиббии шаҳри Хуҷанд (3 нафар),  кӯҳии  ба  номи  С.  Юсупова  (2  нафар),  информатика  ва техникаи  компютерӣ  (3  нафар), омӯзгории шаҳри Хуҷанд (2 нафар)… ёдовар шудан мумкин аст. Муассисаҳои таълимие ҳастанд, ки ҳатто як нафар номзади илм надошта, барои ҳимояи корҳои илмӣ омӯзгорони ҷавонро ҷалб намекунанд.

Баланд бардоштани сифати таҳсилот фароҳам овардани шароити  мусоиди иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва заминаи моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва бо компютер ва дигар воситаҳои  нави  техникӣ  баргузор намудани дарсу машғулиятҳо имконияти ҷалби бештари шаҳрвандонро барои таҳсил дар ин зинаи таҳсил фароҳам меорад.  Мутаассифона, омӯзгороне ҳастанд,  ки  истифодаи васеи  компютер   ва  дигар  воситаҳои нави техникиро дар раванди таълим истифода накарда ва ё маълумоти кофӣ  нисбат  ба  технологияи  нав надоранд.

Бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва   заминаи моддию техникии коллеҷҳои омӯзгории ноҳияи Рашт, омӯзгории Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб  ба номи  А.  Рӯдакӣ, омӯзгории  Донишгоҳи  давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, тиббии шаҳри Исфара, муҳандисӣ – техникии ноҳияи Нуробод, омӯзгории ноҳияи Лахш,  омӯзгории ноҳияи Қубодиён, техникии шаҳри  Конибодом, муҳандисӣ  –  техникии шаҳри  Роғун, омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, кишоварзии  ноҳияи Мастчоҳ, тарбияи ҷисмонии шаҳри Бустон ва тиббии шаҳри Панҷакент ҳар сол нақшаи қабул дар ин муассисаҳо иҷро нагардида, таваҷҷуҳи  мардум  ҳам  барои таҳсил дар онҳо сол аз  сол  кам гардидааст.

Нақшаҳои  таълимӣ,  китобу барномаҳо ва раванди  таълиму  тарбия  дар зинаи таҳсилоти миёнаи  касбӣ  таҷдиди  назар  ва навгонӣ мехоҳад. Ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар давоми  чанд соли охир бо дарназардошти пешрафти ҷомеа, тағйир ёфтани фазои илмию техникии ҷаҳони муосир, афзудани теъдоди муассисаҳои таълимӣ ва кушода шудани ихтисосҳои нав дар ҳамин зинаи таҳсилот ниёз ба таҷдиди  назар  ва  азнавсозӣ  доранд.

Махсусан, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  касбӣ,  қоидаҳои  қабул  ба зинаи  таҳсилоти  миёнаи  касбӣ  ва ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки доимӣ мавриди истифодаи омӯзгорон бояд қарор дошта  бошанд,  ба  таҷдиди назар ва ворид намудани тағйирот зарурат доранд.

Ҷалолиддини АМИР,
корманди раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон