КАҶРАВОНРО ВАРТА ДАР ПЕШ АСТ

Аҳли маориф ифротгароёнро маҳкум мекунанд

Сиёсатмадорон ва пажуҳишгарон ҷаҳони муосирро ҳамчун арсаи пурихтилоф ва муборизаҳои шадиду бардавом барои қудрат, сарват, бартарӣ ва бузургманишӣ тавсиф бахшидаанд. Воқеан ҳам, ончунон ки аз ахбори ҳамарӯзаи манобеи гуногуни иттилоотӣ бармеояд, олами маро неруҳои мухталифи пуриқтидор пайваста ба вартаҳои мудҳиш мекашанд, боиси низоъҳову даргириҳои пурзиён мешаванд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 омадааст:
Дар  паҳнои  олам,  махсусан, амалиёти  террористону  экстремистон  давра  ба  давра  вусъат меёбад.  Ин  неруҳои  ифротӣ  бо  мададу  раҳнамоии  бархе  аз  ниҳодҳову созмонҳои  қудратманду  доро  торафт бештар мусаллаҳ шуда, доираи амалашонро  фарохтар  месозанд  ва барои  татбиқи  амалҳои  зишту  манфурашон  аз  кирдору  рафторҳои пасттарину  барои  инсоният  зарарбор  ҳаргиз  даст  намекашанд.  Инҳо неруҳои аҳриманиянду ҷонибдорони зулму  истибдод  ва  ҷаҳолату  хиёнат. Барномаашон, табиаташон, нақшаву омолашон  зишту  сиёҳ  аст. Аҳли  хирад хеле барҳақ фармудаанд:

Касе, к-ӯ пеша кард озори мардум,
Ба маънӣ бадтар аст аз мору каждум.

Дар таъкиди зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  тинату аъмоли неруҳои иртиҷоии ҷаҳони муосир хеле дақиқу воқеъбинона  нишон  дода  шудааст: «Терроризм ва экстремизм,  аз  як ҷониб,  чун  вабои  аср  хатари  глобалии  ҷиддӣ  буда,  аз  ҷонииб  дигар, аъмоли онҳо гувоҳ аст, ки террорист ватан,  миллат  ва дину мазҳаб  на-дорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони  ҳар як сокини  сайёра мебошад».  Ин  ҳушдори  Пешвои  миллат, аз ҷумла, ҳар яки мо – тоҷикистониён ва кулли идораву созмону муассисаҳои мамлакатро водору  даъват  менамояд,  ки  нисбат ба  террористону  экстремистон ва кирдори  номатлуби  онҳо  бепарво набошем, балки бар зидди онҳо садо баланд намоем, мубориза барем. Дар ин самт  кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф  фаъолияти пурсамару фарогир доранд. Дар донишкада бо мақсади мубориза бар зидди ифротгароён ва муқовимат бо онҳо барномаи махсус таҳия шудааст. Тибқи он мунтазам чорабиниҳои  гуногуни  муассир  – конфронсу вохӯриҳо, ҳамоишҳои илмию амалӣ, семинарҳо ва мулоқотҳо баргузор мегарданд. Ҳамчунин, дар тамоми машғулиятҳо бо  шунавандагони курсҳои ДҶТИБКСМ (кормандони муассисаҳои  томактабӣ, мактаб-интернатҳо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ,  роҳбарони таълимгоҳҳо ва роҳбарони синфҳо…) дар  мавзуи  муқовимат  бо терроризму экстремизм сухан ба миён оварда мешавад. Дар ин  мавзуъ байни устодон ва шунавандагони курсҳо мубодилаи афкор, баҳсу мунозираҳо ба миён меоянд. Шунавандагон  дастур  мегиранд, ки  дар  таълимгоҳҳо ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд ва насли наврасро мунтазам аз ниятҳои зишту нопоку пурзиёни неруҳои ифротгаро огоҳ созанд, дар ниҳоди онҳо ҳисси нафрат нисбат ба тахрибкорону хоинони Ватанро пайваста тақвият бахшанд. Барои ин аз далелҳои мавҷуда, маводи нашрияҳо, адабиёти бадеӣ ва воситаҳои техникӣ васеъ  истифода  баранд.  Муҳтавои суханрониҳои Пешвои  миллат  бахшида ба амалиёти бешарафонаи террористону экстремистон муассиртарину боэътимодтарин манбаъ барои омӯзгорон дар  машғулиятҳо  бо  шогирдон мебошад.
Дар  донишкада моҳи майи  соли равон  дар  мавзуи  «Омилҳои  муборизаи фаъолона бар зидди терроризм ва экстремизм» мизи мудаввар баргузор карда шуд, ки дар он дар қатори тамоми  кормандони  донишкада гурӯҳе аз меҳмонон – сиёсатмадорону пажуҳишгарон  ширкат  варзиданд. Дар мизи мудаввар таъкид гардид, ки дар мубориза бар зидди  ифротгароён набояд  лаҳзае таваққуф кард, бояд ҳамеша ҳушёру фаъол буд, зеро неруҳои иртиҷоӣ пайваста нақшаҳои нав мекашанду макру хиёнаташонро бештар мекунанд, доираи амалашонро фарохтар месозанд, сангар дигар менамоянд. Бо ширкати омӯзгори калони донишкада Т.Девоншоева дар шуъбаи маорифи ноҳияи  Восеъ  семинари аҳли маорифи  ноҳия  созмон  дода шуд,  ки яке аз мавзуҳои меҳварии он муқовимат бар амалиёти террористону экстремистон буд.
Аҳли маориф ба ифротгароён нафрат  баён  карда,  изҳор  доштанд, ки дар машғулиятҳои гуногунашон бо  шогирдон  тарбияи  ватандӯстию ифтихори  миллиро боз  ҳам  вусъат хоҳанд бахшид.
Ҳамчунин, бо ҳадафи вусъати муқовимат бо терроризму  экстремизм  ва  фош  сохтани  аҳдофи муғризонаи  ифротгароён  аҳли  донишкада аз имконоти воситаҳои ахбори умум ҳамчун аслиҳаи муқтадири мубориза васеъ ва пайваста истифода  мебаранд.  Мақолаҳои омӯзгорон дар  ин  мавзуъ дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ зиёд ба нашр мерасанд.  Чунончи, мақолаи «Тарбияи ватандӯстии  ҷавонони тоҷик дар даврони  истиқлол»-и З.Норова мавриди таваҷҷуҳи хонандагони зиёд қарор гирифт.
Омӯзгорони варзида У.Файзалӣ ва Х.Мусоев борҳо тавассути Садову Симои мамлакат суханронӣ карда, террористон ва амалҳои  тахрибкоронаи  онҳоро шадидан  маҳкум  намуданд.
Намояндагони донишкада ба сафарҳои  хидматӣ  рафта,  дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо аҳли маориф ҳамоишҳо баргузор мекунанд ва аз ҷумла, ба мавзуи мубориза бо терроризму экстремизм дахл менамоянд. Дар чунин як ҳамоиш дар ноҳияи Шаҳринав  омӯзгорони донишкада дар мавзуъҳои «Терроризм ва экстремизм:  роҳҳои пешгирии амалиёти  номатлуби ин неруҳои ифротӣ», «Омилҳои  вусъатбахши тарбияи ватандӯстии мактабиён», «Масъулияти  падару  модар ва тарбияи ифтихори миллии фарзандон»,  «Оила-бунёди  тарбияи хештаншиносӣ  ва  ватанпарварии насли наврас»… суханронӣ карданд.
Чунин ҳамоиш дар шаҳри Турсунзода низ баргузор карда шуд, ки дар он доираи  васеи кормандони соҳаи маориф ширкат доштанд. Пас аз суханрониҳои кормандони донишкада дар мавзуи муқовимат ва  мубориза бо ифротгароӣ дар ҳамоиш мубоҳисаи доманадор сурат гирифт ва ҳамагон терроризмро ҳамчун  неруи хеле хавфнок  ва пурзиён  дар ҷомеаи муосир тавсиф бахшида, зарур донистанд, ки мафкураи  насли наврас аз таъсири таълимоти неруҳои ифротӣ пайваста ҳифз  карда  шавад. Зимни ҳамоишҳои  мазкур ба омӯзгорон  барои  фаъолона роҳандозӣ намудани тарбияи наврасон дар рӯҳияи танаффур ба террористон дастурҳо дода шуд.
Неруҳои иртиҷоию ифротгаро, воқеан ҳам, вабои аср ва доғи ҷомеаи моянд ва бо онҳо бояд пайваставу хастагинопазирона  мубориза  бурд. Дар ин ҷода аҳли маориф бояд худро ҳамеша масъул донанду  аъол бошанд.

Зарина НОРОВА,
мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои
томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ