Мақсад ва ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба камол расондани онҳо, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Фарзанд бузургтарин неъмати атокардаи Худованд ба инсон буда, меваи умри инсон, неруи дилу ҳаловати ҷон ва пеш аз ҳама, номбардори падару модар, хонавода ва ҷомеа ба шумор меравад. Таълиму тарбияи фарзандон низ бар дӯши волидон гузошта шудааст. Вақти он расидааст, ки фарзандонро чунон таълиму тарбия диҳем, ки онҳо фахри хонадон ва ҷомеа бошанд.
Тарбияи меҳнатӣ, донишандӯзӣ, меҳрубонӣ, ростию ҳақиқатпарастӣ, тозагӣ, зебоӣ, покию назокат дар ниҳоди кӯдак муҳим маҳсуб меёбад.
Падару модаре, ки ин мафҳумҳоро дарк мекунанд ва фарзандашонро дар ин рӯҳия тарбия менамоянд, сарчашмаи хушбахтиро пайдо карда, зиндагии онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ зебо мегардонанд. Дар ҳақиқат, фарзанди нек доштан ин ҳам бойигарӣ ва ҳам хушбахтӣ мебошад. Аммо аз тарафи дигар, падару модаре, ки фарзандро тарбия намекунаду ӯ бо роҳи бад рафта, бе дониш мемонад, бадбахтиро ба сари худ ва ҷомеа меорад. Аз ин хотир, ҳар як фарди хештаншинос бояд донад, ки дар назди фарзандаш барои тарбияи хуб вазифадор ва масъул мебошад.
Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғазолӣ дар “Насиҳат –ул-мулук” овардааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”.
Тавре ки мушоҳидаю таҳлилҳо нишон медиҳанд, иштибоҳи волидон дар таълиму тарбияи фарзандон асосан инҳоянд:
1.Бедиққатӣ дар иҷрои супоришҳои хонагии фарзандон;
2.Беаҳамиятӣ ба тарзи либоспӯшӣ, хӯрокхӯрӣ ва муносибати кӯдак ба атрофиён;
3.Робитаи сусти волидон бо муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон;
4.Иштирок накардани падару модар дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои тарбиявии дар муассисаҳои таълимӣ;
5.Масъулияти худро бар дӯши омӯзгорон гузоштан;
6.Иштирок накардан дар дарсҳои фарзандон яъне воқиф набудан аз сатҳу сифати таҳсил ва донишомӯзии фарзандон.
Дар ҳадиси навбатӣ омадааст:
“Ятим касе нест, ки падару модараш мурда бошанд ва ӯро бе паноҳ ва дармонда ба ҷой гузошта бошанд, балки ятими воқеӣ он аст, ки модаре бе таваҷҷуҳ ва падаре саргарму машғул ба кору бори худ дорад”.
Яке аз вазифаҳои муҳими тарбиявии падару модар нисбат ба фарзанд он аст, ки онҳо чунин муҳити маънавиеро бояд ба вуҷуд оранд, ки кӯдак ба қувваи ақлонӣ ва ҷисмонии хеш боварӣ пайдо кунад ва ба оянда назари нек дошта бошад.
Дилсӯзию меҳрубонӣ қисми муҳими тарбияи кӯдак буда, падару модар вазифадор мебошанд, ки аз кӯдакӣ фарзандро нисбат ба атрофиён, ба бародару хоҳар, хешу табор, ба ҳамсояву аҳли ҷомеа дилсӯз ба воя расонанд.
Барои оиладорӣ ва тарбияи фарзанд падару модар маблағҳои зиёдеро сарф менамоянд. Дар ин нуқтаи тарбия низ раванди стратегии хароҷот бояд барои инкишофи рӯҳию ҷисмонии фарзанд равона карда шавад. Хароҷоти дар роҳи дурусти тарбияи фарзанд сарфшуда ба оила ва падару модар даҳҳо маротиба боздеҳи хубу зиёдтар медиҳад. Хароҷоте, ки барои инкишофи башарӣ сарф карда мешаванд, аз ҳама хароҷоти мақсаднок ва дуруст ҳисобида мешавад, чунки инкишофи зеҳнии одам ганҷинаи бебаҳои инсонист.
Душанбе НАЗАРОВ,
директори МТМУ №32,
ноҳияи Ишкошим