ЗАБОНИ МОДАРИИ МО ТАВОНОСТ

Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон дар китоби худ “Ормонҳои Ориёӣ” навиштааст: “Имондорона бояд қоил шуд ва эътироф кард, ки бузургмарде бо исму насаби Эмомалӣ Раҳмон ин ватан, ин миллат, ин халқ ва ин забонро бо фарҳанги тамаддунсозаш дӯст медорад, аз дилу ҷон ба ҳамааш муҳаббати сӯзон дорад. Сарваре, ки нияташ одилона, суханаш орифона, амалаш ориёна аст, фарзанди Тоҷикистони азиз Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сухани нобу обдор, сухани ширадору шифокори тоҷикиро аз минбарҳои расмии муътабари умумидунявӣ барои ҷаҳониён тақдим медорад”.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан бо як ҷасорати тоҷикона тамоми масъалаҳои роҳбарии мамлакатро ба уҳда гирифта, барои эҳёи истиқлолияти барҳамхӯрдаистода камар бастанд.

Таъсири каломи равшану қавли мустаҳкам, ҷӯшиши бедории зеҳнӣ, шинохти таърих, арҷ гузоштан ба хизмати покизамардони Ватан, хислатҳои бахшандагиву меҳрубонӣ, эътибор ба созандагӣ, сарсабзӣ ва ободонии кишвар буд, ки мардумро чун оҳанрабо ба худ ҷалб намуд. Дӯст доштани хору хаси ватан, расонидани муждаи зиндагонии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат эшонро ба унвони баланди Пешвои миллат мушарраф гардонд.

Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси донишмандони тоҷикро, ки соли 1989   барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ва мушарраф шудан ба ин матлаби муқаддас рӯи кор омада буд, идома дода, моҳияти масъаларо дар он диданд, ки забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ нақши асосӣ мебозад. Дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, ки шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишиён, ки дар арсаи таърих бо фарҳанг ва тамаддуни худ беназир аст, пеш аз ҳама, бар пояи   фарҳанги асили ориёӣ бунёд шуда, забони модарии хешро дар баробари забонҳои пурқудрату маъмули он замон идома ва ба ҳайси забони расмӣ – давлатӣ истифода мекард.

Таҳкими анъанаҳои бузургдошти забон шаҳодат медиҳанд ва минбарҳо шоҳиданд, ки Сарвари мамлакат дар куҷое чӣ ваъдае дода бошанд, кадом нақшае пешбинӣ шуда бошад, дар муҳлати нишондодашуда ба иҷро расидааст. Барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ узви як сайёра буда, сухани ҷовидонаи Шайх Саъдӣ “бани одам аъзои якдигаранд” шиори писандида мебошад.

Забони тоҷикӣ бо лаҳни Сарвари кишвар аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, аз ташкилоти бонуфузи дунё ЮНЕСКО, аз минбари давлатҳои мутараққӣ садо дод, дар гӯши ҷаҳониён ин забони аҳли биҳишт, забони сулҳу амонӣ, забони меҳру шафқат, забони илму   маърифат басо форам расид, меҳри олимони забоншинос, сиёсатмадорони бомаърифат, аҳли зиёро афзуд ва боиси ба Тоҷикистон равона гаштани нигоҳҳои гарму самимӣ гашт.

Агар нутқи оташбори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин минбарҳо бо эҳтироми бузург нисбат ба забони модарӣ ифода намеёфт, он таъсирпазир намегашт. Яке аз сабабҳои ба оламиён ба зудӣ муаррифӣ шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сиёсатшиноси номвар будани Эмомалӣ Раҳмон вобаста бошад, самти дигари он зебоӣ, ширинӣ, тозагӣ ва ғанӣ будани фонди луғавии ин забони ноб маҳсуб меёбад.

Дар арсаи байналхалқӣ нишон додани мақоми забони тоҷикӣ агар як хизмати бузург бошад, саҳми арзандаи дигари Сардори миллат дар он ифода меёбад, ки дар байни халқи тоҷик чӣ қадар ҷунбишҳои маърифатии эҳёи забони ноби тоҷикиро ба амал овардаанд.

Дӯст доштани Ватан аз эҳтиром ба забон оғоз меёбад. Сарвари муаззами мамлакат забони модариро ганҷи бебаҳо ва боигарии беҳамто ҳисобида, пайваста таъкид медоранд, ки ин забони ноби аҳли биҳиштро покиза нигоҳ дорем, омӯзем ва бо он ба ҳамдигар, ба меҳмонон чунон гуфтугузор намоем, ки ширинии он бештар намоён гардад.

Хизмати бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар байни халқ на танҳо омӯзиши забони модарӣ вусъати тоза ёфт, балки суханварӣ ҳамчун як рукни забондонӣ мақоми арзишманди худро ишғол намуд. Бо халқ наздик будани роҳбарияти олию маҳаллӣ аз муоширати байни ин табақаҳо ба хубӣ дида мешавад.

Хурсандиовар аст, ки дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо рӯзҳои қабули меҳнаткашон ба таври бояду шояд амал мекунад. Дар ин маросими пурмасъулият шунида тавонистани арзи мардум дар мақоми аввал гузошта шудааст. Яке аз талаботҳои таъйин кардан ба вазифаи роҳбарии ин мақомот донистани   забони модарӣ аст.

Модом ки роҳбар забони модариро беҳтару хубтар медонад, дар вохӯриҳо бо мардум метавонад доди даъвогаронро ба хубӣ таҳлил намояд ва ба ҳалли муаммоҳои рӯзгори мардум нафъ расонад.

Ҳангоми сафарҳои корӣ дар корхонаҳо, сохтмонҳо, дар муассисаҳои таълимӣ, дар корҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳо Президенти маҳбуби мо бо ҳавсалаи тамом суҳбат мекунанд, андешаи мардумро ба пуррагӣ мешунаванд. Дар корхонаҳо бо коргарон мусоҳиб шудани Сарвари кишвар аҳамияти калони амалӣ дорад, ки онҳо аз рафти корҳояшон ба Президенти мамлакат маълумот медиҳанду маслиҳатҳои он касро гирифта, барои беҳбудии фаъолияташон истифода мебаранд. Дар машваратҳои калони вилояту шаҳру навоҳӣ мардум имкон доранд, ки аз минбари озод суханронӣ кунанд, баҳри беҳбудию ободии кишвар таклифҳо пешниҳод намоянд.

Дар муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо бачагон Пешвои миллатро бо шеърхонӣ истиқбол мегиранд, суруд мехонанд, аз рафти таҳсилашон ҳисобот медиҳанд. Ҳамаи ин имконият ба ифодаи фикр аст, ки он бо забони адабии тозаю суфта баён мегардад.

Мо аз ҳар амалу рафтору гуфтори Сарвари кишвар равшан дарк менамоем, ки ба мақоми забон ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд ва барои равнақу ривоҷи минбаъдаи он ғамхорӣ мекунанд.

Розиқҷон МУТАЛЛИБОВ,
устоди коллеҷи омӯзгории ДДХ
ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров