БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ISI JUNIOR-2022» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Аз 1 то 7 июл бори аввал дар Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор мегардад.

24 июн дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» баргузор гардид, ки дар он ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани олимпиадаи мазкур ба масъулин ва шахсони вобасташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад 27 дастаи олимпии наврасон бо шумораи 158 нафар хонандан ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд. Инчунин, хонандагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки шумораи онҳо 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ ширкат меварзанд.