ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Соле қабл соли сокинони бошарафу иззатманди кишвари азизамон санаи арзишманд – 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирифтанд. Имсол бошад, санаҳои барои мардумамон хеле муҳиму таърихӣ 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешаванд.

Агар соли 1991-ум Истиқлоли давлатиамонро ҳамчун неъмати бебаҳо ба даст оварда бошем, пас маҳз ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, ки санаи 27 июни соли 1997-ум ба вуқуъ пайваст, Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба ин ҳама дигаргуниву  пешравиҳо ноил гашт. Аз ин рӯ, тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамонро наметавон бе  мафҳуми  арзиши олӣ  —  Ваҳдати  миллӣ   тасаввур  намуд.  Бо  камоли  ифтихор  иброз  медорем,  ки  тамоми  комёбиҳои  ҷумҳурии  азизу соҳибистиқлоламон  бо  кору пайкор ва азму иродати Пешвои миллат  иртиботи  ҷовидонию ногусастанӣ доранд.

Бешак,  Истиқлолу  Ваҳдат арзишҳои  бебаҳоянд  ва  ин  ду мафҳуми  олӣ ба ҳам тавъаманду пайванди қавӣ доранд. Ба таҳлили  сиёсатмадорону олимонамон, маҳз Ваҳдати миллӣ асоси оромиву  осудагӣ, кафолати  инкишофи  давлат ва  муҳимтарин  омили  рушди  ҷомеа  мебошад.  Аз ин рӯ, ҳамасола таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ — ин рӯзи саиду муборак дар байни дигар санаҳои таърихиву ҷашнҳои миллии сокинони кишварамон мақоми хоса дорад.

Тавре ки гуфтем, тамоми дигаргуниву пешравиҳои солҳои   соҳибистиқлолиамон маҳз дар иртибот ба сиёсати ватандӯстона ва  хиради  волои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ  —  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  вуқуъ  пайвастанд. Сарвари  маҳбуби давлатамон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон баробари роҳбари давлат интихоб  шуданашон ҳанӯз дар нахустин  суханрониҳояшон аз минбари Иҷлосияи  тақдирсози XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи кишварамонро дар  ҳамбастагии  сокинон,  ягонагиву  ваҳдати  миллӣ маънидод  намуда,  минбаъд  барои  расидан  ба  ин  мақсадҳои оливу  наҷиб  амалҳоеро  анҷом доданд, ки ба таҳлили олимону коршиносони дохилу хориҷ, арзиши хеле баланд ва қисматофар доранд.  Бамаврид  аст,  вобаста  ба  нақшу  мавқеи Сарвари маҳбуби  давлатамон  суханҳои Президенти  собиқи  ҷумҳурии бародарии  Қазоқистон Нурсултон  Назарбоевро   ёдовар шавем, ки чунин гуфта буданд: “Мо  саҳми  Эмомалӣ  Раҳмонро дар  таҳкими  ваҳдати  миллии халқи  тоҷик,  рушди  кишвар, махсусан,  дар  рушди  сиёсиву иқтисодии  он  баланд  арзёбӣ мекунем. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил шуда,  узви  фаъол  ва  муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид”. Ва ё ин ки  собиқ  Президенти Сенегал Абдулло  Дӯст  чунин  гуфта  буданд:  “Тоҷикон  халқи хушбахтанд, зеро Парвардигор ба онҳо марди  оқил  ва  дурандешро  ба ҳайси  Сарвари  давлат  ва  ҳомӣ додааст. Таҷрибаи сулҳофарии ӯ дар таърих нодир аст”.

Дар воқеъ, натиҷаи талошу хизматҳои Сарвари маҳбуби кишварамон буд, ки он  ҳама душвориҳои  аввали  солҳои соҳибистиқлолӣ  пурра  аз  байн рафтанду ба шарофати Ваҳдати миллӣ  Тоҷикистони  азизамон дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ дигаргун  шуд. Агар мо  имрӯз  ба ҳар  гӯшаи  кишварамон  назар афканем, дар шаҳру деҳотамон —  ҳама  ҷо  созандагиву  ободониро  равшан  мушоҳида менамоем. Дар кишварамон мунтазам чорабиниҳои бузурги сатҳи байнидавлатӣ,ҳамоишҳои  гуногуни  сатҳи ҷаҳонӣ,  чорабиниҳои  муҳими фарҳангӣ,  мусобиқаҳои  сатҳи баланди  варзишӣ  доир  мегарданд, ки ин ҳама ба шарофати фазои  осоиштаи  диёри  азизамон, аз баракати сулҳу Ваҳдати миллиамон  аст.  Бесабаб  ҳам нест,  ки  дар  суханрониҳояшон дар  мавриди  аҳамияту  арзиши Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ Роҳбари маҳбуби  кишварамон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  пайваста  таъкид  менамоянд:  “…Истиқлолият  барои  мо, мардуми  сарбаланди  миллати  тоҷик,  озодию ҳамдигарфаҳфӣ, ҳаёти осоишта ва  муҳимтар аз ҳама,  зиндагии  шоистаро  ҳадя  намуд.  Бо пайки ин неъмати  бузург  нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию  ҳамзистӣ, осоиштагиву абадият ва сулҳу ваҳдат ба диёри азизи мо-Тоҷикистони азиз  омада, моро муттаҳид  ва сарҷамъ  сохт,  то  аз  як  гиребон сар  барорему  баҳри  ободӣ  ва рушди ин Меҳан талошу заҳмат намоем…”

Дар  партави  ин  таъкидҳои Пешвои  муаззами  миллатамон чун  омӯзгор  андеша  менамоям,  ки  ободиву  шукуфоии  боз ҳам  бештари  диёри  азизамон, инкишофу  нуфузи  он  кишварамон аз  масъулияту   ҳисси ватандории  ҳар  як сокини  иззатманди  кишварамон,  бахусус,  насли  наврас  вобаста аст. Ваҳдати миллӣ ба эҳсоси ватандӯстиву  ватанпарастӣ ва  хештаншиносиву  ифтихори  миллии  ҳар  як  узви  ҷомеа робитаи  зич  дорад ва тавре маълум аст, барои пешрафти ҳар як ҷомеаи  соҳибистиқлол, аз ҷумла Тоҷикистони азизамон, фазои осоишта,  оромиву ҳамбастагӣ нақши муҳим мебозад. Ва албатта, боиси ифтихору шукргузорист, ки тавре таърих  собит  сохтааст,  миллати шарафманду соҳибтамаддун ва  куҳанбунёдамон аз азал ба истиқлолу  ваҳдат  эҳтироми шоиста  дошту  дорад.  Аз ин рӯ,  мо,  дар  шароити  вазъи ҷаҳони  имрӯза  боз ҳам бештар бояд  миёни  насли  ҷавонамон мафҳумҳои  олии  худогоҳӣ, худшиносӣ,  хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва иттиҳоду ягонагиро  тарғиб  намоем.  Ба таъкиди Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ  –  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор  кардан, барои  ҳимояаш омода будан, ба қадри осудагиву  ваҳдат  ва  истиқлолият расидан аз ҷумлаи  арзишҳоеанд,  ки туфайли  тарбияи  аҳолӣ  дар  за-минаи онҳо давлати муқтадиру тавоно бунёд мегардад…”.

Ин таъкидҳои Роҳбари маҳбуби давлатамон, албатта, ҳар  як  сокини  кишвар,  бахусус,  ҷавононро  водор  месозад,  ки   ин  сарзаминро  азизу муқаддас донанд, онро ҳифзу нигоҳбонӣ намоянд, бо созандагиву бунёдкорӣ дар пешрафташ саҳме  шоиста дошта  бошанд, зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳанд.

Ваҳдати миллӣ, воқеан ҳам, неъмати арзишманду бебаҳо маҳсуб меёбад.  Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашни муқаддас буда, таҷлили ҳамасолаи он аҳамияти баланди таърихиву сиёсист ва дар баробари ин, он барои  таҳкими  ҳисси ватандӯстию  худшиносии насли ҷавони имрӯз нақши арзишманд дорад. Аз ин рӯ, ҳамагон бояд  посдори  Ваҳдати  миллӣ бошем ва  ба  он  пайваста эҳтиром гузорем.

Ҳусейн ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ