ДАРАХТИ БОРОВАРИ ВАҲДАТ

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди кишвар, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисер созмонҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро таъмин метавон кард.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони  соҳибистиқлолии  кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли  парокандашавӣ  қарордоштаи  тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати  навини  тоҷикон  нақши  басо  бузургеро иҷро кард.

Музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории  Ичлосияи  XVI Шурои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  то имрӯз  бо  номи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ  дорад. Бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷахду талошҳои

Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчун  Роҳбари  давлат боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун  кишвари  ягонаи  мустақил  ҳифз карда шавад.

Бояд  қайд  кард,  ки  маҳз  бо  шарофати сулҳу  субот  ва  ваҳдату  ягонагӣ  мо  тавонистем  дар  баробари  эҳёи  давлатдории тоҷикон  ва  таъмини  рушди  устувори иқтисодиву  иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ,  нуфузу  эътибори  Точикистонро  дар  арсаи байналмилалӣ  ба  сатҳи  баланд  бардорем. Ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатамон барои густариш  ёфтани  сиёсати  дохиливу  хориҷӣ, рушди  минбаъдаи  кишвар  ва  таъмини амнияти  давлату  ҷомеа  низ  таҳкурсии

мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Гузашти солҳо собит намуд,  ки  музокироти  сулҳ  роҳи  асоситарини рафъи ихтилофоти дохилӣ ва асоси пешрафту ободии кишвар мебошад. Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳу оштии миллии мо мавриди омӯзишу истифодаи  созмонҳои  бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи башарӣ қарор дорад. Мо ҳоло амиқ дарк кардем, ки Ваҳдати миллӣ  омили  муҳимтарини  рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик ба ҳисоб  меравад.  Маҳз ба ҳамин  хотир,  мо ҳифзи  Истиқлолият  ва  Ваҳдати  миллиро аз ҷумлаи  рисолатҳои  инсонии  худ  мешуморем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум  рӯ  ба  беҳбудӣ  меорад,  кишвари  азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ  Раҳмон,  «Ҳар  касе,  ки  ниҳоле сабзонда  бошад,  медонад,  дарахт  соле  як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи  мо  аз  он  баҳравар  гардид,  мо  ҳаргиз  роҳ  намедиҳем,  ки  дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ  додаанд,  имрӯзҳо  меваҳои ширину фаровоне оварда истодааст, ки мо, тоҷикон,  аз  он  ком  мебардорем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Точикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси Ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин омил  боиси  эҳёи арзишҳои  миллии  роҳи  бузурги  Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Мумтоз САФАРОВА,
мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи ДҶТИБКСМ