ВАҲДАТ ЯГОНАГИСТ

Мардуми тоҷик бо кадом роҳ ба сулҳу ваҳдат муваффақ шуд? Формулаи “Сулҳи тоҷик”- он чист? Барои  чӣ  дигарон  сулҳи  тоҷиконро меомӯзанд?

Сарвари оқилу  некбину  ояндасоз Эмомалӣ  Раҳмон  роҳи  ба  даст  овардани сулҳу ваҳдати  миллиро, пеш  аз ҳама, дар ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ, созиш додани гурӯҳҳои ба ҳам зид, гузоштани силоҳ, ба Ватан баргардонидани  гурезагон  ва  авфи умум медиданд.

Президенти  Тоҷикистон  ба  мухолифин  муроҷиат  намуда,  чунин  гуфта буданд. “Биёед, кинаву  адоватро  як сӯ гузорем, ба гузашта, салавот гуфта, ҳамдигарро  бародарвор  ба  оғӯш  бикашем  ва  силоҳ  ба  замин  гузошта ба меҳнати  бунёдкорона машғул  бишавем. Танҳо дар  муттаҳидӣ  метавонем Тоҷикистонро  аз  вартаи  нобудӣ  раҳо намоем.”

Яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар назди  худ  гузошта  буданд, ба Ватани аслии худ баргардонидани  гурезагон  буд.  Ҳатто дар ин  роҳ борҳо  ҷони  худро  ба  хатар  гузошта, аз  ҷумла,  ба  Афғонистон  сафар  карда,  барои  созиш  бо  гурӯҳҳои  мухолиф мулоқот намуданд.

Роҳи  ягонаи  ба  даст  овардани сулҳу  ваҳдат  чун  бародарони  ҷонӣ  бо муҳаббат  ба  ҳам  даст  дода,  дасти  якдигарро  фишурдан,  ҳамдигарро  бахшидан, чун ангуштҳо ба як панҷа ҷамъ шудан, панҷаҳоро дар як мушт устувор маҳкам кардан, аз як гиребон сар баровардан аст.

27 июни соли 1997 дар таърихи миллат  бо  ҳарфҳои  заррин  сабт  шуд. Дар ин рӯзи саид  Созишномаи  умумии истиқрори  сулҳ  ва  ризоияти  миллӣ аз  ҷониби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифин ба имзо расид…

Тоҷикистон  имрӯз  чун  бӯстони ҳақиқӣ  нашъунамо  дорад.  Рӯз аз  рӯз ғунчаҳои умеди боғаш мешукуфанд.

Сулҳу Ваҳдат беҳтарин неъмати Худованд аст, ки дар Тоҷикистони мо устувор мебошад.

Сулҳ  осмони  беғубор,  хоби  осуда, зиндагии  осоиштаву  ором  аст,  ки  туфайли хизмату заҳматҳои шоёни Пешвои  миллат  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  даст омадааст.

Насимхон ИСМАТУЛЛОЕВ,
омӯзгори забони давлатии гимназияи №1,
шаҳри Бӯстон