Гузориш аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Тоҷикистон ошёни ҷовидони Ваҳдат аст!
17-18 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат Наврӯз Мирзозода, раиси Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ Маҳмадшоҳ Гулзода, ректорони макотиби олӣ, устодону омӯзгорон ва довталабон иштирок карданд.
Дар оғоз муовини вазири маориф ва илм Л. Абдулхолиқзода иброз дошт, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: «Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъйю талош доранд, ки ба ин васила дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд».
Бо дастури Пешвои миллат, пайваста бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиш иқдомҳои созанда роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла, озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» дар масъалаи зиёд гардидани таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзишу мутолиа, аз худ кардани илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва риёзӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ин замина олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар тарғиби донишҳои назариявӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди неруи зеҳнӣ, боло бурдани савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккури донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва ба ин васила дар замири онҳо бедор намудани завқи донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти кишварамон, ҳимояи марзу буми Ватан ва рушди илму техника хидмати босазо мекунад. Дар баробари ин, фаро гирифтани донишҷӯён ба маҳфилҳои илмиву озмунҳои фаннӣ барои муаррифии истеъдодҳои кишварамон дар дохил ва хориҷи кишвар шароити созгор фароҳам меорад.
Сипас, раиси Шурои ректорон М. Гулзода қайд кард, ки баргузории олимпиада омили муҳимми дарёфти донишҷӯёни болаёқат ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзодазикр намуд, ҳар устоде, ки шогирдаш дар озмуни мазкур ҷойи якумро ба даст меорад, ба ӯ аз ҷониби донишгоҳи мазкур роҳхат барои истироҳат ба осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» дода мешавад. Ҳамчунин, донишҷӯёне, ки дар озмуни мазкур мақомҳои ифтихориро соҳиб мегарданд, барои идомаи таҳсил ба зинаи магистратура дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илм ба таври ройгон қабул мегарданд. Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат Н. Мирзозода доир ба рафти баргузорӣ ва шартҳои озмун ба довталабон маълумот дод.
Ҳамин тавр, довталабон аз рӯйи ду равия – ҷомеашиносиву иқтисодӣ (8 фанни таълимӣ) ва табиию риёзӣ (6 фанни таълимӣ) ба синфхонаҳо ворид гардиданд. Дар ҳузури довталабон мисолу масъалаҳо аз лифофаҳо кушода шуданд, ки дар ҳар лифофа 2 варианти саволҳо пешниҳод ва довталабон яке аз вариантҳоро интихоб карданд. Боиси қайд аст, ки дар 14 синфхона камераҳои назоратӣ насб гардида, дар толор барои омӯзгорон ва устодон раванди баргузории озмун намоиш дода шуд, ки далел аз шаффофияти баргузории озмун буд. Барои иҷрои мисолу масъалаҳо 3 соати академӣ муайян карда шуд. Озмуни имсола ба таври хаттӣ сурат гирифта, мисолу масъалаҳо низ ба таври мураккаб интихоб гардиданд.
Шоистаи таъкид аст, ки бегоҳирӯзӣ бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маҳфили фарҳангии «Шабе дар меҳмонӣ» созмон дода шуд, ки басо рангину ҷолиб буд. Барномае, ки аз тарафи донишҷӯёни макотиби олии кишвар ташкил шуда буд, табъи ҳозиринро болида гардонид.
18 июни соли ҷорӣ қабули аризаҳои апеллятсионии иштирокдорони озмун ва баррасии онҳо сурат гирифт. Дар ҷараёни апеллятсия 96 нафар довталаб бо аризаҳо барои шинос шудан бо кори худ ба комиссияи апеллятсионӣ муроҷиат карданд ва дархости онҳо қонеъ гардонида шуд. Мушоҳидаҳо дар раванди апеллятсия нишон дод, ки аъзои ҳайати ҳакамон ба ҳар як ҷавоби довталабон баҳои қонеъкунанда ва дақиқ гузоштаанд. Байни устодону омӯзгорон ва довталабон гоҳо баҳсҳо низ сурат мегирифт ва донишҷӯён кӯшиш мекарданд, ки перомуни ин ё он масъала андешаҳои хешро собит намоянд. Ҳакамон ба корҳои анҷомдодаи довталабон баҳои воқеӣ гузоштанд, ки ин аз қаноатманд ва розӣ будани довталабон шаҳодат медод. Қисме аз довталабон танҳо барои шинос шудан ба кори худ муроҷиат мекарданд ва танҳо бо моҳияти масъалаҳо шинос мегардиданд. Бовар дорем, ки баргузории олимпиадаи мазкур, аз як тараф, агар дониши воқеии довталабонро мушаххас намояд, аз ҷониби дигар, онҳоро ба омӯзиши васеъ ва фарогир водор мекунад. Инчунин, робитаву алоқаи устодону донишҷӯёни тамоми макотиби олии кишварро ба ҳам қавитар менамояд, ки ин дар маҷмуъ, ба вусъати ёфтани омӯзиши фанҳои таълимӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Боиси нигаронист, ки дар олимпиадаи мазкур аз равияи табиатшиносию риёзӣ аксар баҳои баланд гирифта натавонистанд. Дар ин масъала, зимни суҳбат Зиёвуддин Низомов, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, узви комиссияи экспертӣ аз фанни физика, иброз дошт, довталабонеро, ки соли равон дар олимпиада ширкат варзиданд, метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд. Якум, онҳое, ки физикаро дар макотиби олӣ бевосита ба таври фарогир меомӯзанд. Дуюм, нафароне, ки мутобиқ ба таъбири “Хоҷа, боғ дорӣ, дорам” иштирок карда, бе тайёрӣ ҳозир шудаанд. Аз натиҷагирии дониши довталабон маълум шуд, ки қисме аз онҳо холҳои паст ба даст овардаанд ва ё умуман холеро соҳиб нагардидаанд. Бояд гуфт, ки дар озмун 7 савол дар доираи барномаи таълимӣ пешниҳод гардида буд, ки мутаносибан ба 6-тои он 15-холӣ ва ба як мисол 10 хол муқаррар гардид. Аз ин мисолу масъалаҳо яктои онҳо нисбатан сода ва дигар масъалаҳо мураккаб буданд. Дар натиҷа аз 100 холи имконпазир як нафар 97 холро соҳиб гардид, ҳол он ки мисолу масъалаҳо дар доираи бахшҳои гуногуни физика пешниҳод шуданд.
Мо хуб медонем, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъриф эълон гардид, ки имкони мусоидро баҳри тақвият бахшидани ин гурӯҳи фанҳо фароҳам овард.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар олимпиада, дар баробари иҷрои мисолу масъалаҳо, дар озмоишгоҳҳо корҳои амалӣ гузаронида шаванд, дар ин ҳолат ба ҷанбаи амалии фаъолияти донишҷӯён аз физика баҳои воқеӣ дода хоҳад шуд. Хушбахтона, макотиби олии кишвар тадриҷан бо озмоишгоҳҳои фаннӣ таъмин мегарданд, ки ин барои гузаронидани корҳои амалии физика мусоидат мекунад. Дар баробари ин, озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ба рушди фанҳои дақиқ нақши муассир мегузорад. Дарвоқеъ, озмуни мазкур ба дарёфти хонандагону донишҷӯёни лаёқатманд мусоидат намуд. Чанде аз хонандагон дастгоҳҳое ихтироъ кардаанд, ки татбиқи онҳо дар иқтисодиёти мамлакат имконпазир аст ва дар рушду пешрафти кишвар саҳмгузор хоҳад буд.
Имрӯз мактабҳои миёнаи кишвар бо дастуру китобҳои таълимии физика ва тадриҷан бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ таъмин мегарданд. Дар баробари ин, барои боз ҳам вусъат бахшидани омӯзиши физика дар муассисаҳои таълимӣ таълифи рисолаю китоб ва монографияҳои илмиро бо забони тоҷикӣ аз физика зиёд намуда, барномаи таълимиро асосан ба фанҳои тахассусӣ равона бояд кард. Дар ин самт тадриси забони тоҷикӣ дар факултаҳои физика бояд бештар ба омӯзиши терминологияҳои физикӣ нигаронида шавад.
Китоби ман таҳти унвони “Физикаи молекулавӣ» дар шакли элекутор дастраси донишҷӯён гардид, ки дар он мисолу масъалаҳое ворид гардиданд, ки дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ истифода мешаванд. Ин китоб ба наздикӣ бо теъдоди 200 нусха ба нашр мерасад.
Як нуктаро бояд қайд кард, ки сатҳу сифати омӯзиши физика дар макотиби олии кишвар мунтазам баланд бардошта мешавад. Моҳи майи соли равон олимпиадаи байналмилалӣ аз физика дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён аз давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон… ширкат варзиданд. Довталабони тоҷик дар ин сабқат ҷойҳои ифтихории бештареро соҳиб шуданд.
Боиси нигаронист, ки бештари довталабон аз математика баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд. Дар робита ба ин, узви комиссияи экспертӣ аз математика, мудири кафедраи математикаи олии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ Маҳмадӣ Садриддинов зикр кард, ки қаблан олимпиадаҳо дар шакли тестӣ гузаронидаву мисолу масъалаҳо нисбатан сабуктар интихоб мешуданд. Имсол мисолҳо аз адабиёти гуногун ва дар сатҳи олимпиадаҳои байналмилалӣ интихоб гардиданд. Ин гуна мисолу масъалаҳо дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ истифода мешаванд, ки дар онҳо дар баробари ҳалли мисолу масъалаҳо аз донишҷӯён исботи ин мисолу масъалаҳо талаб карда мешавад. Ин водор менамояд, ки онҳо бештар мустақилона омӯзанд. Сазовор нагардидан ба баҳои баланд аз дониши нокифоя доштани довталабон шаҳодат намедиҳад, балки интихоби мисолу масъала ба ин шакл барои онҳо ғайриинтизор маҳсуб меёфт. Дар олимпиада 5 масъала пешниҳод шуда буд, ки аз 3 саволи нисбатан сода ва 2 масъалаи мураккаб иборат буд.
Камолиддин Баротзода, мудири кафедраи биологияи умумӣ ва НТВ-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ, номзади илми биология, узви комиссияи экспертӣ аз биология ва экология зикр намуд, ки дар олимпиада ба ғайр аз барномаи таълимии макотиби олӣ берун аз он низ саволу супоришҳо тартиб додан даркор аст, то донишҷӯён зимни иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба мушкилиҳо дучор нагарданд. Дар ин замина омӯзгоронро мебояд зимни тайёр намудани дастаи олимпӣ дар ин ё он муассисаи таълимӣ дар омода кардани донишҷӯён аз ин ё он фан, аз китобҳое, ки бо забонҳои хориҷӣ таълиф ва чоп шудаанд, истифода намоянд. Хуб мебуд, то 50 дарсади саволҳо назарӣ ва 50 дарси онҳо амалӣ бошад. Ин омил дар олимпиадаи имсола ба инобат гирифта шуд.
Саволҳои пешниҳодшуда дар олимпиадаи мазкур нисбат ба саволҳои соли гузашта бартарӣ доштанд ва ба воситаи саволҳо ҳам донишҳои назариявӣ ва ҳам амалии донишҷӯён баҳогузорӣ карда шуд. Масалан, аз биология ва экология ба ғайр саволҳои назариявӣ, инчунин, оид ба генетика, биотехнология, биометрияро дар бар мегирифт. Ва ин пешниҳоди ҳайати Вазорати маориф ва илм қобили дастгирист. Омили дигари хурсандибахш бо усули хаттӣ қабул кардани олимпиада ба ҳисоб меравад, ки ба ин васила малака, маҳорат ва дониши донишҷӯён натиҷагарӣ мешавад. Сатҳи дониши донишҷӯён нисбат ба соли гузашта беҳтар буда, онҳо ҳам саволҳои назариявӣ ва ҳам амалиро ба хубӣ иҷро карданд ва аз 100 холи имконпазир 72 холро яке аз довталабон ба даст овард.
Хурсандиовар аст, ки муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии пайвастаи вазири маориф ва илм бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва реактивҳои химиявию физикӣ таъмин гардида истодаанд, ки ин омил натиҷаи мусбат ба бор хоҳад овард. Аъзои комиссияи экспертӣ аз химия, номзадҳои илми химия Эркин Файзуллозода ва Маъруф Ҷумъаев зикр намуданд, ки мисолу масъалаҳои интихобшуда аз химия 5 қисмати ин фанро дар бар мегирифт ва аз 5 масъала иборат буд. Масъалаҳо дар доираи барномаҳои таълимии макотиби олӣ интихоб гардиданд. Аз ин фан 20 нафар донишҷӯ дар олимпиада ширкат варзиданд, ки қисми бештари онҳо натавонистанд ба таври зарурӣ масъалаҳои пешниҳодшударо Ба мақсад мерасад ҷӯёи илм ҳал намоянд. Аз ҳама холи баланд 92-ро ташкил дод ва танҳо 4 нафар аз 50 хол зиёд гирифтанду халос. Аз ин маълум мегардад, ки донишҷӯён ба ин олимпиада омодагии ҷиддӣ надидаанд. Хурсандиовар аст, ки донишҷӯи ихтисоси молия ва қарзи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз химия 78 хол ба даст овард. Дар масъалаи ба таври хаттӣ гузаронидани олимпиада донишҷӯён бо аризаи апеллятсионӣ кам муроҷиат карданд ва аз баҳои гузоштаи ҳакамон қаноатманд буданд.
Пеш аз ҷамъбасти олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба вазъи таъминоти моддӣ-техникӣ ва озмоишгоҳҳои таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид. Ҳангоми шиносоӣ аз пойгоҳи таълимӣ, вазир ба роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ ҷавобгӯ дастуру супоришҳо дод.
Ҳамин тариқ, дар ҷамъбасти олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ректорони макотиби олӣ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Вазири маориф ва илм таъкид кард, ки олимпиадаи мазкур дар масъалаи дастгириву ҷалб намудани донишҷӯён ба пажуҳишҳои илмӣ ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунад.
Дар ҷамъбаст 14 нафар донишҷӯ ҷойи якум, 13 нафарҷойи дуюм, 10 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. 18 нафар ба ифтихорнома сазовор дониста шуданд. Дар ин олимпиада бояд 427 нафар довталаб аз 38 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи ду самт – гуманитарӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва табиатшиносию риёзӣ дар доираи 14 фанни таълимӣ донишу маҳорати худро нишон медоданд. Аз ин шумора 307 нафар ширкат варзида, мутаассифона, 120 нафар довталаб бо сабабҳои гуногун иштирок накарданд.
Таҳлилу баррасиҳо нишон дод, ки омодагии кисме аз довталабон ба озмун дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Аз ин рӯ, 3 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм аз фанҳои таълимиро ҳеҷ як довталаб сазовор нагардид.
Ҳамин тавр, аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ бо гирифтани бештари ҷойҳои ифтихорӣ дастаҳои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи якум, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷойи сеюмро ноил гаштанд.
Дар равияи табиатшиносию риёзӣ низ дастаҳои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣҷойи дуюм ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар фазои тантанавӣ вазири маориф ва илм ба ғолибон ва як гурӯҳ иштирокдорони фаъол диплом, ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Инчунин, барои фаъолияти пурсамар ба аъзои комиссияи экспертӣ ва ҷиҳати мусоидат дар ташкил ва баргузории олимпиадаи мазкур ба роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар баробари ин, устодоне, ки шогирдонашон дар ин озмун мақоми аввалро ба даст оварданд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» қадрдонӣ гардиданд. Дар охир вазири маориф ва илм Р. Саидзода ғолибон ва устодони онҳоро табрик намуда, дар ҷодаи омӯзиш ва фаро гирифтани донишҳои замонавӣ ба донишҷӯён комёбиҳои бештар таманно кард.
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”