Муқаддима
Дар замони муосир технологияҳои навин бо суръати баланд рушд намуда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид шудааст. Чунин суръати рушди технология тақозо менамояд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо низоми нави технологӣ ва рақамикунонӣ ҳамоҳанг гардонида шаванд. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) таъкид намуданд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд». Рақамикунонии иқтисод тақозо мекунад, ки раванди рақамикунонии соҳаи маориф низ ба таври ҳамаҷониба вусъат бахшида шавад. Ҳамин аст, ки имрӯз истилоҳҳои нав, аз қабили «омӯзгори рақамӣ» ва «педагогикаи рақамӣ» ташаккул меёбанд, зеро заминаҳои асосии тарбияи насли созанда, соҳибмаърифату рақобатпазир доштани дониши амиқи технологияҳои рақамӣ маҳсуб меёбад.
Рақамикунонии соҳаи маориф дар кишварҳои ҷаҳон
Дар низоми маорифи кишварҳои пешрафта истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба таври васеъ роҳандозӣ шудааст. Ин омил тақозои замон буда, қадами муҳим дар роҳи мутобиқ намудани низоми маориф ба ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Ин ба он маънист, ки дар ҷараёни таълим ҳанӯз аз зинаҳои аввал омӯзиши технологияҳои навин роҳандозӣ шуда, таваҷҷуҳ ба он равона мегардад, ки хонандагон дар ҷаҳони технологӣ салоҳиятҳои хешро тақвият бахшанд. Аз ин ҷост, ки рушди салоҳиятҳои рақамии хонандагон дар ҳамаи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбию олии кишварҳои аврупоӣ татбиқ гардида, аз он дар низоми таълим васеъ истифода мешавад. Рақамикунонии кишварҳо тақозо менамояд, ки хонандагон аз зинаҳои аввалини таҳсил бо технологияҳои рақамӣ шинос гарданд. Масалан, дар мактабҳои Лаҳистон ба рӯйхати салоҳиятҳои рақамӣ инҳо дохил мешаванд: ҷустуҷӯ, истифода ва мубодилаи иттилоот, муоширати самаранок дар муҳити медиа, фаҳмидан ва истифодаи забони медиа ва интернет, истеҳсоли муҳтавои медиа, муқовимат ба зӯроварии интернетӣ, истифодаи бехатарии дастгоҳҳои рақамӣ, донистани масъулият ва қонунҳои марбут ба медиа ва интернет, фаҳмиши арзиши иттилоот, инчунин, малакаҳои ибтидоии кор бо компютер ва барномасозӣ.
Дар мактабҳои Финландия таваҷҷуҳи зиёд ба технологияҳои рақамӣ ду ҳадафи асосӣ дорад: Якум, дастгирии рушди хонандагон дар соҳаҳои барномасозӣ, таҳлили додаҳо, дизайн ва дигар салоҳиятҳо. Дуюм, тақвияти равишҳои муосири педагогӣ, ки аз дастрасии озод ба иттилоот ва истифодаи воситаҳои таълимӣ сарчашма мегиранд.
Бояд зикр намуд, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Федератсияи Россия ва Қазоқистон дар пешбурди технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф мавқеи пешсафро касб намуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додаанд.
Гузариш ба педагогикаи рақамӣ ногузир аст
Дарвоқеъ, рақамикунонии соҳаи маориф тақозо менамояд, ки педагогикаи рақамӣ ба таври ҳамаҷониба рушд ёбад. Ба ин маъно, педагогикаи рақамӣ ба хонанда ё донишҷӯ имкон медиҳад, ки мустақилона дар фазои интернет иттилоот пайдо кунад, онро бо назари интиқодӣ таҳлил кунад ва дар асоси он мавод ва корҳои таълимӣ омода намояд.
Рақамикунонии маориф танҳо бо истифодаи воситаҳои технологии рақамӣ амалӣ намешавад, балки маҳз тавассути татбиқи усулҳо ва равишҳои педагогикаи рақамӣ имконпазир мегардад. Дар ин раванд, нақши омӯзгор, сатҳи касбият, шавқу завқ ба фан ва муносибати эҷодкоронаи ӯ ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Ҳадафи таҳсил на танҳо аз худ кардани донишҳо, балки пеш аз ҳама, тарбия ва рушди шахсияти комил, мустақил ва навовару эҷодкор мебошад.
Муҳим он аст, ки технологияҳо ба раванди таълим ба таври табиӣ ва ҳадафманд ворид карда шаванд. Омӯзгори «рақамӣ» хуб дарк мекунад, ки барои кӯдакон ва наврасони имрӯзӣ чӣ муҳим аст ва иттилоот дар кадом шакл самаранок пешниҳод карда шавад. Ин ҳолат ба омӯзгор имкон медиҳад, ки маводи таълимиро тавре пешниҳод намояд, ки шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзишро тақвият бахшад.
Асри рақамӣ бисёр ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро тағйир додааст ва соҳаи маориф низ аз ин раванд истисно нест. Бо вуҷуди пешрафти босуръати технологияҳо, омӯзгор ҳамоно шахси меҳварӣ дар низоми таълим боқӣ мемонад, аммо зарур аст, ки фаъолияти ӯ ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шавад. Дар шароити педагогикаи рақамӣ омӯзгор бояд дорои як қатор салоҳиятҳои асосӣ бошад, аз ҷумла:
— қобилияти кор бо технологияҳо ва платформаҳои таълимии рақамӣ;
— фардисозии раванди таълим бо дарназардошти имконият ва ниёзҳои хонандагон;
— рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои технологӣ;
— дастгирӣ ва роҳнамоии пайвастаи хонандагон дар раванди омӯзиш;
— омӯзиши мунтазам ва рушди касбӣ;
— ҳамкорӣ бо волидон ва ҷомеа.
Технологияҳо раванди таълимро самараноку дастрас мегардонанд, аммо муваффақияти воқеӣ аз омодагии омӯзгор вобаста аст. Рақамикунонии соҳаи маориф танҳо ба ворид намудани технологияҳо маҳдуд намешавад. Ба андешаи коршиносон, заминаи асосии ин раванд тағйири тафаккури педагогӣ, яъне, гузариш аз низоми анъанавӣ ба низоми муосири таълим мебошад.
Омӯзгори рақамӣ чӣ гуна метавонад хонандагонро ба омӯзиш шавқманд намояд?
Рушди босуръати технология тақозо менамояд, ки омӯзгор низ фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мутобиқ созад ва аз технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ба таври васеъ истифода намояд. Ин ҷо сухан танҳо дар бораи истифодаи компютер ё воситаҳои техникӣ намеравад, балки татбиқи дурусти маҷмуи технологияҳои таълимӣ ва ҳамоҳанг намудани онҳо ба раванди тадрис мебошад. Аз ин рӯ, омӯзгори рақамӣ мутахассисест, ки технологияҳои иттилоотиро фаъолона истифода мебарад, ба навовариҳо зуд мутобиқ мешавад ва метавонад онҳоро ба фаъолияти таълимӣ корбаст намояд.
Омӯзгори рақамӣ бо истифодаи платформаҳои таълимӣ, захираҳои электронӣ, маводи мултимедиявӣ ва усулҳои интерактивӣ метавонад муҳити омӯзиширо ҷолиб гардонида, ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар раванди таълим на танҳо шунаванда, балки иштирокчии фаъол бошанд, фикррониашон инкишоф ёбад ва шавқу ҳаваси онҳо ба омӯзиш бештар гардад.
Ҳамзамон, истифодаи дурусти технологияҳои рақамӣ ба омӯзгор шароит фароҳам меорад, ки раванди таълимро фардӣ гардонад, сатҳи омодагии ҳар як хонандаро ба эътибор гирад ва ба рушди қобилиятҳои эҷодӣ, тафаккури интиқодӣ ва мустақилияти онҳо мусоидат намояд. Бо ҳамин роҳ омӯзгори рақамӣ метавонад на танҳо дониши хонандагонро ғанӣ гардонад, балки онҳоро ба омӯзиши пайваста ва худтакмилдиҳӣ роҳнамоӣ созад. Ба таъкиди Рамазон Нурзода-мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамоҳангсозии Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Омӯзгори рақамӣ муаллимест, ки технологияҳои иттиллоотиро ҳамчун абзори асосӣ барои баланд бардоштани сифати таълим истифода мебарад. Ба ибораи дигар, ӯ фаъолияти касбии худро дар ҳамбастагӣ бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда, на танҳо донандаи фанни худ (масалан, физика ё таърих) аст, балки маҳорати баланди кор бо воситаҳои рақамиро дорад. Бояд қайд кунем, ки омӯзгори рақамӣ технологияро ҳадаф не, балки восита мешуморад. Ҳадафи ӯ истифодаи планшет ё тахтаи электронӣ нест, балки тавассути ин абзорҳо дастрас, ҷолиб ва самараноктар гардондани раванди таълим мебошад. Барои он ки муаллимро «омӯзгори рақамӣ» номид, ӯ бояд дорои маҷмуи салоҳиятҳои мушаххас, ба монанди саводнокии рақамӣ, кор бо платформаҳои рақамӣ, тавлиди муҳтавои рақамӣ ва маҳорати истифодаи зеҳни сунъиро дошта бошад. Нуқтаи дигарро бояд зикр кунем, ки дар модели анъанавӣ муаллим «сарчашмаи ягонаи дониш» буд. Дар низоми рақамӣ бошад, нақши муаллим ба роҳбалад табдил меёбад. Гузариш ба модели «Омӯзгори рақамӣ» барои низоми маорифи мо як зарурати стратегӣ аст. Насли наврас дунёро тавассути экран мешиносад. Агар омӯзгор бо забони технология суҳбат накунад, байни ӯ ва хонанда «холигии рақамӣ» ба вуҷуд меояд, ки боиси коҳиши шавқи хонанда ба таҳсил мегардад. Баръакс, истифодаи аниматсияҳо ва бозиҳои таълимӣ метавонад ҳатто мавзуъҳои мушкилтаринро фаҳмо ва ҷолиб гардонад». Яъне, истифодаи ҳадафмандонаи технологияҳои муосир яке аз омилҳои муҳимми ҷолиб гардонидани раванди таълим ба талаботи замон ба ҳисоб меравад. Ин омил аз омӯзгор тақозо менамояд, ки воситаҳои таълимиро ба таври дуруст дар раванди таълим истифода намояд.
Салоҳияти омӯзгори рақамӣ
Мусаллам аст, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳо ва ворид гардидани ҷомеа ба фазои рақамикунонӣ, талабот нисбат ба салоҳиятҳои омӯзгор низ тағйир меёбад. Дар чунин шароит ҷойи усулҳои анъанавиро ҳарчи бештар технологияҳои навини таълимӣ мегиранд, ки истифодаи онҳо дониши амиқи назариявӣ ва қобилияти татбиқи амалии технологияҳои муосирро тақозо менамояд. Имрӯз танҳо доштани донишҳои назариявӣ кофӣ нест, балки омӯзгор бояд тавонад технологияҳои рақамиро дар раванди таълим мақсаднок истифода барад. Яъне, ҳар як навоварӣ масъулияти омӯзгорро бештар намуда, аз ӯ талаб мекунад, ки донишу малакаи касбии худро пайваста такмил диҳад. Дар ин хусус ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода чунин таъкид намуд: «Омӯзгори рақамӣ бояд чунин сифатҳоро доро бошад:
Салоҳияти баланди технологӣ: Тавоноии истифодаи самаранок аз таҷҳизоти техникии муассисаи таълимӣ.
Маҳорати кор бо платформаҳо: Истифодаи бошууронаи шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои рақамӣ ва шабакаҳои иттилоотӣ барои ғанӣ гардонидани ҷараёни таълим.
Фарҳанги иттилоотӣ: Таҳлили дурусти иттилоот ва истифодаи мақсадноки он дар раванди дарс».
– Омӯзгори рақамӣ бояд бо барномаҳои рақамӣ, платформаҳои рақамӣ, китобхонаҳои электронӣ ва захираҳои дигари рақамӣ кор карда тавонад. Истифодаи самараноки ин воситаҳо ба баланд бардоштани сифати таълим ва шавқи хонандагон мусоидат мекунад. Яке аз вазифаҳои асосии омӯзгори рақамӣ, истифодаи модулҳои таълимии фаннӣ мебошад, ки дар платформаҳои таълимӣ ҷой дода шудаанд. Ин модулҳо имконият медиҳанд, ки дарсҳо бо усулҳои муосир, интерактивӣ ва мутобиқ ба талаботи замон гузаронида шаванд. Омӯзгор метавонад маводи омодашударо интихоб карда, мувофиқи сатҳи дониши хонандагон истифода барад»,-қайд кард сарходими илмӣ, профессори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Силмон Мавлоназаров.
Ризои Баҳромзод-номзади илмҳои физикаю математика, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар ин андеша аст, ки «омӯзгори рақамӣ бояд андеша ва тафаккури миллӣ дошта бошад, бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф занад ва дар баробари доштани дониши кофӣ аз фанни худ аз таърихи илму адабиёту фарҳанг ба хубӣ огаҳ бошад. Маълум аст, ки барои таҳия ва сохтани омӯзгори рақамӣ кори бисёреро анҷом додан лозим аст, ки дар кишварҳои дигар аллакай роҳандозӣ шудааст ва он метавонад дониши нав диҳад, дониши хонандагонро санҷад ва ҷойҳои душворро фаҳмонад. Яъне, масъалаи додани донишу маълумоти нав, суҳбат бо хонанда ва санҷиши саводи он аллакай, то ҳадде ҳалли худро ёфтаанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки онро ба менталитет, фарҳанг ва тафаккури мардумамон мутобиқ кунем. Яъне, ҳангоми таълим омӯзгори рақамӣ на танҳо маълумот диҳад, балки бо назардошти синну сол, қобилият, дараҷаи савод, хусусияту вазъи равонии кӯдак ва шароити иҷтимоӣ онро тарбия ва роҳнамоӣ низ намояд».
Имконот ва заминаҳо дар самти рақамикунонии соҳаи маориф
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳаи маориф корҳои назаррас анҷом дода шуда, барои дастрасӣ ба манбаъҳои электронии иттилоот платформаҳои гуногун роҳандозӣ гардидаанд. Яъне, тадриҷан шароити мусоид ва имконоти зарурӣ барои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми маориф фароҳам шудаанд. Вазорати маориф ва илм низ дар самти ҷорӣ намудани платформаҳои рақамӣ иқдомҳои муҳим анҷом дода, як қатор лоиҳа ва низомҳои электрониро ба истифода додааст. Дар ин самт, платформаҳои электронӣ ва рӯзномаҳои рақамӣ аҳаммияти махсус доранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе платформаи «eDonish» ва дар вилояти Хатлон платформаи «eKhonish» мавриди истифода қарор гирифтаанд, алоқаи доимӣ бо волидайн таъмин ва онҳо аз сатҳи донишу пешрафти таълимии фарзандони худ сари вақт огоҳ мешаванд.
Ҳамзамон, ин раванд заминаи мусоид фароҳам меорад, то омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуда, сатҳи касбият ва салоҳиятҳои рақамии онҳо баланд бардошта шавад. Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои мушаххас андешидааст. Ба ин маънӣ, Н. Мирзозода изҳор дошт: «Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 4 платформаи рақамӣ (Moodle, Takmil, ОmuzgorPRO ва СИРКО) коркард гардидааст. Дар платформаи СИРКО 23 978 омӯзгор ба қайд гирифта шудааст. Платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» (СИРКО) коркард гардида, ба таври расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар платформа ҳама маводи таълимӣ, нақшаву барномаҳо, маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои омӯзгорони навовару эҷодкор гузошта шудааст. Илова бар ин, барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ нақша ва барномаи таълимии даврҳои такмили ихтисос бо дарназардошти зеҳни сунъӣ таҳия ва тасдиқ гардид. Ҷиҳати ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисоси фосилавӣ ва омехта платформаи «Омӯзгор-Про» мавриди коркард қарор дорад, ки он ба омӯзгорон имкон медиҳад бидуни тарки ҷойи кор ва дар вақти барояшон мусоид маҳорати касбии худро баланд бардоранд ва ба худомӯзӣ машғул шаванд».
Дар баробари ин, аз ҷониби муассисаҳо ва сохторҳои алоҳида низ корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, имконоти муассир барои хонандагон ва омӯзгорон фароҳам гардидааст. С. Мавлоназаров зикр кард, ки «истифодаи платформаҳои таълимӣ, ба мисли Google Classroom, Moodle, Мактабмобайл (Maktabmobile.Tj), Томактабӣ (Tomaktabi.Tj), Edonish (https://www.edonish.tj/), ALFA-XPress ё платформаҳои миллии таълимӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки маводи дарсӣ, супоришҳо ва санҷишҳоро ба таври электронӣ пешниҳод намояд. Ин раванд на танҳо вақтро сарфа мекунад, балки имконияти назорати фаъолияти хонандагонро низ беҳтар мегардонад».
Аз таҳлилу баррасӣ бармеояд, ки дар ин самт, корҳои зиёде ҷараён доранд ва татбиқи босамари онҳо метавонад сатҳи таълимро баланд бардорад ва рушди соҳаи маорифро ба марҳалаи нави рушд ворид намояд.
Самаранокии рақамикунонии соҳаи маориф
Рақамикунонии маориф ва омӯзгорони рақамӣ ҳамбаста сурат гирифта, бо технологияҳои муосир иртиботи ногусастанӣ доранд. Аввалан, технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки иттилоот ба шаклҳои аудиоӣ ва визуалӣ пешниҳод шуда, барои хонандагон осону ҷолиб фаҳмонда шавад. Дуюм, омӯзгор метавонад ба маводи таълимӣ дастрасии осон дошта бошад. Пешниҳоди мақолаҳо, видеоҳо ва матни лексияҳо тавассути платформаҳои электронӣ ва паёмрасонҳо имкон медиҳад, ки хонандагон дар раванди омӯзиш фаъолона иштирок кунанд.
Технологияҳои рақамӣ, инчунин, ба омӯзгорон имкон медиҳанд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми зиёди маълумотро дар вақти муайян пешниҳод намуда, хонандагонро бештар ба раванди омӯзиш шавқманд созад.
Дар ин маврид омӯзгори математикаи литсей №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Бегмуҳаммад Шодиев чунин таъкид кард: «Омӯзгори имрӯза бояд аз илмҳои замона бархурдор буда, тавассути малакаю маҳорати техникии худ он донишҳоро ба шогирдон дода тавонад. Масалан, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, асбобҳои гуногуни озмоишгоҳҳо, намоишномаҳои графикию видеоӣ тавассути платформаҳои рақамӣ ва ғайра. Дар раванди техникӣ шудани як қатор соҳаҳо илми педагогика ба мафҳуме, чун «педагогикаи рақамӣ» таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Моҳияти ин самт дар он аст, ки омӯзгори рақамӣ ба хотири ҷолиб ва рангоранг гузаронидани дарсҳо, сарфаи вақт аз назария ба амалия гузашта он донишҳои ба шогирдонаш додаро дар муҳити намоишӣ татбиқ намояд ва ба ин васила зарурати онҳоро дар ҳаёти рӯзмарраи онҳо авлавият диҳад».
Омӯзгорон имрӯз бо истифодаи технологияҳои гуногун кӯшиш мекунанд, ки онҳоро ба таври васеъ ва ҳадафманд дар раванди таълим истифода баранд.
Хулоса
Бояд гуфт, ки дар таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳти таъсири рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст. Бинобар ин, рақамикунонии соҳаи маориф танҳо истифодаи технологияҳои муосир нест, балки фаҳмиши амиқ ва татбиқи тарзи нави таълим ба хонандагон мебошад. Ин раванд аз омӯзгорон омодагии навоварона дар тафаккур, усул ва моделҳои таълимро талаб мекунад. Инчунин, зеҳни сунъӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ таъсири амиқ мерасонад. Бо вуҷуди ин, моҳияти маориф аз интиқоли дониш фаротар рафта, ба ташаккули қобилиятҳо, арзишҳо ва масъулияти иҷтимоии хонандагон равона шудааст. Аз ин нуқтаи назар, зеҳни сунъӣ бояд на танҳо ҳамчун воситаи техникӣ, балки ба сифати муҳаррики тағйироти педагогӣ баррасӣ шавад. Дар ҳамин замина, рақамикунонии соҳаи маориф ногузир буда, рақобатпазирӣ ва рушди устувори кишварро муайян мекунад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»













