Аз овони мактабхонӣ орзу доштам, ки омӯзгори забони англисӣ мешавам. Ростӣ, ба ҳамаи устодоне, ки ба мо, толибилмон, аз фанҳои гуногун дарс медоданд, эҳтироми зиёд дорам.
Аз ҳама бештар бароям машғулиятҳои забони англисӣ писанд буд, зеро муаллима Роҳат Яқубова бо усули хоси худ кӯшиш ба харҷ медод, ки дарсҳояш шавқовар гузаранд. Маҳз рафтору гуфтори намунавӣ, садоқати муаллима ба касбаш, эҳтиром нисбат ба шогирдон ва сахтгирӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ боис гардид, ки ин пешаи пурифтихорро интихоб намоям.
Баъди ба даст гирифтани номаи камол бо супоридани имтиҳонҳо донишҷӯйи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гардидам.
Баъди хатми донишгоҳ, инак соли нуҳум аст, ки ҳамчун соҳибкасб дар МТМУ №20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба шогирдон нозукиҳои забони англисиро меомӯзонам.
Боиси хурсандии мо-омӯзгорон аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа пайваста тадбирҳо меандешад.
Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» омода ва қабул гардид, ки ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани шаъну эътибори муаллим ва сифати таълиму тарбия мусоидат мекунад.
Мо-омӯзгорон хеле фараҳмандем, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр «Рӯзи омӯзгорон» таҷлил карда мешавад.
Дар баробари ин, соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он пайваста таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Мо-омӯзгоронро зарур аст, ки барои такмил бахшидани савияи дониши касбии худ, дурусту шавқовар намудани машғулиятҳои омӯзишӣ ва ҷалби хонандагон ба илму маърифат боз ҳам бештар заҳмат кашем.
Омӯзгор дар сурати дуруст ба роҳ мондани машғулиятҳои омӯзишӣ, муносибати самимона ба ҳар як хонанда, истифодаи усулҳои муосири таълим метавонад дар тарбияи хонандагон ва баланд бардоштани завқи онҳо ба илмомӯзӣ мусоидат намояд.
Бовар дорам, ки дар заминаи татбиқи амалии «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мо метавонем фаъолияти соҳаи маорифи кишварро боз ҳам беҳтар намуда, сатҳу сифати дониши хонандагонро баланд бардорем.
Муҳаббат САИДОВА,
омӯзгори забони англисии МТМУ №20-и ноҳияи Шоҳмансур













