Мактаб-интернатҳо – заминаи рушди кӯдак

Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи таълиму тарбия ва будубоши кӯдакон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор рафтем.

Нахуст ба фаъолияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ни­зомаш махсус шинос шудем. Тибқи иттилои муовини директори мактаб-интернат Маҳмуд Бобоев, муассиса соли 1961 барои 300 нафар хонанда бунёд шуда, айни замон дар он 270 нафар кӯдаки бемории дауна, сустақлии дараҷаи миёна ё сабук ва гирифтори фалаҷи дасту пой (полиомиелит) таълим мегиранд. Аз ин шумора 65 нафарро духтарон ва 205 нафарро писарон ташкил медиҳанд.
Дар умум, дар мактаб-интернат 95 корманд фаъолият дошта, аз инҳо 25 нафар омӯзгор, 23 нафар мураббӣ, кормандони хоҷагӣ, фаррош, ошпаз, боғбон ва дигаронанд.
– Мувофиқи оиннома ба муассиса кӯдакони сустақлии дараҷаи вазниндошта қабул намешаванд. Барои ин гуна кӯдакону наврасон нигоҳубини махсус лозим аст, ки мо имкони онро надорем. Хонандагони мактаб-интернат қисман худро бевосита ва қисми дигар ба воситаи муаллимону мураббиён ва ҳамсабақон идора карда метавонанд. Ин кӯдакон таҳти назорати доимии кормандони муассисаанд,-изҳор дошт М. Бобоев.
Дар мактаб-интернат кӯдакон ба ду гурӯҳ: ёрирасон (беморони гирифтори сустақлӣ ва дауна) ва полиомиелит ҷудо карда шудаанд ва вобаста ба гурӯҳҳо дар синфҳои алоҳида дарс мехонанд. Дар як синфхона аз 7 то 18 нафар хонанда таълим мегиранд. Ба дарси забони модарии синфи 3-и ёрирасон ва полиомиелит, ки бо сабаби норасоии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ омӯзгор Манзура Меликова дар ҳар ду гурӯҳ якҷоя мегузашт, ворид шудем.
Синфхона сард, аммо тозаву озода, мизу курсиҳо мувофиқи синну соли хонандагон, дар деворҳо навиштаҷот ба назар мерасанд. Тирезаҳои калони ҳуҷраро тӯри нафис ва гулдонҳои гулҳои хонагӣ оро медоданд.
Дар ҳар ду синф мувофиқи журнал, дар умум, 22 нафар таҳсил намуда, имрӯз бо сабаби сардӣ дар дарс 10 нафар ҳузур доштанд. Муаллима пас аз ҳолпурсӣ бо хонандагон дарсро аз қироати шеърҳо дар васфи забони модарӣ оғоз намуд. Сипас бо кӯдакон оид ба фаслҳои сол саволу ҷавоб намуда, мавзуи гузаштаро, ки ҳикояи тарбиявии «Солим ва Ғоним»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд, пурсон шуд.
Муаллима ба хонандагон мавзуи гузаштаро хотиррасон намуда, гуфт, ки имрӯз низ онро якҷо такрор хоҳанд кард. Ӯ дар тахтаи синф сана ва номи мавзуъро дарҷ намуда, бо истифода аз матни ҳикояи «Солим ва Ғоним» ҳамроҳи хонандагон якчанд ҷумла тартиб дод. Муаллима ҳамроҳи хонандагон қоидаҳои исму сифатро ёдовар шуда, ҳиссаҳои нутқро дар ҷумлаҳои тартибдодаашон пайдо карда, ба дафтарашон навиштанд. Баъд муаллима супориш дод, то бо навбат порчае аз ҳикояро мутолиа намуда, оид ба он фикрашонро гӯянд.
Ҳангоми баргузории дарс муаллима мекӯшид, то кӯдакон фаъол бошанд. Бо истифода аз методу усулҳои гуногун диққати онҳоро ба моҳияти мавзуъ ҷалб мекард. Дар баробари таълим, ба хонандагон ғояҳои тарбиявии асарро бо мисолҳо шарҳ медод. Дар муносибаташ бо кӯдакон ҷиддияту самимият ва меҳрубонӣ эҳсос мешуд. Дар рафти суҳбат бо Манзура Меликова дарёфтем, ки ӯ 42 сол инҷониб дар мактаб-интернат фаъолият дорад.
Дар мактаб-интернат синфхонаи компютерӣ, толори варзиш, ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз барои машғулиятҳои касбомӯзӣ, бозиву истироҳат, китобхонаи чопиву электронӣ мавҷуд аст. Бояд қайд намуд, ки дар муассиса хонандагон асосан аз синфи 1 то 9 дар як баст таҳсил намуда, пас аз дарс дар маҳфилҳои касбомӯзӣ, аз қабили ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, пойафзолдӯзӣ, сартарошӣ, расмкашӣ ва сурудхонӣ ба омӯзиш машғул мешаванд. Пас аз хатми синфи 9-ум хонандагони синфҳои полиомиелит имкон доранд, ба литсейю муассисаҳои гуногуни касбомӯзӣ барои маъюбон дохил шуда, пас аз такмили донишу омӯхтани ҳунаре зиндагиашонро пеш баранд.
Ҷаҳонгир Исанов яке аз хонандагони ҳамин мактаб-интернат буда, 16 сол дорад. Ӯ аз синфи якум дар муассиса таҳсил намуда, имрӯз хонандаи синфи 9 аст. Мавсуф ҳамасола дар озмунҳои гуногуни варзишӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегардад. Ҷ. Исанов чунин иброз намуд:
– Дар озмуни вазнбардорӣ дар ноҳия иштирок карда, соҳиби ҷойи дуюм шудам. Аз фанҳои таълимӣ бештар метематикаро меписандам ва дар оянда орзу дорам, соҳибмаълумот гашта, дар ягон корхона ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолият кунам ва ба ин васила, дастгири волидону оила ва номбардори меҳан гардам.
Дар дарси сеюми хонандагони синфи 9-и мактаб-интернат аз фанни биология иштирок намудем. Бояд қайд намуд, ки омӯзгори фанни биология Гулнора Баротова дарсро ҷолибу шавқовар гузаронида, дар рафти он аз тахтаи синф ва асбобҳои аёнӣ, расму овезаҳо истифода намуд.
Хобгоҳи хонандагон дар ошёнаи якуми яке аз биноҳо ҷойгир буда, аз ду қисм: духтарона ва писарона иборат мебошад. Дар ин ҷо кӯдакону наврасон мувофиқи синну сол дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷой дода шудаанд. Дар хобгоҳ барои истироҳати хуби хонандагон кат, бистару рӯйпӯшҳои гарм гузош­та шудааст. Аммо як омил, ки ҳангоми боздиди синфхонаву хобгоҳ ва ҳуҷраҳои муассиса моро нигарон кард, сардии ҳавои дохили онҳо буд.
– Мушкилии асосии мактаб-интернат надоштани хатти озоди барқ мебошад. Роҳбарияти муассиса барои ҳалли он борҳо ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат карданд, лекин бе натиҷа. Захираи ангишту ҳезум дорем, аммо гардиш (сиркулятсия)-и оби гарм дар қубурҳо ба воситаи насос амалӣ мешавад, барқ, ки хомӯш шуд, он аз кор бозмемонад. Бо ҳамин сабаб ҳавои синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои хобгоҳ хунук мешаванд. Ҳамчунин, оби нӯшиданӣ хушк мешавад, аробачаи маъюбии хонандагон, компютер, мошинаҳои чокдӯзӣ кор намекунанд,-изҳор дошт М. Бобоев.
Мушкилии дигар дар мактаб-интернат, дар баробари норасоии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, надоштани китобдор ва ҳамшираи тиб мебошад. Ин дар ҳолест, ки хонандагони муассиса маъюб буда, бештари онҳо ба ёрии тиббӣ ниёз доранд. Фикр мекунем, мушкилоти ҷории зикр­гардида дар муассиса роҳи ҳал пайдо мекунанд ва барои таълиму тарбия, инкишоф ва рушди ҳамаҷонибаи хонандагон дар ин ҷо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Аз ин рӯ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро зарур аст, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои судманд андешанд.
***
Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор соли 1961 ба фаъолият шуруъ кардааст. Он барои 220 хонанда пешбинӣ шуда, ҳоло дар ин ҷо 215 нафар таҳсил мекунанд. Мактаб-интернат аз бинои таълимӣ, хобгоҳҳои духтаронаю писарона, ошхона ва китобхона иборат мебошад. Саҳни муассиса тозаву озода буда, дар боғчаҳо дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ мавҷуданд. Роҳравҳо пурра сангфарш карда шудаанд.
Мудири муассиса Хотима Абдуғаффорзода фаъолияти худро соле пеш дар ин муассиса оғоз кардааст. Бино аз ду ошёна иборат аст. Аз сабаби набудани барқ долонҳо каме торик, вале синфхонаҳо нисбатан равшантар буданд. Аксари синфхонаҳо холӣ буда, танҳо хонандагоне, ки соати 6-ум дарс мехонданд, дар муассиса ҳузур доштанд.
Х. Абдуғаффорзода ба мо иттилоъ дод, ки дар ин мактаб хонандагон аз синфи 1 то 11 таҳсил намуда, ҳам гурӯҳҳои кирилӣ (яъне, китобҳои одиро хонда метавонанд, сустбин) ва ҳам гурӯҳҳои брайлӣ (танҳо аз китобҳои брайлӣ истифода мекунанд) таълим мегиранд.
Занг ҳам садо дод. Мо ҳамроҳи омӯзгор ба синфи 7А даромадем. Дарс аз фанни таърихи халқи тоҷик буда, яке аз хонандагон Қудратуллои Муҳаммад дар хусуси таъсисёбии Давлати Ғазнавиён посух дод. Омӯзгор Қурбоналӣ Норматов бо хонандагон саволу ҷавоб намуда, барои боз ҳам хубтар дарк намудани дарс ба онҳо ёрӣ медод. Донишомӯзон низ фаъолона ба саволҳои устодашон ҷавоб мегуфтанд.
Пас аз ин, дар дарси адабиёти тоҷик, ки дар синфи 9А мегузашт, ширкат намудем. Омӯзгор Ойаҳмад Аҳтамзода бо хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳофизи Шерозӣ суҳбат мекард. Хонанда Суннатулло Ҷӯраев оид ба ҳаёт, фаъолият ва мероси адабии Ҳофизи Шерозӣ маълумот дод. Ҳамсабақаш Парвина Баротова, ки аз синфи 3 дар ин мактаб таҳсил мекунад, аз эҷодиёти Ҳ. Шерозӣ ғазал қироат намуд.
Баъди қироати ғазал Парвина онро ба ҳамсинфонаш таҳлил намуд. Парвина зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки баъди дарс ба омӯзиши забони англисӣ машғул буда, мехоҳад оянда омӯзгори забони англисӣ шавад.
– Хонандагони мактаб-интернати мо дониши хуб ва одобу ахлоқи намунавӣ дошта, соли равон 35 нафар дар озмуну олимпиадаҳо иштирок карданд, ки аз онҳо 5 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, 2 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, — иброз дошт мудири мактаб Хотима Абдуғаффорзода.
Мо бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии хонандагон нахуст ба хобгоҳи духтарона рафтем. Мо дохили ҳурҷае шудем, ки 3 нафар хонандаи синфи 11 – Шукрона, Фараҳноз ва Марям бо муҳра ҷузвдонҳои хурд, гаҳвора ва монанди инҳоро месохтанд. Яке аз ин духтарони ҳунарманд Шукрона Икромиддинзода ғолиби даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Узви маҳфили омӯзишии забони англисӣ низ буда, муаллимаашон ба онҳо пӯхтани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои гуногунро меомӯзонад. Ш. Икромиддинзода айни замон барои иштирок дар озмуни «Шоҳномахонӣ» омодагӣ дида истодааст.
Пас-он мо ба хобгоҳи писарон рафтем. Хобгоҳ аз бинои дуошёна иборат аст. Ҳуҷраҳо тозаву озода. Ҷабборҷони Олим-ғолиби даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ бо дӯстонаш нишаста сурудхонӣ мекард:
Падарон пушту паноҳи писарон,
Писарон дасту асои падарон.
Падарон номгузори писарон,
Писарон номи баланди падарон…
Овозаш, дар ҳақиқат, зебову дилнишин. Дӯстонаш низ бо ҳавас ба ӯ гӯш медоданд. Баъдан боз хонандаи дигаре бо номи Мубориз суруд хонд. Аксари бачаҳои ин гурӯҳ узви маҳфили «Мусиқӣ» буда, асбобҳои мусиқиро низ омӯхтаанд.
Дар макони зисти кӯдакон қубурҳои гармигузаронӣ ва кондитсионерҳо пайваст буда, ҳуҷраҳо гарманд. Бо кати хоб, бистару болин, ҷевон барои либос таъминанд. Ғайр аз ин, дар ҳамаи ҳуҷраҳо камераҳои назоратӣ насб шудааст.
Дар ошёнаи якуми хобгоҳи писарона ҳуҷраи нашри китобҳои брайлӣ мавҷуд аст, ки дар он ҷо 3 нафар кор мекунанд. Дар 2 моҳ 1 китоб омода мешавад. Алишер Шокиров 6 сол аст, ки дар ин шуъба фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд: «Мо айни ҳол аз фанҳои дақиқ китоб надорем, аз сабабе, ки формулаву ифодаҳои математикӣ дар онҳо зиёданд, ба тарзи брайлӣ омода кардан бениҳоят душвор аст».
Ғайр аз ин, дар ошёнаи якум боз ҳуҷраи тиббӣ мавҷуд аст, ки 1 табиб ва 3 ҳамшираи тиббӣ дар он кор мекунанд.
Мо дар китобхонаи муассиса бо мудири он Қурбонгул Тошонова ҳамсуҳбат шудем. Ӯ низ муассисаи мазкурро хатм намудааст. Ғайр аз ин, аз забони русӣ ба муҳассилин дарс медиҳад. Дар китобхона китобҳои бадеӣ, дарсӣ ва брайлӣ мавҷуданд.
Ошхонаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор аз як бинои алоҳида иборат буда, дар он 7 нафар кор мекунанд. Сарошпаз Адолат Нурова чанд моҳ мешавад ки дар ин ҷо кор мекунад. Ӯ мегӯяд: «Хонандагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, шароити ошхона низ хуб аст. Кормандони ошхона аз ягон ҷиҳат танқисӣ надоранд».
Директори муассиса иброз дошт, ки ҷойи хӯрокхӯрии хонандагон каме хурд буда, дар як вақт 116 нафар ба он фаро гирифта мешаванд.
– Дар хобгоҳҳо гармидиҳӣ тавассути асбобҳои барқӣ ва бухорӣ ба роҳ монда шудааст. Вале бинои таълимӣ танҳо бо асбобҳои барқӣ гарм карда мешавад. Аз моҳи май ба биноҳои таълимӣ дастгоҳи махсуси гармидиҳӣ (бойлер) насб мекунем, — гуфт мудири мактаб-интернат Х. Абдуғаффорзода.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
Ирода ТИЛАБОВА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий