Гузариш ба низоми таҳсили 12-сола – тақозои замон

(Мусоҳиба бо муовини сардори раёсати ташхис ва тақризи адабиёти таълимии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Давлатназар Имомназаров)

— Муаллими муҳтарам, нахуст мехостем дар хусуси сабабу омилҳо ва зарурати гузариш ба низоми таҳсили 12-сола андешаҳои хешро баён медоштед. Раванди омодагӣ ва гузариш ба низоми мазкур аз кай оғоз гардид?
— Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои арзишманд ва ислоҳот дар соҳаи маориф ба сатҳи байналмилалӣ наздик сохтани низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне, гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (12-сола) эътироф гардидааст. Зарурати гузариш ба ин низом ҳанӯз солҳои 2009 ва 2011 дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардида буд. Дар Паёми навбатии Сарвари давлат (16 декабри соли 2025) низ масъалаи мазкур дар меҳвар қарор гирифта, зарурати ба роҳ мондани таҳсили 12-сола махсус зикр гардидааст.
Соли 2009 дар иртибот ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар Паёми солонаашон дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маркази гузариш ба низоми таҳсилоти умумии 12-сола таъсис дода шуд. Аз ҷониби кормандони марказ, қабл аз ҳама, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола таҳия гардид. Вазъи гузариш ба таҳсилоти 12-сола бо муқоиса бо дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ таҳлилу баррасӣ ва нақшаи таълим, муҳтавою ғояи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимии муосир омӯхта шуд. Баъд аз омӯзиши ҳаматарафа ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола, аз ҷумла, барои кӯдакони 6-сола, ки бори аввал ба мактаб мераванд, омода гардид. Аммо ҷиҳати фарогирии кӯдакони 6-сола ба синфи як мушкилоти иқтисодӣ монеа шуд. Аз ин сабаб, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба ин ва дигар мушкилоти мавҷуда ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуд, ки муҳлати гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола тамдид карда шавад. Баъд аз ин Маркази гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола ба шуъбаи коркард ва татбиқи технологияи таълим (таҳсилоти 12-сола) табдил ёфт. Афзалияти гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола ба роҳ мондани таҳсилоти босифат дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавассути таъмини рушди касбии омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунӣ, малака, маҳорати амалии хонандагон, такмили мазмуни таҳсилот ва ба сатҳи талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани он, устувор гардонидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҳамзамон, таъмини рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат мебошад.
— Ҳадафи асосии гузариш ба низоми таҳсилоти 12-соларо чӣ гуна шарҳу тавзеҳ медиҳед?
— Дар шароити тағйир ёфтани шароити зисти шаҳрвандони кишвар, рушду бозори меҳнат (таҳсилот) ниёзу мақсадҳо низ тағйир ёфтанд ва ворид гардидан ба низоми нави таҳсилот яке аз иқдомҳои арзишманди замони муосир маҳсуб меёбад. Фаъолияти муассисаҳои таълимии кишвар, сохтори таҳсилот, тағйироти мазмун, мундариҷа ва идоракунии он дар ҳамаи зинаи таҳсил бо ворид гардидан ба фазои нави таҳсилоти босифат (12-сола) аз ҳамдигар куллан фарқ хоҳад кард. Фарқияти онҳо ба иваз намудани макону номи таълимгоҳ, мавқею мақом ва дороии сарпарастони таълимгоҳҳо вобаста набуда, балки омода гардонидани шароиту имконият, тарз ва усулҳои корбарии замонавӣ мутобиқ ба риояи талаботи физиологӣ, педагогию психологии рушди кӯдак бо истифодаи воситаҳо ва усулҳои таълимии замонавӣ, ташаккули маҳорати касбии омӯзгорон ва такмили он, маҳорат ва малакаи ҳосилнамудаи хонандагон ва истифодаи он дар амал, интихоби тарз ва намуди идоракунӣ, бунёди муҳити солим ва дӯстона алоқаманд аст. Мактаб бояд ба макони боварии тарафайн, дилсӯзию меҳрубонӣ, хурсандии кӯдак ва муҳимтар аз ҳама, ба интихоби тарзу усули таълим дар равияҳо табдил дода шавад.
Мақсади ислоҳот танҳо аз зиёд намудани як ё ду соли хониш иборат набуда, он ба таври фаъолу эҷодкорона шароити мусоид барои хонандагон ҷиҳати дарёфт намудани қобилияти хеш дар раванди таълиму тарбияи босифат, мавқеъ ва мақоми худ дар оила, интихоби бошууронаи касб фароҳам месозад. Албатта, ин раванд, ки зарурати он ба шаҳрвандони дорои тафаккури рушдёфта, ҷаҳонбинии васеъ ва ба пешрафту тараққии ояндаи кишвар боварии қавӣ доранд, чизи нав нест. Ҷомеаи солим қадами навбатиро дар устувор гардонидани соҳибистиқлолии кишвар, рушду иқтидори сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, сатҳу сифати таҳсилот, идоракунии раванди инноватсионии таълиму тарбия арзёбӣ мекунад. Дар ин замина, омода намудани насли наврас ба воридсозии тағйироти куллӣ ба пешрафти технологияи муосир, таъмини таҳаввулоти ҷиддӣ дар илму техника, маориф, фарҳангу иқтисодиёт, дар маҷмуъ, гузариш ба роҳи инноватсионии тараққиёт масъалаи муҳим шуморида мешавад. Дар шароити кунунӣ, дар аксар, кишварҳои тараққикардаи олам барномаҳои мушаххаси инкишофи нанотехнология амал мекунанд ва ин далелҳо зарурати гузаштан ба таҳсилоти 12-соларо дар кишвар ба маротиб зиёд менамояд. Мақсади гузариш ба низоми нави таҳсил дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз моҳи майи соли 2010, №207) «Оид ба Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври амиқ шарҳу тавзеҳ ёфтааст.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки мутобиқи Декларатсияи Шурои Аврупо (с. 1992) таҳсилоти 12-соларо 216 мамлакати ҷаҳон эътироф намудаанд. Мувофиқи нишондоди ЮНЕСКО, таҳсилоти 12-сола дар 32 кишвар аз синни 5, 129 давлат аз 6 ва дар 27-тои дигар аз 7-солагӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар 25 мамлакати олам таҳсилоти 13-сола аз 6-солагӣ амал мекунад. Аз ҷумла, низоми таҳсилоти 12-сола дар давлатҳои ИМА, Канада, Ҷопон, Фаронса, Испания, Лаҳистон ҷорӣ буда, дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия, Ҳолланд низоми таҳсилоти 13 ва 14-сола амал мекунад. Дар ҷумҳуриҳои назди Балтика, Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон таҳсилоти 12-сола ба роҳ монда шудааст. Дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳуҷҷатҳои стратегии зина ба зина ҷорӣ намудани низоми мазкур таҳия ва қабул шудаанд.
— Дар самти гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола кадом тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд? Муассисаҳои таълимӣ кай ба низоми зикршуда мегузаранд?
— Дар назар дошта шудааст, ки аз моҳи сентябри соли таҳсили 2026-2027 гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола ба таври озмоишӣ (пилотӣ) дар зиёда аз 140 муассисаи таҳсилоти типи нав (литсейю гимназияҳо), ки дар як баст фаъолият доранд, оғоз мешавад. Дар ин масъала тавзеҳот ба тақвими гузариши давра ба давра ба таҳсилоти 12-соларо ба таври мухтасар баён карданием.
Хонандагони ҳамаи синфҳо (1-11), ки аз 7-солагӣ ба мактаб қабул карда мешаванд, то хатми синфи 11 аз рӯйи стандарт, нақшаю барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии амалкунанда таҳсили худро идома медиҳанд.
Хонандагоне, ки аз 6-солагӣ дар синфи алоҳида (соли хониши 2026-2027) ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, то синфи 12 дар асоси стандарт, нақшаю барномаи таълим ва китобҳои дарсии нав таҳсил мекунанд.
Аз ин рӯ, аз соли таҳсили 2025-2026 бояд омодагӣ барои гузариш ба низоми таҳсилоти 12-соларо оғоз намуда, стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, маводи дигари таълимиву методии зарурӣ барои синфҳои 1 (6-сола) таҳия ва ба нашр расонида мешавад. Бояд гуфт, ки мазмуни барномаи таълими синфҳои 1-и 6-сола бояд дар асоси хоҳиш ва шавқу завқи бачагон, асосан, тавассути бозӣ, мавзуъҳои шиносоӣ бо муҳити атроф, ташаккули салоҳияту малакаҳои ҳаётӣ, қобилияти муоширату муносибат, рушди малакаҳои гӯш кардан, фикрронӣ, баҳс кардан, мушоҳида, баён кардан, пешниҳод намудан, шаклсозӣ (амсиласозӣ) ва ғайраро фарогир бошад ва ҳавасмандии хонандагони хурдсолро барои таҳсил дар зинаҳои баъдӣ муҳайё созад. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсил дар доираи 17-18 соати нақшаи таълим таҳсил дар синфи 1-и 6-сола аз рӯйи стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимии нав таҳияшуда ба роҳ монда мешавад. Дар масъалаи гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола мушкилот низ рӯ ба рӯйи мо қарор дорад. Аз ҷумла, норасоии омӯзгорон ва мутахассисон барои таълиму тарбияи хонандагони 6-сола ва сарфи хароҷот дар самти омода намудани онҳо дар соли аввали гузариш (соли таҳсили 2026-2027), таъмини эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо синфхонаҳои иловагӣ, мизу курсӣ, ки аз ҳисоби гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола ба миён меояд, фароҳам овардани шароити зарурии таълимӣ ва моддӣ-техникӣ бо дарназардошти имконоти таъмини таҳсилоти босифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҷаҳҳаз намудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳати таъмини сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, давра ба давра аз курсу семинарҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон бо дарназардошти талаботи таҳсилоти 12-сола ва ғайра аз ҷумлаи чунин мушкилот маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, низоми таҳсилоти 12-сола афзалияту бартариҳо низ дорад, ки хатм­кардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар метавонанд бе монеа дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафта таҳсилро идома диҳанд, нақшаю барномаҳои нави таълимӣ бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва китобҳои нави дарсии насли нав ва дастурҳои методӣ нашр ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ҳамчунин, стандартҳои давлатии таҳсилот ва стандартҳои фаннӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд, хонандагон дорои маълумоти мукаммал оид ба илмҳои табиӣ-риёзӣ, гуманитарию ҷамъиятӣ ва ташаккули арзишҳои волои инсонӣ мегарданд, мушкилоти фарогирии кӯдакони синни шашсола ба таҳсилот асосан аз байн меравад, барои ҷорӣ намудани таҳсилоти равиявӣ ва касбӣ имконияти бештар фароҳам овардаву хонандагон пурра ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 11-12) фаро гирифта мешаванд.
— Ташаккур барои суҳбат.
— Саломат бошед.
Мусоҳиб
Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий