Ҳайати эҷодӣ

Сайфиддин Муродов

Котиби масъул

225-81-55

Саида НАБИЗОДА

Саида НАБИЗОДА

Муҳаррири шуъба

225-82-23

Набизода Саида Фазл 13 декабри соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 дар мактаби  миёнаи №16 – и ноҳияи Ҳамадонӣ таҳсил карда, факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОК ба номи А.Рӯдакиро соли 1988 ба итмом расонид.

Фаъолияти меҳнатиаш асосан ба се қисм ҷудо мешавад: омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ ва илмӣ. Баъди хатми донишкада дар мактаби миёнаи №1-и ноҳия, аз соли 1996 то соли 2003 дар мактаби миёнаи рақами 16 чун омӯзгори ихтисосманд фаъолият кард. Соли 2002 дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» шарафи омӯзгорони вилояти Хатлонро ҳимоя намуд. Соли 2003 тибқи як лоиҳа дар ташкилоти башардӯстонаи «Миссияи Шарқ» фаъолият кард. Аз моҳи январи соли 2005 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мактабҳо, аз соли 2011 то 2019 дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба ҳайси сармуҳаррир ва аз феврали соли 2019 инҷониб дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ба ҳайси сармуҳаррир  фаъолият дорад.

Иштирокдори даври ҷумҳуриявии озмуни «Муаллими сол» (2002) буда, аз соли 2006 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳаст, солҳои 2005-2008 дар гурӯҳи коршиносони Вазорати маориф ва илм (таълифу таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ), соли 2008 дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Мактаб ва ҷомеа» фаъолият карда, дар ташкили маҷаллаи «Маорифи Душанбе» аз соли 2019 нақши асосӣ дорад.   

Муаллифи бештар аз 200 мақолаву гузориш, мусоҳиба ва лавҳа, созмондеҳи суҳбатҳои ихтисосӣ, баҳсҳои илмиву таълимӣ, конфронс, мизҳои мудаввар, сомонаи нашрияҳои соҳавӣ. Дар давоми фаъолият маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» соҳиби рақами силсилавии стандарти байналмилалӣ – ISSN (2306-4293), сомонаи махсус ва саҳифаи иҷтимоии худ гардид. Имрӯз маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ҳам соҳиби сомона ва саҳифаи гурӯҳӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гардидааст, узви ҳайати мушовараи маҷаллаи “Маорифи Душанбе” мебошад.

Дар мавзӯи проблемавии «Асосҳои назариявии ташаккули маданияти нутқи хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикии синфи 8-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳқиқоти илмӣ дорад, муаллифи китоби дарсӣ ва дастурҳои методӣ, муҳаррири китобҳои илмиву дарсист. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 5, чор нашр; 5 Раҳнамои таълимӣ барои омӯзгорони забони тоҷикӣ; муҳаррир, мураттиб, мусаҳҳеҳ, муқарризи чандин китоби дарсиву дастурҳои методиву таълимӣ аст. Инчунин, дар таълифи Дастури методӣ барои таълими фанни забони модарӣ (синфи 5), «Замимаи китоби дарсӣ» (барои синфҳои 5,6,7,8,10), таҳия ва таҳрири китобчаи «Байтбарак», якчанд китоби дарсӣ, бадеӣ, илмӣ-методӣ, аз ҷумла, таҳриру тасҳеҳи китобҳои «Алифбо», «Асосҳои иқтисодиёт» (синфи 11), «Маърифати молиявӣ» ва чандин дастури методӣ саҳм дорад; соли 2016 маҷмӯаи мақолаҳояш бо номи «Пайкори афкор» дар ҳаҷми 320 саҳ. бо тамғаи нашриёти «Адиб» ба дасти хонандагон расид. Меҳнаташ бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (с.2002, 2009, 2018), Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ (2016, 2017,2018), нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002), «Аълочии фарҳанги ҶТ» (2007), «Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ» (2018), медали «Хизмати шоиста» (2018) ва  «100-солагии матбуоти тоҷик»  (2018) қадр ёфтааст.

Соҳиби ду фарзанд аст.

Шодӣ РАҶАБЗОД

Шодӣ РАҶАБЗОД

Муҳаррири шуъбаи муасссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

225-81-55

20 июли соли 1964 дар деҳаи Моинкаҷи Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи  Рӯдакӣ таваллуд  шудааст. Мактаби миёнаи деҳаро соли 1981 хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  (қаблан УДТ ба номи В.И.Ленин) дохил гардида, онро соли 1986 ба поён расондааст. Солҳои 1986-1990 омӯзгори мактаби №98-и ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Соли 1990 ба сифати афсари тарҷумон дар сафи Неруҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Аз соли 1992 то 2000 ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёнаи №92 (ҳоло №51)-и ноҳияи Рӯдакӣ идомаи фаъолият бинмудааст.

Солҳои 2000-2001 дар ҳафтаномаи «Оила», баъдан боз дар мактаб кор кардааст. Аз соли 2011 то ҳол муҳаррири шуъбаи нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон -«Омӯзгор» мебошад. Муаллифи як силсила мақолаҳои танқидӣ буда, ҳамчунин, ба навиштани қиссаю ҳикоёт машғул аст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, «Аълочии матбуоти Точикистон» буда, бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон , Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони кишвар мукофотонида шудааст.

Муаллифи ду китоб: «Растагорӣ» ва «Ранҷиш». Аз соли 2018 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  мебошад. Моҳи декабри соли 2018 китоби «Растагорӣ»-и Шодӣ Раҷабзод барандаи Ҷоизаи «Китоби сол» гардид.

Оиладор ва соҳиби 8 фарзанд.

Ҳотами ҲОМИД

Ҳотами ҲОМИД

Муҳаррири шуъбаи муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

225-81-55

22- юми январи соли 1966 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филология (гурӯҳи журналистика)-и УДТ ба номи В. И. Ленин (с. 1989, ҳоло ДМТ).

Фаъолияти кориаш ҳанӯз ҳангоми муҳассили соли панҷуми факулта буданаш ҳамчун мудири шуъбаи мактаб ва ҳаёти мактаббачагони газетаи «Пионери Тоҷикистон » (ҳоло «Анбоз») шурӯъ гардидааст.

Солҳои 1990-1995 муаллими забон ва адабиёти  тоҷики мактаби миёнаи рақами 49 (ҳоло 52)-и ноҳияи Рӯдакӣ буд. Минбаъд як муддат ба ҳайси наттоқи Радиои Тоҷикистон  кор кард.  Аз соли 1997 то охири январи соли 2013 мухбири махсуси ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Чархи гардун», масъули саҳифаҳои тоҷикии ҳафтаномаи бачагонаи «Аладдин» буд. Ҳамзамон, аз соли 2000 то соли 2005-ум дар вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анӯшервон» фаъолият намудааст.

Навиштаҳояш бештар мавзӯъҳои маориф, фарҳанг, илм, санъат, иҷтимоиётро дар бар гирифтаанд. Ғолиби чандин озмунҳои соҳавӣ буда, дар инъикоси мавзӯъҳои номбаршуда маҳорати касбӣ нишон додааст.

Аз 2-юми феврали соли 2013 муҳаррири шуъбаи мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва касбии нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад.

Нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон » (с. 1997), «Аълочии  матбуоти Тоҷикистон » (с. 2000), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон »  (с. 2002) – ро дорад. Бо ифтихорномаҳои вазоратҳои маориф, фарҳанг, корҳои дохилии Тоҷикистон , Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон , медалҳои ҷашнии «75 – солагии РБДА ВКД ҶТ», «100 – солагии матбуоти тоҷик» қадрдонӣ шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  (с. 2011) бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст. Лауреати мукофоти ИЖ Тоҷикистон  ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  (с. 2017).

Ҳотами Ҳомид узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  (с. 1997), Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон  (с. 2007 ) мебошад. ӯ муаллифи чор маҷмӯаи насрист: «Марди нексиришт» (с. 2009, Душанбе), «Набардозмуда» (с. 2010, Москва), «Дасти одам – гул» (с. 2013, Душанбе), «Барги андеша» (с. 2017, Душанбе).

 Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Нуъмон РАҶАБЗОД

Нуъмон РАҶАБЗОД

Мухбири минтақавии нашрияи «Омӯзгор» дар вилояти Суғд

-

Неъмат НЕЪМАТОВ

Неъмат НЕЪМАТОВ

Мухбири минтақавии нашрияи «Омӯзгор» дар вилояти Суғд

-

Ҷонибек ҚОЗИБЕКОВ

Ҷонибек ҚОЗИБЕКОВ

Мухбири минтақавии нашрияи «Омӯзгор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

-

Шариф АБДУЛҲАМИДОВ

Шариф АБДУЛҲАМИДОВ

Мухбири минтақавии нашрияи «Омӯзгор» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

-

Суҳроб АЗИЗОВ

Суҳроб АЗИЗОВ

Мухбири минтақавии нашрияи «Омӯзгор» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон

-