САРМУҲАРРИР
ДИЛАФРӮЗ ҚУРБОНЗОДА
ҶОНИШИНИ САРМУҲАРРИР
Абдурауф Муродӣ 1 апрели соли 1961 дар деҳаи Хўҷапанҷи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Таҳсил дар мактаби деҳаро бомуваффақият ба итмом расонда, баъдан омўзишгоҳи омўзгории Панҷакент (1981) ва факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро (1985) бо дипломи аъло хатм кардааст.
Дар шаҳри Роғун ба сифати омўзгори мактаби миёна ва ҷонишини сармуҳаррири нашрияи “Нурафшон” оғози фаъолият намудааст. Солҳои 1992-2001 дар Панҷакент омўзгори гимназия, мушовири шуъбаи маориф ва раиси бахши Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст. Дар кори таъсис ва нашри маҷаллаҳои “Дайри муғон” ва “Сомониён” (нашрияҳои ҳукумати шаҳри Панҷакент) фаъолона ширкат варзида, соле чанд дар вазифаи ҷонишини сармуҳаррири ин маҷаллаҳо кор кардааст. Аз соли 2002 ҷонишини сармуҳаррири нашрияи “Омўзгор”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз овони донишҷўӣ ба эҷоди бадеӣ машғул шудааст ва навиштаҳояш пайваста тавассути маҷаллаву рўзномаҳо ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои “Дили гарм” (ҳикояҳо, 1997), “Мўйлаб” (ашъори хаҷвӣ), “Ҷасорат” (қиссаи ҳуҷҷатӣ), “Аз нешханд то нўшханд” (ҳаҷвияҳо, 1999), “Лутфи Худованд” (назму наср, 2000), “Шукуфти ғунчаи лабҳо” (ҳикояҳои ҳаҷвӣ, 2006), “Анори дона-дона” (2005), “Чошнӣ” (ашъори ҳаҷвӣ, 2009), “Ман ошиқи Наврўзам”, “Паҳнои меҳр”, “Дарункўб” (2012), “Бархез, баҳор омад” (2017), “Пайкори мўрон”, “Гулбарги андеша” (2019) ва қиссаи ҳаҷвии “Ману занам” мебошад. Силсилаи бардавоми навиштаҳои ҳаҷвии ў “Анори дона-дона” аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм ёфтаанд.
Китоби “Биё, то қадри якдигар бидонем!” (2009) сафарнома буда, бо сабки хосу ҷолибе нигориш ёфтааст. Китобҳои “Дилнавоз”, “Посдори ҳақиқат”, “Дар шоҳроҳи хирад” ва “Анҷумани дўстон”-аш аз кору пайкори бархе аз ҳамдиёрони маъруфамон ҳикоят мекунанд. Мақолаҳои илмию методии ў дар китобҳои “Дурахши вожаҳо”, “Ҷашнномаи мактаб” ва “Паёми мушовир” гирд оварда шудаанд. Як силсила ашъори ҷавоншоирони ўзбекзабони Тоҷикистонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Намунаҳое чанд аз эҷодиёташ ба забонҳои русиву ўзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби “Як танўр кулча”-аш соли 2013 ва китоби “Пайкори мўрон”-аш соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ “Китоби сол” эътироф шудааст. Намунаҳо аз навиштаҳояш дар китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” (барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ) ва дар чанде аз дастурҳои таълимӣ оварда шудаанд.
Дорандаи нишонҳои “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, барандаи Ҷоизаи Ҷамъияти умумииттифоқии “Знание”, Ҷоизаи ИЖ Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва нишони “Сухан” мебошад.
Барои китоби эпиграммаҳои ҳаҷвии “Пайкори мўрон” соли 2019 барандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ гардидааст.
Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва соли 2004 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.