ҶОВИДОН БОДО ЗАБОНИ ТОҶИКОН!

Яке аз масъалаҳое, ки ҳамеша боиси нигаронии аҳли маънӣ мешавад, асолати забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он аст. Дар замони истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ мақому мартабаи худро аз ҳар нигоҳ устувор гардонид.

Ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба мақоми давлатӣ нишондани забони тоҷикӣ, нигоҳ доштани табиати аслии забон, аз нигоҳи луғавӣ пок кардани таркиби забон, баргардондани номҳои маҳаллу минтақаҳои гуногун аз калимаҳои ғайр ба забони тоҷикӣ, номгузории тоҷикӣ ва садҳо масоили ба ин монанд дар асл, бесобиқаанд ва ин сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами моро нишон медиҳад. Ба вижа таълифи китоби пурарзиши «Забони миллат- ҳастии миллат» дар роҳи шинохти таърихи таҳаввул ва ташаккули забони тоҷикӣ беназир аст.

Дар ду ҷилди ин китоби пурарзиш муаллиф таърихи чандинҳазорсолаи таҳаввули забонро бо забони содаву фасеҳ ва сабки илмию оммавӣ барои дӯстдорони забони ноби тоҷикӣ, таърих ва адабу фарҳанг пешкаш кардааст.

Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забон ҳунарманди маъруфи тоҷик Ибодулло Машраб бо ҷазбаи илҳом аз асари «Забони миллат — ҳасти миллат»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишномаи «Пайкари миллат»-ро навишт ва ин намоишномаро коргардони маъруф Давлаталӣ Убайдуллозода ба саҳна гузошт, ки аз ҷониби аҳли маънӣ ва тамошобинони соҳибзавқ хуб пазируфта шуд.

Тавре аз таърих медонем, Саффориён (873-899) ва Сомониён (899-(999) забонро ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар муқобили араб барои расидан ба истиқлол истифода карда, бори аввал дар Хуросону Мовароуннаҳр дирафши истиқлолро баланд карда, сулолаву салтанатҳои бузургеро аз хонадонҳои наҷиби маҳаллӣ бунёд намуданд. «Амирони ватанпарасту донишпарвари сомонӣ барои эҳёи мероси фарҳангии пешазисломии худ низ кӯшишҳо карда, осори таърихию бадеӣ ва диниву ахлоқии муаллифони худӣ ва бегонаи асри хешро аз забони арабӣ тарҷума карда, ҳатто талош варзидаанд, Қуръони маҷидро ба тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) баргардонанд». (Забони миллат- ҳастии миллат», саҳ. 14)

Дар намоишнома Исмоили Сомонӣ барои ҳалли масъала гурӯҳеро аз ҳисоби мутафаккирону донишмандон даъват менамояд. Дар ин гурӯҳ, Абулфазли Балъамӣ, Абуабдуллоҳи Ҷайҳонӣ, Холиди Бармакӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Низомулмулки Тӯсӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шомиланд. Қабл аз арзи матлаб шоҳи Сомонӣ таъкид менамояд, ки ин машварат комилан махфӣ бимонад. Махфӣ нигоҳ доштани ҳадафи пешгирифта, аз он хотир аст, ки хилофати Бағдод метавонад мисли Саффориён давлати Сомониёнро ҳам несту нобуд намояд. Аз ин рӯ, барои расидан ба мақсад ҳушёрии сиёсӣ лозим буд.

Шоҳ аз ҳозирин барои нигоҳ доштани арзишҳои таърихию миллӣ маслиҳат мепурсад. Балъамӣ мегӯяд, ки пеш аз ҳама, мо, бояд китоби муқаддаси «Авасто»-ро тарҷума намоем, то мардум сарчашмаи маънавию фарҳангии худро бидонанд.

Эпиграфи китоби «Забони миллат-ҳастии миллат», яъне «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад» ҳамчун роҳнамои намоишнома аз ибтидо то охир нақши калидиро мебозад.

Қисмати охири намоишнома ғалабаи Инқилоби Октябр ва барпошавии ҷомеаи Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистону талошҳои устод Айнӣ барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, покиза нигоҳ доштани забон, бедор намудани ҳиссии худшиносии миллӣ ва хидматҳои устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров дар ин ҷодаро барои бинанда пешкаш менамояд.

Пас аз намоиши ин саҳна Исмоили Сомонӣ бори охир пайдо мешавад ва пораҳое аз шеъри «Пас аз мо»-ро мехонад.

Пас аз қироати шеър Исмоили Сомонӣ аз нав ба муҷассама мубаддал мешавад ва ба саҳна Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозир мешавад ва чун дар оғози намоиш назди муҷассама таъзим карда, рӯ ҷониби тамошобинон карда, андешаву маромашро дар бораи забон ва моҳияти таърихии он баён менамояд.

Бо садо додани порае аз шеър намоишнома анҷом меёбад.

Муҳтавои «Пайкари миллат» гувоҳи ин нукта аст, ки Ибодулло Машраб барои ҳосил кардани ғояи намоишнома китоби «Забони миллат- ҳастии миллат»-ро хуб аз бар кардааст. Чунин бардошти азим аз китоб ба касе муяссар мегардад, ки ӯ ба умқи ғояи асар сар фурӯ бурда бошад. Дониши амиқ боиси рангинии саҳнаи хаёли драматург шудааст. Дар намоишнома бештари шеърҳо аз ашъори устод Бозор Собир интихоб гардидаанд, ҳамчунин, шеърҳои Низом Қосим ва Ибодулло Машраб садо медиҳанд, ки ҳама саршори ғояҳои ватандӯстӣ ва эҳтиром ба забону миллатанд. Интихоби шеърҳо аз завқи баланди Ибодулло Машраб дар шинохти каломи бадеъ гувоҳӣ медиҳанд. Забони мувофиқи ҳол офаридан дигар аз фазилатҳои драматург ба ҳисоб меравад. Чун мавзуи намоишнома гиромидошти забон аст, муаллифи намоишномаҳо лозим аст, ки ба ҷанбаи луғавии забони персонажҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Чунончи, вақте Зардушт суҳбат мекунад, ягон калимаи арабӣ аз забонаш ҷорӣ намешавад. Агар драматург дониши казоии забонӣ намедошт, ба чунин комёбӣ ноил намешуд. Дар намоишномаи «Пайкари миллат» Ибодулло Машраб ҳам нақши Исмоили Сомонӣ, ҳам Зардушту Имоми Аъзамро бозидааст, ки ҳар кадом нақш дар мавқеи худ нотакроранд. Дар бораи ҳунару мартабаи эҷодӣ ва фазилатҳои Ибодулло Машраб дар ин мухтасар зиёд таваққуф намекунем.

Иҷрои нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Абдукарим Машраб ҳам хеле барҷаста баромадааст. Қаду қомати зебо, овози бурро ва симои дилкаши ин ҳунарманд нақшро хотирмон кардааст. Нақши Курӯшро ҳам Абдукарим Машраб бозидааст.

Ҳунари коргардонии Давлаталӣ Убайдуллозода боис гардидааст, ки намоишнома ҷаззобу хотирмон барояд. Ӯ аз зумраи ҳунармандонест, ки на танҳо коргардони моҳиру ҳунарпешаи забардаст, балки донишманди тавонони соҳаи адабиёт низ ҳаст. Камина аз китобхонаи ӯ, ки ганҷинаи бебаҳоро мемонад, зиёд истифода кардаам. Бисёре аз донишмандони соҳаи филология донишу маърифатеро, ки Давлаталӣ дар шинохти адабиёту ирфон дорад, соҳиб нестанд. Шеваи зиндагии ӯ орифона аст. Дар шинохти «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ фазилатҳое дорад, ки на ҳар адабиётшинос бо ӯ баробар шуда метавонад. Маҳз ҳамин фазилатҳои маънавӣ боис гаштааст, ки коргардон чунин намоишномаи маънавию маърифатиро рӯи саҳнаи театр ҷилвагар созад, ки дар ин ҷода ба хубӣ муваффақ ҳам гаштааст.

Д.Убайдуллозода коргардони Муассисаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ аст. Ӯ пас аз хатми риштаи актёрии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (1976) ва ЛГИТМиК-и шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт Петербург, 1986) фаъолияти ҳунарии худро дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз намудааст.

Аз муҳимтарин нақшҳои офаридаи ӯ дар театр нақшҳои Терентий дар намоиши “Бозиҳои бераҳмона”-и А. Арбузов (Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 1978), Дато Хавтаси дар намоиши “Вақте ки шаҳр хуфта буд”-и Т. Чхеидзе (Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 1979), Девона дар намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” (Театри таҷрибавии “Аҳорун”, 1991, барандаи ҷоизаи беҳтарин нақши мардона дар Ҷашнвораозмуни “Наврӯз” миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон – Тошканд, 1993), Садриддин Айнӣ дар намоиши “Пайкари миллат”-и И.Машраб (Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 2021) мебошанд.

Дар тӯли фаъолияти коргардонӣ мавсуф ҳудуди 50 намоиши драмавиро рӯи саҳнаҳои дохил ва хориҷи кишвар (дар театрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара, Конибодом, Бишкек) овардааст.

Коргардон Д. Убайдуллозода ҳамчунин, дар солҳои истиқлоли кишвар дар барномаҳои ҷашнию фарҳангии сатҳҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ва озмунҳои ҳунарии дохилию хориҷӣ ҳузур ва иштироки фаъол дошт ва дорад.

Намоишномаи “Пайкари миллат” ҳунари олии коргардонии Давлаталӣ Убайдуллозодаро нишон медиҳад ва ин намоишномаро метавон аз шоҳкориҳои коргардонони тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ ном бурд. Дар ин намоишнома коргардон, ҳамчунин, нақши устод Айниро хеле барҷаста бозӣ кардааст. Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудани ин намоишнома аз ҳар ҷиҳат арзанда ва қобили дастгирист.

Б.БОБОПУР,
адабиётшинос