НАТИҶАҲО ҚОНЕЪКУНАНДААНД

Дар муассисаҳои таълимии кишварамон аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм бо маром идома ёфта истодааст. Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни аттестатсияи хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дидан намудем. Дар муассисаи таълимии №11 директораш (С. Шомуродов) хонандагони синфи 11 (б, в) аз фанни химия (тест) ва хонандагони синфи 11а, ки аз рӯйи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ таҳсил мекунанд, аз фанни забони хориҷӣ (шифоҳӣ) имтиҳонро дар соати 8 оғоз намуданд. Маводи имтиҳонотӣ пурра таъмин буд. Дар синфҳои 4 (а, б, в, г) имтиҳони гузараш аз фанни забони модарӣ (диктант) идома дошт. Тавре ки директори муассисаи таълимии №40-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб Г. Одинаева иброз дошт, имсол омодагии хонандагон ба аттестатсия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда буд. Аз 87 нафар хонандаи синфҳои 9 (а, б, в) аз фанни адабиёт (эссе) (муаллимаш Ш. Хоҷаназарова) баҳои «5» 13 нафар, 33 нафар баҳои «4» ва 41 нафар баҳои «3» гирифтанд. Дар синфи 11б аз фанни таърих (тест) (муаллимаш Г. Заробова) чунин аст: аз 22 нафар хатмкунандаи синфи 11а, 10 нафар баҳои «5» 12 нафар баҳои «4» ва 10 нафар баҳои «3» гирифтанд, ки натиҷаи қаноатбахш мебошад. Дар муассисаи таълимии №52–и шаҳр (директораш Р. Абдуллозода) натиҷаи имтиҳони хатм дар синфҳои 11 (а, б, в,) аз фанни химия (тест) чунин аст: аз 94 нафар хонанда 17 нафар баҳои «5», 30 нафар баҳои «4» ва 47 нафар баҳои «3» гирифтанд. Дар синфҳои 9 (а, б, в, г) аз фанни адабиёт (эссе) раиси комиссияи аттестатсионӣ: Г. Қурбонназарова, муаллими аттестатсиягиранда Ҳ. Бобоева ва ёвар К. Бобоева буданд. Натиҷаи аттестатсия чунин аст: аз 116 нафар хонанда 20 нафар баҳои «5», 31 нафар баҳои «4» ва 65 нафар баҳои «3» гирифтанд. Баъдан ҷараёни аттестатсияро дар муассисаи таълимии №51-и шаҳр, директораш (Н. Ҳақназаров) ба мушоҳида гирифтем.  Натиҷаи аттестатсияи хатм аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар синфҳои 11 (а, в) аз фанни таърихи халқи тоҷик (тест) чунин аст: аз 51 нафар хонанда 7 нафар баҳои «5», 30 нафар баҳои «4» ва 30 нафар баҳои «3» гирифтанд. Дар синфҳои 9 (а, б, в) аз фанни адабиёт (эссе) аз 82 нафар хонанда 13 нафар баҳои «5», 33 нафар баҳои «4» ва 36 нафар баҳои «3» гирифтанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»