39 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалии «IQFISO» ба хонандагони мактабҳои вилояти Суғд муяссар гардид, ки 39 медали тилло, нуқра ва биринҷиро дар ин олимпиада ба даст оваранд.

28 майи соли ҷорӣ олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» тариқи фосилавӣ аз фанни мантиқ баргузор гардида, аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагон расман эълон гардид.

Дар озмуни мазкур 1271 нафар хонанда аз 20 давлати дунё иштирок намудаанд. Дар ин олимпиада 71 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят – мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 категорияи синнусолӣ иштирок намуданд. Хонандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон 35 медал, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, 3 медал ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 медал ба даст оварданд.